Главная / Гуногун / Намудҳои фаъолияте, ки аз андозбандӣ озод карда шудаанд

Намудҳои фаъолияте, ки аз андозбандӣ озод карда шудаанд

Кадом намудҳои фаъолият аз андозбандӣ озод карда шудааст дар Тоҷикистон?

Ба намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки дар Номгӯй дарҷ гардидаанд, шаҳодатномаи соҳибкори инфироди дода намешавад, ба истиснои:

  • дар банди 10 Номгӯй бо хоҳиши соҳибкори инфироди дар нуқтаи статсионарии савдо то 20 м2 ба ивази патент шаҳодатномаи соҳибкори инфироди дода мешавад.
  • дар банди 13 Номгуй дар ҳолати аз 4 м зиёд гардидани растаи савдо шаҳодатномаи соҳибкори инфироди дода мешавад.

Андозаи пардохти патент барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба андозаи дукаратаи пардохт барои патент аз рӯи ҳамон намуди фаъолиятҳо, ки онҳо истифода мебаранд, амалӣ карда мешавад.

Фаъолият оид ба фурӯши гиёҳҳои худрӯйи шифобахш, дӯғоб, ғулингоб, чой ва донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, хизматрасонии телефони кӯчагӣ, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда) ва қабрканҳо (гӯрканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ), дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ ва наққошӣ) мавриди андозбандӣ қарор намегирад ва барои амалӣ намудани он патент талаб карда намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 45) .

Асос: ҚАРОРИ Хукумати Ҷумхурии Тоҷикисгон № 451 аз 31 августи соли 2012,
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …