Главная / Ҷамъият / НАМОЗИ ҶУМЪА

НАМОЗИ ҶУМЪА

Рӯзи ҷумъа барои мусалмонон рӯзи муборак мебошад. Дар ин рӯзи сайид мардон таҳорат намуда, либосҳои зебо пӯшида ба сӯи масҷид равон мешаванд. Дар ин рӯз бародарони ҳамдин ҷамъ мегарданд ва намози ҷумъаро бо ҷамоат мегузоранд. Намози ҷумъа аз чанд ракъат иборат аст ва дар кадом вақт гузошта мешавад?

Дини мубини Ислом ба мусалмонон таълим медиҳад, ки чун вақти намоз фаро расад, ҳамаи корҳоро як тараф гузошта, аз паи ба Ҷ0 овардани намоз бошанд. Барои барпо намудани намози ҷумъа имом ва ақалан ҷамоати на камтар аз се нафар лозим аст.

Ин намоз аз 10 ракъат иборат буда, дар рӯзи чуъма, дар вақти намози пешин барпо гардида, онро иваз мекунад. Шахсони намози чумъаро бо сабабе тарк намуда, баъди анҷоми намози ҷумъа ба ҷои он намози пешинро мехонанд. Намози ҷумъа танҳо бо ҷамоат хонда мешавад.

namoz

Барои кӣ намози ҷумъа фарз мебошад?

Намози ҷумъа барои мардони солим ва ба синни балоғат расида фарз мебошад. Барои кӣ намози ҷумъа фарз нест?

Намози ҷумъа барои занон, бачаҳо, беморон ва парасторони беморон, мусофирон, дар озодй набудагон ва маъюбон (шал, кӯр) фарз нест. Агар ин одамон ба ҳар ҳол ин намозро гузорад, намози онҳо қабул гардида, ҳисобида шуда, намози пешин аз зимаи онҳо С0ҚИТ мегардад.

namozi_juma

Шароити ба Ҷ0 овардани намози чумъа:

  1. Дар вақти намози пешин гузошта шавад.
  2. Пеш аз барпо гардидани намоз хутба хонда мешавад.
  3. Ҷое, ки намози ҷумъа барпо мешавад, бояд барои ҳама дастрас бошад.
  4. Ба ғайр аз имом на камтар се нафар мард, бояд ҳозир бошанд.
  5. Бояд, ки имом аз роҳбарияти динии мусалмонони ин маҳал иҷозати гузаронидани намози ҷумъаро дошта бошад.

Намози ҷумъаро МО чи Гуна барпо медорем?

  • Баъди азони вақти намози пешини рӯзи ҷумъа аввал 4 ракъат намози суннат гузошта мешавад.
  • Ин намоз чун намози суннати пеш аз намози фарзи пешин хонда мешавад.
  • Баъд имом барои хондани хутба ба минбар мебарояд.
  • Сипас азони дуюм хонда (дода) мешавад.
  • Баъд аз он имом аз ҷОЙ хеста, рост истода худба мехонад.Ҷамоат ором нишаста хутбаро гӯш мекунанд, ки хондан ва шунидани он фарз мебошад.
  • Баъди анҷоми хутба иқомат хонда шуда намози ҷумъа шурӯъ мегардад. Ҷамоат аз паси сари имом ният карда, ду ракъат намози фарзи ҷумъаро мехонад. Баъди фарз 4 ракъат намози суннати ҷумъа, ки чун суннати намози пеш аз пешин гузошта мешавад, хонда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …