Главная / Гуногун / Мусафеди безан ва танҳо

Мусафеди безан ва танҳо

Пирамардеро гуфтанд:
– Чаро зан накунӣ?
Гуфт:
– Бо пиразанонам айше набошад!
Гуфтанд:
– ҷавоне бихоҳ, чу мукнат дорӣ?!
Гуфт:
– Маро, ки пирам бо пиразанон улфат нест, пас ўро, ки ҷавон бошад, бо ман, ки пирам, чӣ дўстӣ сурат бандад?!

starikЗўр бояд на зар, ки бонуро
Гурзе дўсттар, ки даҳ ман гўшт.

Шунидаам, ки дар ин рўзҳо кўҳанпире
Хаёл баст ба пиронасар, ки гирад ҷуфт.
Бихост духтараке хубрўй, Гавҳар ном,
Чу дурҷи гавҳараш аз чашми мардумон бинуҳуфт.
Чунон ки расми арўси бувад, муҳайё буд,
Вале ба ҳамлаи аввал асои шайх бихуфт.
Камон кашиду бизад бар ҳадаф, ки натвон духт,
Магар ба сузани фулод ҷомаи ҳангуфт.
Ба дўстон гила оғоз карду ҳучҷҷат сохт,
Ки хону мони ман ин шухдида пок бируфт.
Миёни шавҳару зан ҷангу фитна хост чунон,
Ки сар ба шаҳнаву қози кашиду Саъдӣ гуфт:
«Пас аз хилофу шанеат гуноҳи духтар чист?
Туро, ки даст биларзад, гуҳар чӣ донӣ суфт!».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …