Главная / Гуногун / НАМОЗИ ҶАНОЗА

НАМОЗИ ҶАНОЗА

Намози ҷаноза дар ҳақиқат дуост барои майит дар пешгоҳи  Арҳаму-р-роҳимин.

Шартҳои намози ҷаноза ҳамон шартҳои намоз аст ва илова бар ин агар хабари марг расида бошад. Агар касе аз барпо шудани намози ҷаноза хабар наёфт, пас ӯ маъзур аст ва бар ӯ намози ҷаноза воҷиб нест.

Барои сиҳҳати намози ҷаноза ду шарт аст. Яке тааллуқ ба намозгузор ва дигаре тааллуқ бар майит дорад.

Шартҳои намози ҷаноза барои намозгузорон.

Аввал: Таҳорат. Дуввум: Сатри аврат. Саввум: Истиқболи қибла. Чаҳорум: Ният.

Шартҳои намози ҷаноза барои майит.

Аввал: Майит бояд мусалмон бошад, агарчи фосиқ ҳам бошад. Албатта, бар дузду ёғӣ, ки дар ҳолати ҷанг ва зудухӯрд бо сарбозони ислом кушта бошанд, ҳамчунин барои қотили падару модар намози ҷаноза хонда намешавад.

janoza-namoz

Агар падару модари бачаи фавтида мусалмон ҳастанд, пас бар он бача намоз хонда шавад.

Майит иборат аз касе аст, ки зинда бошад ва бимирад, агар мурда ба дунё биёмад, майит нест ва бар ӯ намози ҷаноза ҷоиз нест.

Дуввум: Бадан ва кафани майит ҳаз наҷосати хақиқиву ҳукмия бояд пок бошад. Албатта, агар наҷосати ҳақиқия аз худи майит берун омада бошад ва дур кардани он боиси нороҳатии мардум аст, пас намози ҷаноза ҷоиз аст.

Агар майит аз наҷосати ҳукми пок набошад, яъне онро ғусл ва ё таяммум надода бошанд, намоз ҷоиз нест. Вале агар бидуни ғусл дафн шуда бошад, бар қабри он намоз ҷоиз аст. Ва агар бидуни ғусл ва ё таяммум намоз хонда дафн кардаанд, пас бояд дигарбора бар қабри ӯ намоз хонда шавад ва намози аввала ҷоиз нест.

Агар бидуни намози ҷаноза дафн шуда бошад, то се шабонарӯз бар қабри он майит намоз хондан ҷоиз аст.

Таҳорати макон барои гузоштани майит шарт нест. Агар замин ва тахтаву тобут касиф[1] бошанд, тавре ки кафан наҷас нашавад ва майитро бар он гузошта намоз хонда шавад, намоз ҷоиз аст.

Саввум. Аврати майит бояд пӯшида бошад ва агар майит комилан бараҳна бошад, намоз ҷоиз нест.

Чаҳорум. Майит дар пеши намозгузорон гузошта шавад. Ва агар дар ақиб бошад, намоз ҷоиз нест.

Панҷум. Майит ва ё он чи майит бар болои он аст, бояд бар замин гузошта шавад, вале агар дар болои дасти мардумон ва ё мошин ва ё ғайри инҳо бошад, намоз ҷоиз нест.

Шашум. Мавҷуд будани майит аст ва агар майит мавҷуд набошад, намози ҷаноза ҷоиз нест.

Дар намози ҷаноза ду чиз фарз аст: Аввал, чаҳор маротиба такбир гуфтан. Дуввум, қиём. Бидуни узр тарки қиём ҷоиз нест. Вале дар ин намоз рукуъу саҷда ва қаъда нест.

Дар намози ҷаноза се чиз суннат аст: Аввал, ҳамди Худои таоло. Дуввум, дуруд бар Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с). Саввум, дуо барои майит.

Ҷамоат дар намози ҷаноза шарт нест ва агар як нафар намози ҷанозаро аз ҷинси мард, зан, болиғ ё сағир бихонад, фарз адо мешавад. Албатта, ин намоз бо ҷамоат беҳтар аст.

Абуҳурайра (раз) гӯяд: Пайғамбар (с) фармуд: «Касе, ки бар ҷанозае ҳозир шавад ва корҳои марбут бар онро анҷом диҳад, то ҷое ки бар майит намози ҷаноза бихонанд, савоби он кас як қирот аст ва касе, ки дар маросими ҷанозае аз аввал ширкат кунад, то ҷое ки майитро ба хок супоранд, савобаш ба андозаи ду қирот аст». Аз Пайғамбар (с) пурсида шуд: «Ду қирот чанд аст?» Фармуд: «Ба андозаи ду кӯҳи бузург аст». (Яъне, касе, ки дар ин маросим то охирин марҳила ширкат кунад, монанди он аст, ки ду кӯҳи бузург дар тарозуи аъмолаш қарор дода шудааст).[2]

Ибни Аббос (раз) аз Пайғамбар (с) ривоят мекунад, ки: «Аввалин чизе ки Худованд баъд аз марг ба бандаи муъмин подош медиҳад, он аст, ки касоне, ки дар ташеъи ҷанозаи ӯ ширкат кардаанд, мавриди афву омурзиш қарор медиҳад».[3]

Тариқаи хондани намози ҷаноза

Тариқи суннати хондани намози ҷаноза ин аст, ки майитро дар пеш гузошта, имом дар муқобили синаи майит истода шавад. Ва ҳама ният кунанд, ки:

Ният кардам бигузорам чаҳор такбири салоти ҷаноза сано мар Худойро, дуруд мар Муҳаммад Мустафоро, савобаш мар ин мутаваффоро. Рӯй овардам ба қибла, қибла ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таоло. Аллоҳу акбар.

Ҳар ду дастро бардошта ба нармии гушҳо расонида баъд поён намуда, дар зери ноф бибандад. Ва баъд аз он ин дуоро бихонад:

Субҳонакаллоҳума ва биҳамдика ва таборака-смука ва таоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрук. Аллоҳу акбар.

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадив-ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳу акбар.

Агар мурда шахси болиғ бошад, хоҳ мард бошад, хоҳ зан ин дуоро бихонад:

Аллоҳумма-ғфирли ҳайино ва майитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фа аҳйиҳҳу ала-л-исломи ва ман таваффайтаҳу минно фа таваффаҳу ала-л-имон. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин. Аллоҳу акбар.

Агар майит писарбачаи хурдсол ва ё шахси девонае бошад, ки дар тамоми умраш ҳушёр нашуда бошад, ин дуоро бихонад:

Аллоҳумма-ҷъалҳу лано фарратав-ва-ҷъалҳу лано аҷрав- ва зухрав-ва-ҷъалҳу лано шофиъав-ва мушаффиъо. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Агар майит духтарбачаи хурдсол бошад, ин дуоро бихонад:

Аллоҳумма-ҷъалҳо лано фарратав-ва-ҷъалҳо лано аҷрав-ва зухрав-ва-ҷъалҳо лано шофиъав-ва мушаффиъо. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

Баъд аз ин дуо такбири чаҳорумро гуфта, бидуни ин ки дастҳоро бардорад, ба ду тараф салом диҳад.

Масъалаҳои намози ҷаноза

Дар хондани дуоҳо ва ғайри онҳо дар намози ҷаноза имом ва иқтидокунандагон баробаранд, фақат ин қадар фарқ дорад, ки имом такбир ва саломро баланд мегӯяду муқтади оҳиста.

Мустаҳаб аст, ки мардум се саф гарданд, агарчи ҳафт нафар бошанд. Як нафар имом, се нафар сафи аввал, ду нафар сафи дуввум ва як нафар сафи саввумро ташкил диҳанд.

Ҳар чизе, ки намозро фосид мекунад, муфсиди намози ҷаноза низ ҳамон аст. Вале дар намози ҷаноза хандаи қаҳқаҳа таҳоратро намешиканад. Ва агар бо зане аз лиҳози саф муқобил шавад (яъне, агар зан дар сафи мардон бошад), фосидкунандаи намози ҷаноза нест, дар сурате, ки ин муқобала дар намози фарз намози мардро фосид мекунад ва низ хандаи қаҳқаҳа дар намози фарз таҳоратро ботил мекунад.

Хондани намози ҷаноза дар масҷиде, ки намозҳои панҷгона ва ҷумъаву идайн хонда мешавад, макрӯҳ аст, чӣ майит дар дохили масҷид бошад ва чӣ дар беруни масҷид.[4] («Хулосату-л-масоил», саҳ. 111).

Таъхир кардани намози ҷаноза барои зиёд шудани ҷамоат макрӯҳ аст.

Хондани намози ҷаноза ба тариқи нишаста бидуни узр макрӯҳ аст.

Агар якчандто ҷаноза бошад, ба ҳар яке алоҳида намози ҷаноза хондан беҳтар аст, вале агар чанд тобутро паҳлӯи ҳам гузошта, бар ҳамаашон як намоз хонда шавад, низ ҷоиз аст.

Агар майитҳо аз аснофи мухталиф (яъне, марду зан ва писару духтари ноболиғ бошанд) бошанд, аввал мардҳо, дуввум писарҳо, саввум занҳо ва чаҳорум духтарҳо гузошта шаванд.

Агар касе баъд аз ин, ки имом чанд такбирро гуфтааст, бирасид, фавран такбир нагӯяд, балки интизорӣ бикашад, то он замоне ки имом такбири сониро бигӯяд, ӯ низ такбир бигӯяд ва дохили ҷамоат гардад. Ҳангоме ки имом салом диҳад, бақияи такбиротро бидуни ин, ки чизе бихонад, бигӯяд. Ва агар вақте расад, ки имом такбири чаҳорумро гуфтаасг, фавран такбир бигӯяд ва дохили намоз шавад ва баъд аз салом додани имом такбироти фавтшударо бигӯяд.

Агар касе дар аввали ҷамоат барои ширкат дар ҷамоат омодагӣ дошта буд, вале ба воситаи ғафлат дохили шуда натавонист. Ҳангоме ки имом баъд аз гуфтани такбир машғули хондани «Субҳонакаллоҳумма» мебошад, фавран такбири аввалро бигӯяд ва ба намоз шарик шавад. Иодаи он такбире, ки имом такбири дуввумро нагуфта бошад, ба намози ҷаноза шарик гаштааст, лозим нест.

Барои имоматии намози ҷаноза муқаддамтар аз ҳар кас раиси ҷумхур, ё подшоҳи исломи вақт аст. Агар инҳо ҳозир набошанд, ҳокими шаҳр ва баъдан қозӣ ва баъдан ноиби қозӣ ва агар ноиби қозӣ низ набошад, имоми масҷиде, ки майит дар ҳоли ҳаёт он ҷо намоз мехонд ва ё валӣ[5] ва ё касе, ки валӣ ба ӯ иҷозат диҳад, беҳтар аст.

Агар касе, ки сазовори имомат набошад, бидуни иҷозати валӣ намози ҷанозаро хонад, валии майит метавонад он намозро иода кунад ва агар сазовор бошад, наметавонад. Инчунин тавсия аст, ки сомонаи мазкур хонда шавад: http://life.ansor.info/tj/niyati_namozi_janoza/ 

[1] Касиф – нопок, олуда.

[2] «Ал-лӯълӯу ва-л-марҷон». Ҷилди аввал. Саҳ. 398.

[3] «Мухтору-л-аҳодис». Саҳ. 197.

[4] Аз Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) ривоят шуда, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Касе, ки дар масҷид намози ҷаноза хонад, барои ӯ ҳеҷ чиз нест», яъне на намози ҷанозааш дуруст аст ва на муҷиби подош мегардад. («Равиши намози Расулуллоҳ (с)», саҳ. 440).

[5] Вали – соҳиби мурда.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …