Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016, № 144 тасдиқ шудааст

malim

1. МУҚАДДИМА

  1. Барномаи тайёр намудани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) бо мақсади тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии ҷавобгўи талаботи бозори муосири меҳнат, амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳия гардида, ба истифодабарии самараноки маблағҳои пешбинигардида мусоидат менамояд.
  2. Барномаи мазкур дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”, Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002, № 200, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 334 ва банди 34 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикргардида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015, № 35 тасдиқ шудаанд, инчунин бо дарназардошти муқаррароти Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таҳия шудааст.
  3. Таъмини рушди устувори иқтисодиёт, истифодаи оқилонаи сарватҳои моддию маънавӣ, амалӣ гаштани мақсадҳои стратегии давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ ба сатҳу сифати нерўи инсонӣ вобаста аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маблағгузории мақсаднок барои рушди нерўи инсонӣ, аз ҷумла таҳсилот аз синни хурдсолӣ то давраи камолот ва таҳсилоти касбӣ, барои рушди иқтисодиёти кишварҳо самараи хуб медиҳад.
  4. Рушди иқтисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иқтидодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
  5. Пешрафти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъияту давлат, сифати зиндагии аҳолӣ, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва дар ин асос расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт аз сатҳи илму маориф, ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва дар маҷмўъ аз сатҳи саводнокии миллат вобаста мебошад.
  6. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани некўаҳволии аҳолӣ, сатҳи рушди устувори иқтисодиёти миллии кишвар таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд, ки натиҷаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар солҳои охир гувоҳи он мебошад.
  7. Ба хотири расидан ба ин ҳадафҳо, илму маориф аз ҷониби давлат бахши ҳаётан муҳими иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардида, барои суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳа заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.
  8. Аммо ҷараёни сусти ислоҳоти ниҳодӣ ва истифодаи нокифояи захираҳои мавҷудаи маънавию молиявӣ ҳалли масъалаҳои навсозии соҳаи илму маориф, беҳтаргардонии дастовардҳои илму техника, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳил, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва таъмин намудани соҳаҳаи мухталифи иқтисодиёти миллӣ бо мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгўйро мушкил намуда истодааст. Ҳарчанд, ки хароҷоти давлатӣ барои рушди соҳаи илм ва маориф ҳамасола тамоюли афзоиш дошта бошад ҳам, дар муқоиса ба талаботи воқеии онҳо нокифоя мебошад.
  9. Ҳаҷми хароҷоти давлатӣ барои рушди соҳаҳои илм ва маориф дар соли 2015 нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) мутаносибан 0,2 ва 5,5 фоиз пешбинӣ гардидааст.
  10. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои то ҳадди ақал қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ҷиҳати нигоҳдошт ва рушди сохтори илму маориф, бо дарназардошти омилҳои демографӣ, дар дурнамо бояд ҳиссаи хароҷоти солона барои илм то 3,0 фоиз ва маориф то 7,0 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар карда шавад.
  11. Дар баробари ин, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҳар як кишвар ба талаботи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ба кадрҳои ихтисосманд вобастагии зич дорад. Таъмини илму истеҳсолот ва мақомоти идоракунӣ бо мутахассисони соҳибкасб вазифаи муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад, зеро нерўи зеҳнӣ бояд ба омили муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал гардад.
  12. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар шароити бархўрди тамаддунҳо рушд ёфта истодааст. Аз ин лиҳоз, бояд сарчашмаҳое пайдо карда шаванд, ки рақобатпазирии рушди иқтисодаёти миллиро таъмин карда тавонанд. Яке аз омилҳое, ки барои рушди илму техника ва қувваҳои коргарии пешбарандаи ҷомеаю иқтисодиёт дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрўза рақобатпазир ба ҳисоб меравад, ин нерўи инсонӣ аст. Иқтисодиёти пешрафта иқтисодиётест, ки метавонад дар тамоми бахшҳо дар баробари имконоти мавҷуда аз кадрҳои ихтисосманди ҷавобгўи сгандартҳои ҷаҳонӣ низ дуруст истифода бурда тавонад.
  13. Таҳқиқот дар самти макро ва микроиқтисодиёт аз он шаҳодат медиҳад, ки байни таҳсилот, истеҳсолот ва даромаднокӣ вобастагии зич мавҷуд аст. Яъне, агар иқтисодиёт ҳарчӣ зиёдтар дар заминаи илму технология асос ёфта бошад, ҳамон қадар устувор ба шумор меравад.
  14. Бинобар ин, дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик бояд бо истифода аз қувваи кории дорои таҳсилоти касбии ҷавобгўи тамоми талабот рушди устувори иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шавад. Таҳсилоти босифат бояд заминаи мустаҳкаме гардад, ки иқтисодиёти миллии кишвар дар оянда ба он такя карда тавонад.
  15. Бо дарназардошти ин, рушди соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.
  16. Тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрўза яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, амалӣ гардидани тадбирҳои барои ин мақсадҳо андешидашаванда ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар солҳои минбаъда заминаи асосиро муҳайё месозад.

2. МАҚСАДҲОИ БАРНОМА

  1. Мақсади асосии Барнома аз мутобиқ гардонидани низоми тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат, фароҳам овардани заминаҳои моддию техникӣ ва кадрию омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар самти тайёр намудани мутахассисон дар чунин муассисаҳо дар дохили кишвар ва берун аз он, пайвастагии илм бо истеҳсолот ва ғайра иборат мебошад. Барнома бо андешидани тадбирҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ тариқи буҷетӣ ва шартномавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (номгўй замима мегардад);

– таҳия намудани Нақшаи қабули умумӣ (буҷетӣ ва шартномавӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар аз рўи дархости вазорату идораҳои ҷумҳурӣ;

– мутобиқ гардонидани сатҳу сифати таҳсилоти олӣ дар кишвар бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф;

– фароҳам овардани шароит барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгўи талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ;

– ҷорӣ намудани модели таҳсилот, ба истиснои таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ;

– ҷорӣ гардидани стандартҳои нави ҳозиразамони таҳсилот ва мутобиқ гардонидани ҷараёни таълим ба талаботи он;

– ташкили корхонаҳои хурд ва бизнес-инкубаторҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҷалби васеи донишҷўён ба фаъолияти онҳо;

– таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисосҳои муосири инноватсионӣ ва аз ҷиҳати технологӣ ва инноватсионӣ пешрафтаи иқтисодиёти миллӣ;

– ташкили таҷрибаомўзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷўён дар корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– ташкил ва таҷҳизонидани пойгоҳҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати таҷрибаомўзии истеҳсолӣ;

– ҳамкории бевосита бо мақомоти шуғли аҳолӣ дар ҳалли масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– ташкили низоми ҳисоботи оморӣ дар хусуси бо кор таъмин шудан ва аз рўи ихтисос фаъолият намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– ҷоннок намудани баҳамоии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои илмӣ ва ҳамгироии таълим бо илми муосир;

– ба роҳ мондани ҷалби нерўи илмӣ барои таҳияи барномаҳои маҷмўии илмию техникии ҷумҳуриявӣ, ки ба ҳалли мушкилоти муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нигаронида шудаанд;

– баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносию техникӣ ва ҷустуҷўи роҳҳои самараноки дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техника ва технология;

– таҳкими фаъолияти паркҳои технологӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкилкардашуда;

– тибқи тартиби муқарраргардида андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади ҳамгироии илми академӣ ва амалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва такмили низоми тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар зинаи аспирантура ва докторантураи муассисаҳои илмии хориҷӣ;

– баланд бардошгани мақоми иҷтимоӣ ва касбии кормандони соҳаи маориф, тақвияти дастгирии давлатӣ ва ҷамъиятии онҳо;

– баланд бардоштани мавқеъ ва масъулияти субъектҳои раванди таълиму тарбия – донишҷўён, омўзгорон, падарону модарон ва дигар шахсоне, ки дар ин раванд иштирок менамоянд.

– таҷдиди назар намудани низоми таҷрибаомўзии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба ихтисосҳо.

3. ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

  1. Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат аст:

– дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муайян намудани афзалиятҳо ва вобаста ба он тайёр намудани кадрҳо;

– самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва тайёр намудани мутахассисон аз рўи соҳаҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои техникӣ, технологӣ, геологиву ҷустуҷўӣ ва соҳаҳои дигари афзалиятнок;

– омўзиш ва таҳлили талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, ҷалб намудани иттиҳодияҳои корфармоён барои ҳалли мушкилот дар тайёр намудани кадрҳои ҷавобгў ба талаботи имрўза дар тамоми зинаҳои таҳсилот;

– ба роҳ мондани дарсҳои кушоди “интихоби касб”, “касби манифтихори ман” дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ташкили вохўриҳо бо намояндагони касбу кори гуногун ва гузаронидани чорабиниҳо барои ҷалби хатмкунандагон ба касбҳои гуногун;

– тибқи тартиби муқарраргардида тайёр намудани кадрҳо дар кишварҳои хориҷӣ бо дарназардошти ихтисосҳое, ки дар дохили кишвар имконияти тайёр намудани онҳо мавҷуд нест;

– баланд бардоштани тахассуси касбии омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо роҳи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии онҳо;

– андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати такмили механизми тақсимоти хатмкунандагон ва ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон;

– таҳкими заминаи моддию техникӣ ва кадрию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

4. ДАВРАҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

  1. Барномаи мазкур дар ду давра амалӣ карда мешавад:

– давраи якум – солҳои 2016-2017;

– давраи дуюм – солҳои 2018-2020.

  1. Дар давраи якум баррасии масъалаҳои зерин дар назар дошта шудааст:

– мутобиқ намудани нақшаи қабули умумии довталабон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва шартномавӣ бо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ;

– такмили низоми бозомўзӣ ва баланд бардоштани тахассуси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва мутобиқ намудани он ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ;

– таҳияи дурнамои тайёр кардани кадрҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси талаботи иқтисодиёти миллӣ барои солҳои минбаъда бо дарназардошти гузаштан ба низоми нави таҳсилоти умумӣ.

  1. Дар давраи дуюм бояд масъалаҳои зерин роҳҳои ҳалли мусбии худро пайдо намоянд:

– бозсозии ниҳодии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар асоси ҳамкории самарабахш ва таҳлили талаботи бозори меҳнат;

– такмили низоми идоракунии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ;

– муҳайё намудани ҷанбаи илмӣ ва пайдарпаии фаъолият дар самти тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– истифодаи самарабахши захираҳои соҳа ва ҷалби самараноки бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мувофиқи таълиму таҳсил вобаста ба талаботи бозори меҳнат;

– бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти идтисодиёти миллии кишвар бо кадрҳои ботаҷриба ва баландихтисоси дорои таҳсилоти олии касбӣ муайян кардан ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шўъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, инчунин дигар иттиҳодияҳои корфармоён.

5. НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

  1. Татбиқи Барномаи мазкур натиҷаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

– ҷалб намудани вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои корфармоён барои ҳалли масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат;

– тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо дарназардошти самтҳои афзалиятяоки иқтисодиёти миллӣ;

– кам намудани тайёркунии кадрҳо аз рўи ихтисосҳое, ки ба онҳо талабот дар бозори меҳнат маҳдуд аст ва ба зиёд гардидани сафи бекорон сабаб мешавад;

– мусоидат ба дастрасии таҳсил барои кўдакон аз оилаҳои камбизоат ва гурўҳҳои осебпазири ҷомеа, инчунин фарогирии зиёди духтарон бо таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои фосилавии таҳсил ҷиҳати афзун гардонидани дастрасии барномаҳои таҳсилоти касбӣ;

– ташаккули низоми тайёр намудани кадрҳо бо дарназардошти шаҳрвандони маъюб ва дорои эҳтиёҷоти махсус;

– дастгирӣ ва рушди барномаю технологияҳои инноватсионии таҳсилоти олии касбӣ;

– ташкили махзани маълумот бо воситаҳои техника ва технологияҳои иттилоотии дастрас;

– бунёди низоми миллии баҳодиҳии сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– баланд бардоштани сифати идоракунии маориф.

6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

  1. Маблағгузории умумии Барнома аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамасола дар Буҷети давлатӣ ба ин мақсад пешбинӣ мегарданд, маблағҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ташкилотҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои худ мутахассис тайёр мекунанд, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …