НАМОЗ

Уқубат кардан барои нахондани намоз:

 Пайғамбари маҳбуби мо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, тавассути ҳадис моро огоҳ мекунад:

namoz-300x205«Намоз нагузоридан маънои дар ҳолати байни нобо-варӣ ва бисёрхудоӣ буданро дорад. Яъне, рад кардани намоз ин роҳ ба сўи нобоварӣ аст. Тавассути намоз на-гузоридан роҳ ба сўи нобоварӣ (куфр) ниҳон аст».

Дар Ислом ҳолати пурра аз намозгузорӣ озод будан вучуд надорад. Одамони бемор ва заиф низ намоз мегузоранд. Ҳатто дар вақти амалиёти ҳарбӣ намозро тарк кардан иҷозат дода намешавад. Ҳам барои намоз нагузоридан уқубат муайян шудааст ва ҳам барои касоне, ки тартиби гузоридани намозро риоя намекунанд, уқубат пешбинӣ шудааст. Онҳо касонеанд, ки чизеро аз намоз медузданд: бар имом пешдас-тӣ мекунанд, рукўъ ва саҷдаро пурра адо намекунанд ва ғ.

Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, тавассути як ҳадис моро огоҳ мекунад:

 «Дузди гузаротарин аз мардумон ҳамон аст, ки аз на-моз чизеро бидуздад».

Вақт ва пайдарҳамии Намозҳо:

  1.  Намози саҳарӣ (Бомдод, Фаҷр). Вақти он то баромадани офтоб идома меёбад. 4 ракъат аст: 2 ракъат суннат ва 2 ракъат фарз.
  2. Намози нисфирўзӣ (Пешин, Зуҳр). Вақти он баъди ба қиём расидани офтоб аст. 10 ракъат аст: 4 ракъат суннат, 4 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
  3. Намози баъди нисфирўзӣ (Дигар, Аср). Вакти он ҳангоми ду баробар шудани сояи ашёҳо сар мешавад. Он 4 ракъат фарз аст.
  4. Намози бегоҳӣ (Шом, Мағриб). Вақти он баъди ғуруби офтоб сар мешавад. 5 ракъат аст: 3 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
  5. Намози шабона (Хуфтан, Ишо). Вақти он баъди гузаштани фосилаи муайян аз намози шом (45-60 дақиқа) оғоз мешавад ва то вақти намози саҳарӣ идома меёбад. 9 ракъат аст: 4 ракъат фарз, 2 ракъат суннат ва 3 ракъат намози Витр.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …