Главная / Гуногун / Мусафед бо духтаре дар хилват

Мусафед бо духтаре дар хилват

Пире ҳикоят мекунад, ки духтаре хоста будам ва хуҷра ба гул ороста ва ба хилват бо ў нишаста ва дидаву дил дар ў баста. Шабҳои дароз наҳуфтаме ва базлахову латифаҳо гуфтаме, бошад, ки муонисат пазираду ваҳшат нагирад. Аз ҷумла шабе мегуфтам: «Бахти баландат ёр буваду чашми давлатат бедор, ки ба сўҳбати пире афтоди пухтапарварда, ҷаҳондида, ки ҳаққи сўҳбат бидонад ва шарти маваддат ба ҷой оварад мушфиқу меҳрубон, хуштабъу ширинзабон:

unnamedТо тавонам, дилат ба даст орам,
В-ар биёзориям, наёзорам.
В-ар чу тўти шакар бувад хўришат,
Ҷони ширин фидои парваришат.

На гирифтор омади ба дасти ҷавоне муъҷиб, хирарой, сартези сабукпой, ки хар дам ҳавасе барад ва ҳар лаҳза рое занад ва ҳар шаб ҷое хусбад ва ҳар рўз ёре гирад.

Ҷавонон гарчи хубу дилрабоянд,
Валекин дар вафо бо кас напоянд.
Вафодорӣ мадор аз булбулон чашм,
Ки ҳар дам бар гуле дигар сароянд.

Хилофи пирон, ки ба ақлу адаб зиндагонӣ кунанд, на ба муқтазои ҷаҳлу ҷавонӣ.
Зи худ беҳтаре ҷую фурсат шумор,
Ки бо чун худе гум кунӣ рўзгор!»

Гуфт:
– Чандин бар ин неъмат бигуфтам, ки гумон бурдам, ки дилаш бар қайди ман омад ва сайди ман шуд.
Ногаҳ нафасе сард аз даруни синаи пурдард бароварду гуфт: «Чандин сухан, ки бигуфӣи, дар тарозуи ақли ман вазни он сухан надорад, ки вақте шунидам аз қобилаи хеш», ки гуфт: «Зан ҷавонро агар тире дар паҳлу нишинад беҳ, ки пире!»

Бо ин ҳама ҷавру тундхўӣ,
Борат бикашам, ки хубрўӣ.

***
Бо ту маро сухтан андар азоб
Беҳ, ки шудан бо дигаре дар биҳишт.
Буи пиёз аз даҳани хубрўй
Нағзтар ояд, ки гул аз дасти зишт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …