Главная / Гуногун / Созишномаи қарзии кулл дар бораи пешниҳоди қарз тариқи музоядаи қарзӣ № _

Созишномаи қарзии кулл дар бораи пешниҳоди қарз тариқи музоядаи қарзӣ № _

аз “___”______________ соли 2018                                                                            ш. Душанбе

Бонки миллии Тоҷикистон дар симои Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷ., ки минбаъд “БМТ” номида шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” амал мекунад, аз як тараф ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷбонк” дар симои Раиси Бонк Сафаров Сафар Сафарович, ки дар асоси Оиннома амал мекунад ва минбаъд “Бонк” номида мешавад, ва минбаъд дар якҷоягӣ “Тарафҳо”, дар асоси Дастурамали №220 “Дар бораи амалиёти кӯтоҳмуҳлати бозтамвил” (минбаъд – Дастурамал) бо шартҳои зерин дар бораи музоядаи қарзӣ Созишномаи қарзии кулл (минбаъд – Созишнома) ба имзо расониданд:

  1. Мавзӯи Созишнома

1.1 Мавзӯи Созишномаи мазкур муайян намудани шартҳо ва тартиби аз ҷониби БМТ пешниҳод намудани қарз ба Бонк аз рӯи натиҷаҳои музоядаи қарзӣ тариқи Низоми автоматишудаи савдо (минбаъд – “НАС”) ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии аз он бароянда мебошад.

  1. Шартҳои пешниҳоди қарз

2.1. Тартиби гирифтан ва пардохт намудани қарз бо Дастурамал, талаботи кор бо НАС ва Созишномаи мазкур ба танзим дароварда мешавад.

2.2. Қарз тариқи музоядаҳои қарзӣ бо мақсади дастгирии кӯтоҳмуддати молиявии Бонк бо пули миллӣ дода мешавад.

2.3. Барои гирифтани қарз Бонк бояд ба талаботи банди 6 Дастурамал мувофиқат намояд.

2.4. Барои гирифтани қарз тибқи Созишномаи мазкур, Бонк бояд ба БМТ тариқи НАС дар рӯзи баргузории музоядаи қарзӣ дархост пешниҳод кунад. Баъди ба охир расидани вақти қабули дархостҳо, Бонк наметавонад дархост пешниҳод кунад ё онро тағйир диҳад.

2.5. Бонк метавонад ба музояда танҳо як дархост пешниҳод кунад, ки он бебозхонд ба ҳисоб меравад.

2.6. Захираҳои қарзӣ аз рӯи натиҷаҳои музояда таҳти таъминот бо меъёри фоизи устувор ё меъёри фоизии пешниҳодшуда дода мешаванд.

2.7. Натиҷаҳои музоядаи қарзӣ аз ҷониби БМТ ба маълумоти Бонк тариқи НАС расонида мешавад.

2.8. Дархости Бонке, ки дар музоядаи қарзӣ ғолиб омадааст, аз ҷониби  БМТ қонеъ карда мешавад.

2.9. Захираҳои қарзӣ аз рӯи натиҷаи музоядаи гузаронида дар рӯзи баргузории он баъди аз ҷониби БМТ  банд (блокировка) кардани коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулии Бонк, ки ба сифати таъминоти қарз пешниҳод мегарданд, ба суратҳисоби муросилотии Бонк дар БМТ интиқол дода мешаванд.

  1. Таъминоти қарз

3.1. Таъмини иҷрои уҳдадориҳои ба худ гирифтаи Бонк оиди баргардонидани қарз (қарзи асосӣ, фоиз, ҷарима) аз рӯи дархости пешниҳодшуда, дороиҳои Бонк мебошад, ки дар боби 3 Дастурамал муқаррар шудааст. Номгӯи мушаххаси дороиҳо (воситаҳо), барои таъминоти уҳдадориҳои Бонк аз рӯи ҳар як қарзи гирифташуда дар дархости Бонк муқаррар карда мешаванд.

3.2. Дороиҳои (воситаҳои) Бонк, ки таъминоти қарз мебошанд бо назардошти коэффитсиенти ислоҳии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда пешниҳод гардида, дар беруннавис (ticket) қайд карда мешавад.

  1. Шартҳои пардохти қарз

4.1. Пардохти маблағи қарзи асосӣ ва фоизи он аз ҷониби Бонк дар рӯзи анҷомёбии муҳлати пардохти қарз то охири рӯзи амалиётӣ бо роҳи гузаронидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби муросилотии Бонк бо пули миллӣ ба ҳисоби дахлдори БМТ амалӣ мегардад.

4.2. Агар таърихи пардохти маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи он ба рӯзи ид, ғайрикорӣ ё истироҳат рост ояд, он гоҳ пардохти маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи он (барои тамоми давраи истифода шудани он) дар рӯзи ояндаи корӣ амалӣ мегардад.

4.3. Дар сурати аз ҷониби Бонк иҷро нагардидан ё ба таври муносиб иҷро нагардидани уҳдадориҳо оид ба бозгардонии қарз, аз ҳаҷми бақияи қарзи таъхирафтода ҷарима ҳисоб карда мешавад. Ҷарима барои ҳар рӯзи тақвимӣ (то пурра қонеъ гардонидани талаботи БМТ) ҳисоб карда мешавад. Ҷарима дар ҳаҷми 0,1 фоиз барои ҳар рӯзи таъхирафтода ҳисоб карда мешавад.

4.4. Дар сурати саривақт ва пурра аз ҷониби Бонк иҷро гардидани уҳдадориҳо оид ба маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи он, БМТ коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулии Бонкро, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод менамояд.

4.5. Бонк метавонад пеш аз муҳлат уҳдадориро (қарзи асосӣ, фоизҳоро) қисман ё пурра пардохт намояд.

4.6. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани уҳдадориҳои Бонк барои бозгардонии маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи он, Бонк ба БМТ ҳуқуқ медиҳад, ки шурӯъ аз лаҳзаи аз ҷониби Бонк иҷро нашудани уҳдадориҳо, аз суратҳисоби муросилотии Бонк дар БМТ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ маблағҳоро дар ҳаҷме, ки барои пардохти маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи он ё ҷарима зарур аст, ба таври бечунучаро рӯёнад.

4.7. Дар ҳолати пардохт нагардидани уҳдадориҳо (қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшудаи он ва ҷарима) бинобар нокифоя будани маблағ дар суратҳисобҳои муросилотии Бонк дар БМТ, Бонк розигӣ медиҳад, ки БМТ пардохти уҳдадориҳои нопардохтаи Бонкро (қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшудаи он ва ҷарима) аз ҳисоби маблағҳои пулии Бонк дар суратҳисобҳои он, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд ба таври бечунучаро рӯёнад.

4.8. Дар ҳолати пардохт нагардидани уҳдадориҳо (қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшудаи он ва ҷарима) бинобар нокифоя будани маблағ дар суратҳисобҳои муросилотии Бонк дар БМТ аз ҷумла дигар суратҳисобҳои он, БМТ пардохти уҳдадориҳои нопардохтаи Бонкро (қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшудаи он ва ҷарима) аз ҳисоби коғазҳои қиматноке, ки ҳамчун гарав барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд бо тартиби ғайрисудӣ мерӯёнад.

  1. Уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои тарафҳо

5.1. Тарафҳо уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳоро тибқи Дастурамал, Созишномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

5.2. Тарафҳо барои дурустӣ, саривақтӣ ва махфияти амалҳое, ки кормандонашон вобаста ба гузаронидани амалиёти гирифтан ва пардохт кардани захираҳои қарзии БМТ анҷом медиҳанд, тибқи Дастурамал ва Созишномаи мазкур пурра масъулият ба зимма доранд.

5.3. БМТ уҳдадор мешавад:

5.3.1. Маблағи қарзро аз рӯи натиҷаҳои музоядаи баргузоршуда ба суратҳисоби муросилотӣ бо пули миллӣ ба Бонк бо назардошти таъминоти пешниҳодшудаи он гузаронад.

5.3.2. Дар сурати пешниҳод намудани қарз таҳти таъмини Векселҳои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, маблағҳои пулие, ки дар суратҳисобҳои он дар БМТ мавҷуданд, бо тартиби муқарраршуда дороиҳои мазкурро банд (блокировка) намояд. Ба бақияи маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои Бонк, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) фоиз ҳисоб карда намешавад.

5.3.3. Дар сурати саривақт ва пурра иҷро шудани уҳдадориҳои Бонк, коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулии Бонкро, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) озод намояд.

5.4. БМТ ҳуқуқ дорад:

5.4.1. Дар сурати нокифоя будани маблағи умумии таъминоти қарз ё бо сабаби гуногун паст шудани арзиши он, аз Бонк пурра намудани он ё иваз кардани онро ба таъминоти ҳамарзиш талаб намояд.

5.4.2. Ҳангоми аз ҷониби Бонк дар муҳлати муқарраршуда пардохт нашудани қарз, маблағи уҳдадориро (қарзи асосӣ, фоиз, ҷарима) бе огоҳии пешакӣ аз ҳамаи суратҳисобҳои муросилотии дар БМТ мавҷудбудаи Бонк ситонад.

5.4.3. Дар сурати пардохт нашудани уҳдадориҳои Бонк тибқи банди 5.4.2. маблағи уҳдадориҳои Бонкро (қарзи асосӣ, фоиз, ҷарима) аз ҳисоби маблағҳои пулии Бонк дар суратҳисобҳои он, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) ба таври бечунучаро рӯёнад.

5.4.4. Дар ҳолати пардохт нагардидани уҳдадориҳо бинобар нокифоя будани маблағ дар суратҳисобҳои муросилотии Бонк дар БМТ аз ҷумла дигар суратҳисобҳои он, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) пардохти уҳдадориҳои нопардохтаи Бонкро (қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшудаи он ва ҷарима) аз ҳисоби коғазҳои қиматноке, ки ҳамчун гарав барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) бо тартиби ғайрисудӣ руёнад.

5.5. Бонк уҳдадор аст:

5.5.1. Барои иштирок дар музоядаи қарзӣ то соати 10:00 бо тартиби муқарраршуда тариқи НАС тибқи талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкур дархост пешниҳод намояд.

5.5.2. Ба БМТ тибқи боби 3 Дастурамал барои таъминоти қарз дороиҳои (воситаҳои) худро пешниҳод кунад.

5.5.3. Барои банд кардани Векселҳои Хазинадории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон, маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои Бонк дар БМТ мавҷудбуда, ки аз ҷониби Бонк ба сифати таъмини қарз пешниҳод мегарданд, розигӣ диҳад.

5.5.4. Ба БМТ қарз ва фоизи истифодаи онро бо роҳи гузаронидани маблағ ба суратҳисоби дахлдор дар муҳлати муқарраршуда баргардонад.

5.5.5. Ҳамаи шарту талаботи Дастурамал ва Созишномаи мазкурро риоя намояд.

5.6. Бонк ҳуқуқ дорад:

5.6.1. Тибқи натиҷаҳои музоядаи қарзӣ дар сурати риояи шартҳои Дастурамал ва Созишномаи мазкур аз БМТ қарз гирад.

5.6.2. Қарз ва фоизи истифодаи онро пеш аз муҳлат пардохт намояд.

5.6.3. Дар сурати саривақт ё пеш аз муҳлат пурра пардохт кардани қарз ва фоизи истифодаи он, аз БМТ озод намудани коғазҳои қиматнок, маблағҳои пулиро, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) талаб намояд.

  1. Шартҳои махсус

6.1. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои қувваи рафънашаванда (ҳолатҳои фавқулода), ки ба он ба таври мустақим ё ғайримустақим ҳолатҳои дорои хусусияти фавқулода, аз ҷумла заминҷунбӣ ва дигар офатҳои табиӣ, амалу қарорҳои мақомоти давлатӣ, амалиёти ҳарбӣ ва бетартибиҳои оммавӣ сабаб мегардад ва Тарафҳои Созишномаи мазкур барои назорати онҳо имконият надоранд ва ин ҳолатҳо ба иҷро шудани уҳдадориҳои онҳо аз рӯи Созишномаи мазкур монеъ мегардад, муҳлати иҷрои ин уҳдадориҳо мутаносибан ба вақти амали ин ҳолатҳои фавқулода мавқуф гузошта мешавад, вале танҳо ба он андозае, ки онҳо барои дар муҳлат иҷро шудани Созишномаи мазкур ё он қисмати он, ки бояд баъди ба миён омадани ин ҳолатҳои фавқулода иҷро мегардид, таъсир расонанд.

6.2. Тарафҳои Созишномаи мазкур бояд бетаъхир дар давоми рӯзи корӣ якдигарро дар бораи оғози ҳолатҳои фавқулодае, ки ба иҷро гардидани уҳдадориҳои онҳо аз рӯи Созишномаи мазкур монеъ мегарданд ва дар бораи анҷомёбии онҳо дар оянда дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ хабар диҳанд.

6.3. Аз ҷониби яке аз Тарафҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз рӯи Созишномаи мазкур вайрон кардани Созишномаи мазкур ба ҳисоб намеравад, агар ба ин ҳолатҳои фавқулода сабаб шаванд, ба шарте ки Тарафи ба ҳолати фавқулода дучоршуда саривақт ҳамаи чораҳои заруриро барои рафъи ин гуна оқибатҳо андешад.

  1. Нуқсони техникӣ

7.1. Дар ҳолати ба миён омадани нуқсони техникӣ дар ҷойи кории Бонк ва омода карда натавонистани ҳуҷҷатҳои электронӣ, Бонк бояд саривақт ба БМТ дар бораи он хабар диҳад ва фаъолияти бенуқсони ҷойи кориро бо нусхаи эҳтиётии таъминоти барномавӣ барқарор намояд.

7.2. Дар ҳолати сар задани нуқсони техникии НАС дар БМТ, ки дар натиҷаи он коркарди ҳуҷҷатҳои электронӣ ғайриимкон мегардад, БМТ метавонад бо фармоиши роҳбарияти БМТ додани қарзро то барқароршавии фаъолияти НАС дар БМТ боздорад ё додани қарзро дар асоси дархости гирифтани қарз, ки Бонк дар шакли коғазӣ пешниҳод кардааст, амалӣ намояд (Замимаи 1).

  1. Ихтилофот ва баҳси тарафҳо

8.1. Ихтилофот ва баҳсҳоеро, ки дар рафти иҷрои шартҳои Созишномаи мазкур ба миён меоянд, Тарафҳо пешакӣ бо мақсади пайдо кардани ҳалли қобили қабули онҳо ҳаллу фасл менамоянд.

8.2. Дар сурати бо роҳи созиш ба мувофиқа наомадан, ихтилофот ва баҳси Тарафҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

  1. Дигар шартҳо

9.1. Бо розигии Тарафҳо ба шартҳои Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст.

9.2. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур он вақт эътибор доранд, ки агар дар шакли хаттӣ сурат гирифта, аз ҷониби Тарафҳо имзо шуда бошанд.

9.3. Созишномаи мазкур дар ду нусха, ки ҳар кадом эътибори ягонаи ҳуқуқӣ доранд, таҳия гардидааст ва як нусхаи он дар БМТ монда, нусхаи дигар ба Бонк дода мешавад.

  1. 10. Муҳлати амали Созишнома ва тартиби бекор кардани он

10.1. Созишномаи мазкур аз лаҳзае, ки онро Тарафҳо имзо мекунанд,  амал мекунад. Қатъ гардидани амали Созишномаи мазкур уҳдадориҳои Бонкро оид ба баргардонидани қарзи қаблан гирифтаи вай ва риояи шартҳои таъмини он, ки Созишномаи мазкур пешбинӣ кардааст, инчунин уҳдадориҳои БМТ-ро оид ба озод кардани дороиҳои бонк, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд бо тартиби муайянкардаи Созишномаи мазкур қатъ намесозад.

10.2. БМТ ҳуқуқ дорад яктарафа бидуни пешакӣ огоҳ кардани Бонк Созишномаи мазкурро дар ҳолатҳои зерин бекор намояд:

– иҷро накардани талаботи Дастурамал ва шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби Бонк;

– бозхонди иҷозатномаи Бонк барои гузаронидани амалиёти бонкӣ, ки БМТ додааст;

– қатъ гардидани фаъолияти Бонк ҳамчун шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муфлис эълон шудани Бонк.

  1. Нишонии ҳуқуқӣ ва мушаххасоти Тарафҳо

Намуна

Замима ба

Созишномаи қарзии кулл

дар барои музоядаи қарзӣ №_____

Дархости №____

ба Созишномаи қарзии кулл

дар барои музоядаи қарзӣ №_____

аз “__”__________ соли 2017                                                                                      ш. Душанбе

Бонк: __________

  1. Хоҳиш менамояд, ки дар ҳаҷми __________ (бо ҳуруф) сомонӣ қарз дода шавад.
  2. Таърихи додани қарз: “__”__________ соли 2017.
  3. Таърихи пардохти қарз: “__”__________ соли 2017.
  4. Меъёри фоизи қарз: __ фоизи солона.
  5. Маблағи фоизи қарз: __________ (бо ҳуруф) сомонӣ.
  6. Барои таъминнокии қарз дороиҳои (воситаҳои) зерин пешниҳод карда мешаванд:

а) Коғазҳои қиматнок:

Навъи

ВХД ВМҶТ

ё

КҚ БМТ

Рақами

қайд

Таърихи

барориш

Таърихи

пардохт

Миқдор

(адад)

Маблағ

аз рӯи

номинал

(бо сомонӣ)

1 ВХД ВМҶТ 0,00
2 КҚ БМТ 0,00
Х Ҳамагӣ Х Х Х Х 0,00

б) Асъори хориҷӣ:

Суратҳисобҳои муросилотӣ

№20602840__________

№20602978__________

№20602826__________

№20602810__________

Навъи асъор Маблағ
1 Доллари ИМА 0,00
2 ЕВРО 0,00
3 Фунт стерлинги Инглистон 0,00
4 Рубли Русия 0,00
Х Ҳамагӣ (ҳамарзиш бо сомонӣ) 0,00

в) Амонат бо пули миллӣ:

Суратҳисобҳо

№_______________

№_______________

  1. Ҳангоми нокифоя будани маблағ дар суратҳисоби муросилотии Бонк дар БМТ, Бонк ба БМТ ҳуқуқ медиҳад, ки пардохти уҳдадориҳои нопардохтаи Бонкро (қарзи асосӣ, фоизҳои ҳисобшудаи он ва ҷарима)аз ҳисоби маблағҳои пулии Бонк дар суратҳисобҳои дар банди 6 дархости мазкур зикршуда, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд (блокировка) ба таври бечунучаро руёнад.
  2. Дар ҳолати пурра пардохт нагардидани уҳдадориҳои Бонк бинобар нокифоя будани маблағ дар суратҳисобҳои он дар БМТ аз ҷумла суратҳисобҳои он, ки барои таъмини қарз пешниҳод гардиданд ва бандшуда буданд, пардохти қарзро аз ҳисоби коғазҳои қиматноке, ки дар банди 6 дархости мазкур зикршуда бо тартиби ғайрисудӣ руёнад.

            ______________ (вазифа) ____________ (ному насаб) ______ (имзо)

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

shaiton

Беҳтарин дуо барои муҳофизат аз ҳар бадӣ

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳабиб (раз) мефармояд, ки: Дар як шаби бисёр торику боронӣ ба дунболи …