Главная / Биология / Намояндагони ширхӯрон

Намояндагони ширхӯрон

Қаторӣ ширхӯрҳои нопурраландон он қадар Намудҳои зиёд надоранд.

Намояндагони ин қатор дар Америкаи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Мегатера. мегалоник, лаванди муғамбир (левинец), мӯрчахӯрак, зиреҳпӯст намояндаҳои ин қатор мсбошанд, ки дар рӯйи замин ва дар болои дарахтон зиндагӣ карда, хӯрокашон қисмҳои сабз ва меваи растанӣ мебошад. Сипари баъзеи онҳо ва забони дарозашон ба хазандаҳо монанд аст, ки ин ҳам як аломати филогенетикии ширхӯрҳо бо хазандаҳо мебошад.

  1. Қатори ширхӯрҳон хоянда. Аксарияти намояндагони ин қатор хӯроки сахти растанигӣ мехӯранд ва онро бо дандонҳон пешашон тарошида ҷудо мекунанд ва бо курсиашон соида майда мекунанд. Хояндаҳо дандонҳои ашкӣ надоранд. Дандонҳои пеши онҳо боқуввати дароз буда, аз таъсири чизи сахтро тарошидан кунд намешаванд.

Дар аксарияти хояндаҳо куррӯдам дароз хаит, ки боқимондаи хӯрок аз таъсири микроорганизмхои он хазм мешавад. Хояндагон хеле сернасланд, чунки дар як сол қобилияти чандин бор насл додан доранд. Ба қатори хояндагон санҷоб, юрмон, калламуш, муш, кундузи дарёӣ, ондатра (муши обй) дохил мешаванд. Хояндаҳо ҳам аҳамият ва ҳам зарар доранд. Баъзе аз онҳо ҳайвоноти мӯинадори қиматбаҳо буда, гурӯҳи дигар зараррасони хоҷагии қишлок ва кисме аз онҳо паҳнкунандаю гузаронандаи ҳаргуна касалиҳои хатарноки одаму ҳайвонот мебошанд. Хояндагонн зараррасонро бо хамираи захрнок, газ, об, капқон нобуд кардан мумкин аст. Уқоб, гурба, хорпушт душмани асосии онҳо мебошанд.

Расми 46. Ҳайвоноти мӯинадор.  1 - Санҷоб; 2 - Хаз; 3 - Қоқуи сафедпӯст; 4 - Қоқуми гупобиранг; 5 - Рӯбоҳи шимолии сафедпашм; 6 - Норка, 7 - Самур; 8 - Рӯбоҳи осмониранг; 9 - Рӯбоҳи муинааш сурх; 10 - Рӯбоҳи нуқраранги сиёҳтоб.
Расми 46. Ҳайвоноти мӯинадор.
1 – Санҷоб; 2 – Хаз; 3 – Қоқуи сафедпӯст; 4 – Қоқуми гупобиранг; 5 – Рӯбоҳи шимолии сафедпашм; 6 – Норка, 7 – Самур; 8 – Рӯбоҳи осмониранг; 9 – Рӯбоҳи муинааш сурх; 10 – Рӯбоҳи нуқраранги сиёҳтоб.

Қундузи дарёӣ хояндаи калонтар буда, дар соҳили дарёчаҳои бешазор гурӯх-гурӯҳ дар хоначаҳои кофта ё сохтаашон мекунанд. Онҳо тобистон растаниҳои сершираи обӣ ва зимистон шохаю пӯстлохи дарахтони паҳнбаргро мехӯранд. Қундузҳо баъзан дарахтҳои калонро хоида меафтонанд. Ҳоло онҳоро дар ҷойҳои махсус парвариш карда, барои мӯинаашон шикор мекунанд.

Ондагра монанди қундуз дар соҳили обанборҳои серрастанӣ зиндагӣ карда, дар як сол 2-4 маротиба 6-тоӣ бача мезояд. Ондат- рачаҳо баъди як моҳ аз торчаашон баромада мустақил мешаванд. Баьди 4-5 моҳ қобилияти насл додан пайдо мекунанд. Ватани ондатра Америкаи Шимолӣ аст. Соли 1927 қариб 2500 сари онро ба қисми аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оварда, cap дода буданд.

Калламуш ва мушҳо сернасл буда, дар осиёбҳо, ҷувозхонаҳо, обҷувозҳо, оғилхонаҳо, таҳхонаю анборхонаҳо ва дар хонаҳои истиқоматӣ тамоми сол зиндагӣ карда, пинҳонӣ хӯрок меёбанд. Онҳо ба хоҷагии одамон зарари калон мерасонанд. Чӯбро тарошида, сӯрох мекунанд. ҳаргуна матою пӯст ва китобҳоро хоида, тавассути хӯрокҳо касалиҳои зардча, меъдаю рӯдаро мегузаронанд.

Юрмонҳо дар дашту нимбиёбонҳо, чарогоҳ киштзорҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда хонаҳои зеризаминӣ мекобанд. Аз андак садо бохабар шуда, пинҳон мешаванд. Дар зимистон аз ғор берун набаромада мехобанд. Юрмон ҳарсол дар баҳор як маротиба насл медиҳад. Юрмонҳо алафҳои гуногуни даштӣ (бештар гиеҳҳои хӯшадорро) хӯрда, хосили зироати ғалладонагиро ҳаркадомаш аз ҳаргектар 6-8 кг нобуд мекунанд. Ба ҳисоби миёна дар ҳар як гектари чарогоҳ 20-50 юрмон зиндагӣ карда, алафҳои он ҷойро кам мекунанд.

Санҷоб мӯинаи қиматбаҳо дорад. Вай ранги зебо ва думи дарози пӯпакмӯй дорад. Тобистон мӯяш малларанг шуда, ба ранги танаи сӯзанбаргҳо монанд мешавад. Дар тирамох бошад, мӯяшро партофта, мӯни хокистарранг мебарорад, ки дар зери шохаҳои сербарг базӯраён мегардад. Макони вай ҷангалзор буда, аз шох ба шох ҷаҳида мегардад.

Ҳангоми ҷаҳидан бо думаш самти ҳаракатро муайян мекунад. Вай чанголҳои тез дорад. Хӯрокаш бештар ҷалгӯзаи карагаю санавбар, финдик ва замбӯруг буда, барои зимистонаш ҳам хӯрока захира мекунад. Санҷоб дар хоначаи аз ушнаҳо сохтааш насл мегузорад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …