Главная / Маданият ва санъат / Муссамматҳои Сайидои Насафӣ

Муссамматҳои Сайидои Насафӣ

Муссаммат дар эҷодиёти Сайидо пас аз ғазал, дар ҷои дуюм меистад, ки аз 1050 байт иборат аст. Сайидо бештар ба ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ, Камолу Ҳофиз, Ҷомиву Ҳилолӣ, Калиму Толиб, Мӯҳташами Кошиву Соиби Табрезӣ, Мушфиқиву Урфӣ муссаммат бастааст. Худи ҳамин ҷуръати Сайидо гувоҳи он аст, ки ӯ дар эҷоди муссаммат устод мебошад, зеро ба ғазалиёти шоирони дараҷаи аввали адабиёт тазмин бастааст. Шоир ғолибон дар ин кор ба эҷодиёти Соиб рӯ оварда, бештар ба ғазалҳои Соиб тазмин бастааст.

Муссаммат навъе аз шеъри тасмит (мусаммат) буда, аз бандҳои 3-10 мисраӣ иборат аст. Он метавонад аз 5 ё 6 банд иборат бошад ва ду навъ мешавад: яке муссаммати мустақил, ки пурра эҷоди худи шоир аст ва дигаре се мисраъ аз худи шоир ва ду мисраи дигар аз шоири муосир ё салаф аст.

Муссаммат бо он характернок аст, ки банди якуми он пурра ҳамқофия; а, а , а ,а , а, а бандҳои минбаъда чаҳор мисраъ ҳамқофия ва мисраи панҷум ба банди аввал ҳамқофия мешавад. Масалан, «Намонд»-ном муссаммати мухаммаси Сайидо ки бар ғазали Соиби Табрезӣ (1603-1677) баста шудааст:

Арбоби ҷудро[1] кафи гавҳарфишон намонд,

Дасти кушодае ба муҳиту ба кон намонд,

Дар рӯзгори мо зи мурувват нишон намонд,

«Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд,

Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд»,

То чуғзтинатон ба фазои чаман шуданд,

Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,

Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу гаған шуданд,

Мурғони нагмасанҷ ҷалои ватан шуданд,

Чуз байзаи[2] шикаста дар ин ошён намонд.

Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон,

Бастанд обу оинаи рахти худ аз миён,

Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон,

«Равшанило чу барқ гузаштанд аз миён,

Хокистаре ба ҷой аз ин корвон намонд.

Аз дидаи басирати[3] мо хоб шуд равон,

Абёт аз сафина[4] чу симоб шуд равон,

Таҳрир аз саҳифа чу хуноб шуд равон,

«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,

Ширинзабонии қалами нуктадон намонд».

Эй Сайидо, ту дил ба амқоми наҷот каш,

Пой аз миёни тоифаи бесубот каш,

Чун Хизр рахти хеш ба оби ҳаёт каш,

«Соиб, забони хома ба коми давот каш,

Имрӯз чун суханталабе дар ҷаҳон намонд».

Дар муссаммати мухаммаси мазкур байтҳои дар нохунак (« ») гирифташуда моли Соибанд. Намунаи боло далели он аст, ки хусусиятҳои шаклӣ ва мундариҷавии абёт комилан риоя шудаву аз соҳибистеъдод будани ҳар ду шоир шаҳодат медиҳнд.

Аз сабаби дар ғазалҳои Сайидо оҳангҳои иҷтимоӣ садои қавитаре доранд, ин ҳолат дар мухаммасҳои ба ғазалҳои шоирони дигар навиштаи ӯ то андозае ҳис карда мешавад Яъне Сайидо ба ғазалҳои комилан ошиқона низ то дараҷае оҳангҳои иҷтимоии пуқуввате ворид сохтааст. Масалан дар муссаммати мухаммаси Сайидо, ки бо радифи «Намонд» бар ғазали Соиб иншо шудааст, ҳеҷ гумон намеравад, ки абёти ду адаб бошанд, зеро вазн, радифу қофияҳо, мазмуну мундариҷа, мавзӯъ, хусусиятҳои сабкӣ ва ғайра комилан баробаранд ва ҷанбаъҳои ҳунарии он низ яксонанд. Ҳол он ки дар ин навъи шеърӣ то дараҷае эҷодкори муссаммати мустақилу озод нест.

Дар навъи дуюми муссаммат мо комилан озод будани шоирро мушоҳида менамоем. Барои намуна як муссаммати мухаммаси мустақили Сайидоро зикр намуда, оид ба санъати назми ӯ аз намунаи мазкур натиҷагирӣ хоҳем кард:

Дидаро умре ба мардум ошно кардам, нашуд,

Синаро оинаи сидқу сафо кардам, нашуд,

Бо баду неки ҷаҳон аҳду вафо кардам, нашуд,

Дар дили ҳар кас зи рӯи меҳр ҷо кардам, нашуд,

Хонаи шодӣ ба рӯи хеш во кардам, нашуд.

Муддате чун соя будем дар қафои шайху шоб,

Рӯзгоре ҳамншин будам ба минову шароб,

Сар ба танҳоӣ барорам баъд аз ин чун офтоб,

Поси хотир то ба кай дорам дар ин дайри хароб,

Бо қаландар шӯрбу бо зоҳид риё кардам, нашуд.

Меҳрубониҳо намудам дӯстони хешро,

Ёр бо мадҳу санно кардам забони хешро,

Чун қалам гӯям манакнун достони хешро,

Хоки пок ҳар як аз ҳамсӯҳбатони хешро,

Солҳо дар дидаи худ тӯтиё кардам, нашуд.

Маҷлиси ағёр равшан кардааст он майпараст,

Эй мусулмонон, чӣ бояд кард бо он шӯхи маст?

Дар фироқи зулфи кофаркеш мехурдам шикаст,

Обрӯи рафтаро мехостам орам ба даст,

Дар ҳарими Кааба чандоне дуо кардам, нашуд!

Сайидо, дорам дили чун ғунчаи гул пур зи хун,

Кавкаби бахтам дар об афтода, толеъ шуд забун,

Меравам, занҷир дар по, дар биёбони ҷунун,

Баски ноком аз дили офоқ афтодам бурун,

Қимати худро ба нархи хоки по кардам, нашуд.

Албатта, муссаммат аз нимаҳои дуюми асри XIII зуҳур карда, дар асри XV ҳар ду навъи он хеле инкишоф кардааст ва дар ин аср (XV) хусусан устод Ҷомӣ онро басо ривоҷ додааст. Сайидо суннати адабии мазкурро дар асри XVII таҳаввули махсус бахшида, онро аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво тозагиҳо ворид сохт

Чунончӣ, ба ғазали зерини Соиб муссаммати мухаммаси «Ғаме дорам»-ро бастааст, ки

Сари пуршӯру ҷисми лоғару пушти хаме дорам,

Дар ин водӣ фаровон дарди бедармон ғамдорам,

Парешонхотирам имрӯз гӯё мотаме дорам,

«Лаби хушку дили хунину чашми пурнаме дорам,

Нигаҳ дорад Худо аз чашми бад хуш оламе дорам»

Агар гул дар замини дил нишонам, хор мерӯяд,

Ниҳоли сабз корам, неш аз гулзор мерӯяд,

Маро аз сина дил ҳамчун забони мор мерӯяд,

«Ба ҷои ҷавҳари оинаам зангор мерӯяд,

Гуворо бод айшам хуш баҳори хурраме дорам»,

Ба гардун тири оҳи ҳастагон созад асар, Соиб,

Барояд эҳтиёҷи Сайидо аз чашми тар, Соиб,

Чу шабнам гаштаам аз пеши худ соҳибназар, Соиб,

«Зи рози осмонҳо чун набошам бохабар, Соиб,

Ки ман аз косаи зонуи худ Ч,оми Ч,аме дорам».

Шоир дар ин навъи ашъор низ ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, ба мавзӯъҳои мухталифи рӯзгори инсон дахолат менамояд. Ӯ дар ҳама гуна ҳолату вазъият аз ноадолатиҳои рӯзгор шикоят дорад ва ба ҳамин мазмун ғазал меёбад ва муссаммат мебандад, ки дар мантиқи оддии ифода, ба ҳам омадани андешаҳои шуарои тоҷик дар асрҳои гуногун, дар муҳиту замонҳои мухталиф аст. Чунончи, боз дар ҳамфикрӣ бо Соиб мегӯяд:

Дар чаман имрӯз булбул масти гуфтори худ аст,

Кабк дар кӯҳсорҳо дар банди рафтори худ аст,

Сарв мағрури қаду гул маҳви рафтори худ аст,

«Ҳар киро бинам дар ин олам гирифори худ аст,

Кори ҳақ дар тоқи насён монда дар кори худ аст»,

Рӯзгоре шуд, ки дар вайронае ҳастам муқим,

Мекунам пайваста ёд аз аҳди ёрони қадим,

Ин нидо омад урун аз хоки Мӯсои Колим,

«Хизр осудаст аз таъмири девори ятим,

Ҳар касеро рӯй дар таъмири девори худ аст».

Хонабардӯшем моро ҳоҷати дастор нест,

Пайкари моро либоси тозае даркор нест,

Сайидо, моро назар ба чашми дунёдор нест,

«Чашми Соиб чун садаф бар абри гавҳарбор нест,

Зери бори миннати табъи гуҳрбори ман аст».

Яъне Миробид Сайидои Насафӣ дар таҳаввули жанри муссаммати мухаммас ва махсусан дар ғанӣ гардонидани мазмуну мӯҳтавои он рисолати таърихии хешро адо кардааст.

«Шаҳрошӯ(5»-и Сайидо ва сохтори он, тасвири ҳунармандон Дар ин
асар.

«Шаҳрошӯб»-и нахустин ба қалами шоири асри XI тоҷикзабони ҳинд Масъуди Саъди Салмон тааллуқ дорад. Маҳастии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Сайфии Бухорои, Огаҳӣ, Мирмуҳаммади Ҳошим, Мавлоно Озарӣ ва бисёр дигарон навъҳои гуногуни шаҳрошӯб навиштаанд.

Сайидо дар асри XVII суннати эҷоди чунин асарро эҳё кард, ки яке аз хидматҳои дигари адиб дар таърихи адабиёт мебошад. «Шаҳрошӯб»-и Сайидо дар навъи муайяни адабӣ (ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ…) навишта намудааст ва аз ин рӯ, асари шоир дар шакли худ озод аст. «Шаҳрошӯб»-и Сайидо аз омезиши шаклҳои гуногуни шеърӣ иборат мебошад. Аз ин нигоҳ бунёди «Шаҳрошӯб»-и Сайидоро байтҳои фард ташкил медиҳанд ва ҳар як байт як шеъри мустақил аст. Бинобар ҳамин ҳам асар вазни ягона низ надорад ва дар вазнҳои гуногун навишта шудааст.

Миробид Сайидои Насафӣ дар «Шаҳрошӯб» намояндаи касбу корҳои гуногун мисли: заргар, бофанда, кӯлолӣ, танбӯрӣ, қаннод, хиштпаз, мӯзадӯз, чарчинфурӯш, тоқидӯз, деворзан, кабобпаз, ҳалвогар, дарзӣ ва ғайраро хеле устодона тасвир кардааст. Дар ин асари шоир ҳамагӣ 212 нафар намояндаи касбу ҳунар ба таври ҳазломезона васф карда мешавад.

«Шаҳрошӯб» нишон медиҳад, ки Сайидо то кадомин поя бо мардуми меҳнатӣ, бо табақаҳои иҷтимоӣ-истеҳсолии ҷамъият наздик аст. Ба мардум, ба нозукиҳои кору пешаи онҳо ба рӯзгору зиндагӣ ба муносибату рафтор ва гуфтору фаъолияти онҳо аз наздик ошно мебошад.

Асар арзиши адабӣ-ҳунарӣ низ дорад, зеро аз ҷониби шоири тавоно, сухансанҷи соҳибистеъдод рӯи кор омадааст. Санъати суханофаринии адиб, ҳунари эҷоди санъаткор, сабки нигоришу шеваи таълифи Сайидо дар ин асар то ба ҳадде хусусияти халқӣ гирифтааст.

Чунончи:

Дилбари ҳалвагарамро ҳаст теғе дилхарош,

Аз ғами ӯ қоматам хеле гашт чун ҳалвотарош

ё худ:

Дилбари қассоби ман омад, дӯкони худ кушод,

Дунбаро аз пеши худ бигрифт, пеши ман ниҳод!

[1]     Арбоби ҷуд-аҳли сахо

[2]     Байза-тухм

[3]     Басират- чашм

[4]     Сафина-девони ашъор

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …