Главная / Ҷамъият / НАМУДҲОИ НАМОЗ

НАМУДҲОИ НАМОЗ

namudhoi_namoz

А) НАМОЗҲОИ ФАРЗ:

1. Се намуди намозхои фарз:

а)  Намози Бомдод: 4 ракъат мебошад. 2 ракъат суннат ва 2 ракъат фарз. Аввал намози суннат хонда мешавад ва сипас намози фарз.

б)  Зуҳр (Пешин): 10 ракъат мебошад. 4 ракъат суннат, сипас 4 ракъат фарз ва дар охир 2 ракъат суннат хонда мешавад.

в)  Намози Аср: 4 ракъат мебошад. 4 ракъат фарз хонда мешавад.

г.)  Намози Шом: 5 ракъат мебошад. Аввал се ракъат фарз ва сипас 2 ракъат суннат хонда мешавад.

д)  Намози Хуфтан (Ишо): 9 ракъат мебошад. Аввал 4 ракъат фарз, сипас 2 ракъат суннат хонда мешавад. Баъди намози хуфтан 3 ракъат намози Витр хонда мешавад. Ин намози воҷиб аст.

rakathoi_namoz

2. НАМОЗИ ҶУМЪА: Рӯзи чумъа ба ҶОИ намози пешин хонда мешавад.

3. НАМОЗИ ҶАНОЗА: Аз дуо ва ИЛТИҶО барои мусулмони фавтида иборат

namozi_farz

б) Намозҳои воҷиб:

1) Намозҳои ҳар ду ид: Намозҳои ҳар ду ид   аз 2 ракъат иборат буда бо джамоат барпо карда мешавад;

2) Намози витр: Ин намоз 3 ракъат буда пас аз намози хуфтан гузошта мешавад. Хондани қазоии намози витр низ вочиб аст.

В. Намозхои суннат  – Намозҳое, ки Расулуллоҳ (с) илова ба намозҳои фарз ва воҷиб хондааст.

Вобаста ба алоқамандӣ бо намозҳои фарз, ин намуди намоз ба ду ҚИСМ чудо мешавад:

  1. Бо намозҳои фарз алоқаманд

Ин намозҳо қабл ва баъд аз фарз хонда мешаванд.

а)      Намози суннати намозҳои панҷвақта:

Ин намозхои суннат қабл ва баъд аз фарз хонда мешаванд. (Масалан, суннати намози бомдод).

б)   Намозҳои суннати намози ҷумъа:

Ин намозҳо қабл ва пас аз фарзи

намози ҷумъа хонда мешаванд. (суннати аввал ва охири намози ҷумъа).

  1. Бо намозхои фарз алоқаманд набуда.

Ин намозҳо суннатҳои аввал ва охири ягон намози фарз набуда, балки ҷудо мебошанд. Намунаҳои намозе, ки Расулуллоҳ (с) хондааст:

а)   Намози Таровиҳ. Намози суннат, ки аз бист ракъат иборат мебошад ва дар моҳи Рамазон баъди намози хуфтан то намози витр хонда мешавад.

б)   Намози Таҳаҷҷуд. Намозе мебошад, ки аз ду то дувоздаҳ ракъат дорад ва пас аз намози хуфтан то субҳ хонда мешавад.

в)   Намози Зуҳо. Намозе мебошад, ки аз ду то дувоздаҳ ракъат дорад ва як соат пас аз баромадани офтоб ва як соат пас аз ғуруби офтоб хонда мешавад.

г)   Намози Аввобин. Намозе мебошад, ки аз ду то шаш ракаъат дорад ва пас аз намози хуфтан хонда мешавад.

д)   Намози Таҳияи масҷид. Намози ду ракъатае мебошад, ки пас аз ба масчид даромадан ва пеш аз нишастан хонда мешавад.

namozi_sunnat

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …