Главная / Илм / МУШОҲИДАИ ОСМОНИ СИТОРАДОР

МУШОҲИДАИ ОСМОНИ СИТОРАДОР

Одам дар шаби пурситора чиро мебинад? Мо тавассути чашмони солями худ ме- тавонем дар осмон наздик ба шаш ҳазор ситораҳоро (Ноҳид,Уторид, Миррих, Зуҳал), ҳамрадифони сайёраҳоро, зузанабҳоро ( метеоритҳоро) ва Роҳи Каҳкашонро бубинем.

Ҳангоми пайдо шудани Моҳ дар осмон, дидани ситораҳои начандон дурахшон муш- кил гардида, вале сайёраҳои атрофи Моҳ хуб ба назар мерасанд.

Таҳти таьсири шуъои Офтоб рӯзона дидани чисмҳои осмонй ғайриимкон аст. Ос­мон барои мушоҳида намудан имконияти зиёд медиҳад. Аз ҳама ҷолибаш ин назора кар­дан ба осмони пурситора аст. Бо чашмони одӣ метавон бисёр ҷисмҳои осмониро дид. Аз замонҳои кадим осмони пурситораро ба гуруххои ситорагон – галаситорахо номгузорй мекарданд. Ситораҳои аз хама дурахшонро тавассути ҳарфҳои а (алфа), [3 (бета), у (гам­ма) ифода мекарданд.

sitora

Дар Замин қарор гирифта дар фосилаи замонии гуногун мо фақат ними осмони пур­ситораро дида метавонем. Ҳангоми тамошои осмони пурситора мо наху ст кӯшиш меку- нем, то гуруххои мушаххаси ситорагонро пайдо кунем. Галаситораи аз хама машхур дар Нимкураҳои Шимолй ин Дубби Акбар (Большая Медведица) ба шумор меравад. Пас аз пайдо кардани он метавон бурҷҳои (галаситораҳои) ба он наздик – Дубби Асгар (Малаю Медведица)-ро мушоҳида кард. Ситораи аз хама дурахшони он Ситораи Кутб (Полярная Звезда) ба шумор меравад. Ҳама ситораҳои Нимкураҳои Шимолии осмони ситорадор дар атрофи ин ситора қарор доранд. Аз ин рӯ онро маркази шимолии дунё меноманд.

Дар осмони ситорадор 88 гуруҳи ситорагон мавҷуд мебошанд. Ситораҳо ҳамеша ҳаракат карда, мавқеи худро тағйир медиҳанд. Барои он ки ба ин бовар бикунй, дар ҷараёни сол мавқеи қарорёбии ситораҳоро мушоҳида бояд кард.

Барои мушоҳида осмони ситорадор метавон аз харитаи баҳорӣ, тобистона, тирамохй ва зимистонаи китоби дарси истифода бурд. Дар он ду навьи харитаи осмони ситорадор: нигоҳ аз шимол ва нигоҳ аз ҷануб дода мешавад. Дар ҳар яке аз ҷуфти харитаҳо он мавқее дар осмон инъикос шудаанд, ки одами ба шимол нигохкунанда, мебинад. Агар Шумо ба харитаи ҷанубй нигоҳ кардаед, пас мебинед, ки дар миёнаи харита қисмати марка- зии осмонро, аз чап қисмати шарқиро, аз тарафи рост – қисмати гарбиро ва дар харитаи шимолй, баръакс, аз рост қисмати шарқиро, аз чап қисмати ҷанубиро мебинед.

Ситораҳое, ки наздик ба қиём, ба ибораи дигар дар нуқтаи аз ҳама баланди мушоҳидакунанда қарор доранд, дар қисмати болоии харита нишон дода шудаанд.

НАМУДИ ШАБОНГОҲИИ ОСМОН АЗ СЕНТЯБР ТО ОКТЯБР

Яке аз бурҷҳои барои қирғизҳо машҳур аз миёни ҳама галаситораҳо (бурҷҳо), бурҷи Плеяда ба шумор меравад.

Аз рӯи Плеяда фаслҳои солро муайян мекарданд. Аз тирамоҳ бурҷ (галаситора) бо қиём ҷояшро иваз мекунад. Аз болои Плеядаҳо аз миёнаи тобистон то шуруъи тобистони оянда мушоҳида ба амал меояд.

НАМУДИ ШАБОНГОҲИИ ОСМОНИ СИТОРАДОР АЗ НОЯБР ТО ДЕКАБР

Одамон аз қадимулайём аз болои Ситораи Қутб мушоҳида менамуданд. Вайро баъзан «Темир казык» (Мехи оҳанин) ва «Кут жылдыз» (Ситораи шимолй) меномаданд. Дар муқоиса бо дигар ситораҳо, Ситораи Қутб ҳама беҳаракат буд ва ба шимол ишора мекард.

НАМУДИ ШАБОНГОҲИИ ОСМОНИ СИТОРАДОР АЗ НОЯБР ТО ДЕКАБР

Одамон аз қадимулайём аз болои Ситораи Қутб мушоҳида менамуданд. Вайро баъзан «Темир казык» (Мехи оҳанин) ва «Кут жылдыз» (Ситораи шимолй) меноми- данд. Дар муқоиса бо дигар ситораҳо, Ситораи Қутб ҳама беҳаракат буд ва ба шимол ишора мекард.

НАМУДИ ШАБОНАИ ҚИСМАТИ ҶАНУБИИ ОСМОНИ СИТОРАДОР АЗ НОЯБР ТО ДЕКАБР

Шимол чун ҷониби Қутбӣ, мавзеи қутбӣ- , ки аз он шамоли сард мевазад, но- мида мешуд. Сайёҳон ва чорводорон аз рӯи ситораи мазкур роҳ пеш мегирифтанд.

23-уми сентябр – ин эътидоли шабу рӯз дар тирамоҳ аст. Давомнокии рӯзу шаб баробар аст. Хати истивои( эквадори)-ро убур намуда, Офтоб аз нимкураҳои шимо- лии осмонй ба нимкураҳои ҷанубӣ интиқол меёбад.

Ин рӯз оғози астрономии тирамоҳ дар нимкураҳои шимоли Замин ва оғози астрономии баҳор дар нимкураҳои ҷанубии Замин ба шумор меравад.

Пурсишҳо: Саволи «Ҷисмҳои моро фарогиранда но аз чй иборат ҳастанд? » аз замонҳои қадим олимонро ба анде- ша кардан водор месохт.

Онҳо комилу пурра буда ва ё аз қисматҳои майдаю кӯчак иборат мебошанд? Барой он ки ба ин савол ҷавоб бидиҳанд, олимон мушоҳидаҳои зиёд гузаронидаанд.

Олими Юнони қадим Демокрит нахустин шуда андеша- еро дар бораи он ки, ҷисмҳо аз ҳиссачаҳои тақсимнашаванда- атомҳо иборатанд, баён дошта буд.

Вожаи атом дар тарҷума аз юнонй маънои «тақсим- нашаванда»-ро дорад.

Андешаҳои асосии Демокритро идома намуда, ҳамасрони ӯ, файласуфон, шоирон андешаҳои гуногунро иброз дошта буданд. Онҳо тавонистанд бисёре аз маълумо- ти имрӯзинро дар бораи сохтори моддаҳо иброз доранд.

Вале дар замони мо бисёре аз фарзияҳову гумонҳо тавассути таҷрибаҳои зиёд ба исбот расонида шудаанд.

Дар боби оянда таҳти унвони «Олами ҷисмҳо ва моддаҳо» Шумо дар бораи «Ҷисм», «Модца», маълумот пайдо хоҳед кард. Ҳамчунин Шумо ба саволи «Моддаҳо аз чй иборат ҳастанд?», «Моддақои содда ва мураккаб», «Элементҳои кимиёвй», «Моддаҳои органикй» ва ғайра посух пайдо хоҳед кард. Тавассути дарки онҳо тасавв уроти Шумо дар бораи муҳити зист такмил хоҳанд ёфт.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …