Главная / Ҷамъият / НАМОЗҲОЕ, КИ БА НАМОЗҲОИ ҲАРРЎЗА МАНСУБ НЕСТАНД

НАМОЗҲОЕ, КИ БА НАМОЗҲОИ ҲАРРЎЗА МАНСУБ НЕСТАНД

Намози Одина – Ҷумъа: вақти гузоридани он вақти намози нисфирўзӣ аст. Ҳамагӣ 10 ракъат аст. Дар он ба ҷои 4 ракъат намози нисфирўзӣ 2 ракъат бо ҷамоат гузорида мешавад.

Бо фаро расидани вақти намоз 4 ракъат суннат, сипас баъди хутба 2 ракъат бо ҷамоат ва дар анҷом 4 ракъат суннат гузоридан зарур аст.

Баъди намози ҷумъа инчунин гузоридани 2 ракъат намози суннати вақт писандида аст.

Намози Ҷумъа барои шахсони зерин фарз аст:

  • – Мардон. Барои занон ин намоз фарз нест.
  • – Шахсони дар озодӣ буда.
  • – Шахсони дар сафар набуда.
  • – Тандурустон.
  • – Биноён.
  • – Касоне, ки барои ба намоз ҳозир шудан монеае надоранд.

Шартҳои баргузории намози Ҷумъа:

Шартҳои муайяне вуҷуд доранд, ки бо иҷро намудани онҳо адо намудани намози Ҷумъа дуруст мегардад:

  1. Гузоридани намози Ҷумъа дар вақти намози нисфирўзӣ.
  2. Пеш аз намоз хутба хондан.
  3. Ҷои намозгузорӣ бояд барои ҳамаи хоҳишмандон дастрас бошад.
  4. Ҳозир будани миқдори на камтар аз 3 нафар мардон, ба ғайр аз имом. Ба ақидаи имом Абўюсуф гурўҳи иборат аз ду мард басанда аст.
  5. Иҷозати муфтӣ барои гузоридани намози Ҷумъа.
  6. Ҷои гузоридани намози Ҷумъа бояд дар шаҳр ё дар маҳалле баробар ба он воқеъ бошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …