Главная / Ҷамъият / Намози мусофир

Намози мусофир

Ҳар ки нияти сафаре намуд, ки дарозии он бештар аз 90 километр (ё роҳи пиёдагардии он дарозиаш бештар аз 18 соат ё бештар аз 3 рўз пиёда гардад) бошад ва аз ҳудуди ҷои истиқоматаш берун равад, ўро мусофир гуфта мешавад.

safar-300x189Ҳангоми дар ҷои нав 15 шабонарўз ва бештар аз он будан ин шахс мусофир гуфта намешавад. Агар ў ният дошта бошад, ки дар ҳамон рўз ё рўзи дигар роҳро идома диҳад, пас ў мусофир ҳисобида мешавад, ҳатто агар ниятҳои ба ин монандро дар муддати даҳ сол таҷдид кардан гирад.

Барои мусофир ба ҷои 4 ракъат намози фарз 2 ракъат гузоридан муқаррар шудааст. Намозҳои фарзе, ки аз 3 ва 2 ракъат иборатанд, қаср намешаванд. Агар мусофир дар роҳ ҷои муносиб ёбад, ў метавонад намозҳои суннатро низ адо намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …