Главная / Гуногун / НАФАСКАШӢ

НАФАСКАШӢ

Дар табиат ҳамаи мавҷудот нафас мекашанд. Дар бадани инсон захирахои оксиген мавҷуд нест, барои ҳамин вай бе ҳаво зиндагӣ карда наметавонад.

Ҳангоми нафаскашӣ ба бадани инсон оксиген дохил мешавад. Ҳангоми нафасбарорӣ аз он гази карбон берун мешавад.

123

Машғул шудан бо машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш фаъолияти шушро хуб гардони- да, баданро обутоб медиҳад, инсон ба бемориҳои шамолхӯрӣ камтар дучор мешавад.

Ҳангоми дастҳоро ба ду тараф кушодан, ба боло бардоштан, хаму рост шудан, хестан ва ғайра нафасро ба дарун кашидан лозим аст. Ҳангоми дастҳоро фуровардан, хам шудан, нишастан нафасро баровардан лозим аст (расми 8).

Нафасро ба воситаи бинӣ кашидан лозим аст. Ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ (сахт давидан, бардоштани вазниниҳо) нафасба воситаи даҳон бароварда мешавад.

 

123456
Расми 8

Йогаҳо ба нафаскашӣ диққати махсус медиҳанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки нафаскашии дуруст ҳазми хӯрок, фаъолияти дил, майнаи cap, системаи асабро хуб мегардонад.

Хуб ба роҳ мондани нафаскашӣ маънои онро дорад, ки инсон худро идора карда метавонад. Нафасбарории оҳиста-оҳиста инсонро ба ором шудан водор менамояд.

Пеш аз ҳар як машқ нафасатонро пурра бароред!

Ҳамаи ҳаракатҳоро озод, мавзун, бе вазнинӣ иҷро кунед!

Машқҳоро 5-6 маротиба такрор кунед!

  1. Нафаскашии поёнӣ ё бо шикам нафас кашидан. Нишаста ё рост истода кафи дастонатонро ба болои шикаматон гузоред. Бо воситаи бинӣ нафас гиред. Дар ин вақт шикаматонро оҳиста-оҳиста баровардан гиред. Сипас, оҳиста-оҳиста бо воситаи бинӣ нафасро бароварда, шикаматонро ба дарун кашед (расми 9).

123456789

  1. Нафасгирии миёна ё қафасисинагӣ. Кафи дастҳоятонро аз паҳлуҳо ба болои қабурғаҳо гузоред. Оҳиста-оҳиста нафас гирифта қафаси синаро кушоед. Сипас, оҳиста-оҳиста нафасро бароварда, қабурғаҳоро зич кунед.
  2. Нафаскашии болоӣ ё худ чанбарӣ. Ангуштони даст дар болои чанбарҳо, кафи даст рост нигоҳ дошта мешавад.

Оҳиста-оҳиста нафас гиред, бозувонатонро ба ду тараф кушоед. Нафасро бароред, бозувонро ба пеш ҷамъ кунед.

  1. Нафаскашии пурра.
  2. Дасти чапатонро ба болои шикам гузоред, дасти ростро ба болои қабурғаҳо. Оҳиста-оҳиста нафас гиред ва шикаматонро бароред. Нафаскаширо давом дода, қабурғаҳоро рост кунед ва қафаси синаро кушоед. Нафаскаширо ба охир расонида, китфҳоро ба боло бардоред. Сипас, оҳиста-оҳиста нафасатонро бароред. Шикаматонро оҳиста- оҳиста ба дарун кашед, қафаси синаро танг кунед, чанбарҳо ва китфона- тонро фарох нигоҳ доред.

Барои он ки нафаскашӣ хуб ва бомеъёр бошад, танхо мустаҳкам намудани мушакҳои комплекси садобарорӣ ва нафаскашӣ кифоя аст. Барои ин машқи одитарин хизмат мекунад – аввал оҳиста-оҳиста, сипас, тезтар хондани ягон шеъри кӯдакона. Шарт ҳамин аст, ки чор мисраи шеър бояд бо як нафас гирифтан хонда шавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …