Главная / Илм / Мурч

Мурч

murch-520x330Мурч — Ин самари дарахти ҳиндист ва ба ҳамаи ҳалқҳои мо маълум мебошад. Мизоҷи мурчи сиёҳ дар охири дараҷаи севум гарм ва хушк аст; мизоҷи мурче, ки аз пӯсти сиёҳаш ҷудо карда шуда бошад, мурчи сафед номида мешавад, дар аввали дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: мурчро бихӯранд, қуввати ҳофиза ва асабҳоро мустаҳкам мекунад ва барои иллатҳои асаб фоидаи бисёр дорад. Агар инро бо мавизи ангур бихоянд, рутубатҳои зиёдатии майна ва меъдаро кашида дафъ мекунад. Мурчро дар равған ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, барои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), карахтӣ ва ҳамаи бемориҳои аз сардию тарӣ баамаломада шифо мебахшад, аъзошиканӣ ва табҳои хунукро дафъ мекунад.

Мурчро дар гулоб ҷӯшонида, он гулобро бимоланд, назлаҳои хунукро манъ мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад; инчунин бо пӯсти кӯкнор дар об ҷӯшонида, он таркибро дар даҳан гардонанд ва ба дандон бимоланд, дарди дандони кирмхӯрдаро сокин мекунад.

Мурчро бихӯранд, балғамро меканад; меъда, ҷигар ва узвҳои ҳозимаро, ки меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз мебошанд, гарм мегардонад ва қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғи туршро дафъ мекунад, ҳазми ғизои бадҳазмро сабук мегардонад, хуни ғафси одамони сардмизоҷро рақиқ месозад; иллати махав, бодҳо ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад. Агар инро бо барги тари ғор якҷо кӯфта бихӯранд, боди шикамро барҳам медиҳад. Мурчро кӯфта, бо сирко сиришта гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад ва агар бо мудовамат бихӯранд, қулинҷи бодӣ ва балғамро нест мекунад.

Мурчро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, торикии чашмро дафъ мекунад, гули чашмро пок менамояд ва нохунаки ин узвро барҳам медиҳад; инчунин агар инро бихӯранд, сурфаи сарди тармизоҷ, тангии нафас, дарди узвҳои даруни сина ва дамкӯтаҳиро ба ибро меоварад; агар бо асал бихӯранд, дарди гулӯро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар ин узв бошад, шифо мебахшад, шушро пок месозад ва ҷамъ шудани рутубат ва балғамҳоро манъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд; агар бо мозу ва пӯсти анор бихӯранд, чакмезакро шифо мебахшад, бисёр омадани пешоб ва ҳайзро ба эътидол меоварад.

Мурчро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад; агар баъд аз мубошарат ҳамин тавр бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Мурчро бо ширу шакар бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад.

murch-0-300x225Мурчро кӯфта, бо қатрон даромехта, гузошта банданд, ханозер (хукгардан)-ро таҳлил медиҳад, милкаки нохун ва доғи сафеди ин узвро дафъ мекунад, инчунин махавро шифо мебахшад. Мурчро бо ҳино даромехта батакрор гузошта банданд, нохуни аз милкак ва шукуфаи пӯст афтодаро аз нав мерӯёнад. Мурчи кӯфтаро бо чарбии мурғ ва орди боқилою нахӯд сиришта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад; бо танакори арманӣ, яъне бо натрун даромехта банданд, доғи сафеди пӯстро бениҳоят пок месозад, рухсораро сурх мегардонад; бо пиёз ва намак даромехта, бошиддат бимоланду баъд инро гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.

Мурч асабҳо ва мушакҳоро ба ҳадде гарм мекунад, ки дар ин бобат тимсоли ин даво вуҷуд надорад. Мурчро кӯфта, дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанду қай кунанд, заҳри мор, каждум ва афюнхӯрдаро аз бадан дафъ месозад, барои ин батакрор ҷӯшонида нӯшидан даркор аст. Ин об барои ҳамаи заҳрҳои хунукмизоҷ, аз ҷумла бар зидди заҳри ашаддӣ, ки биш аст, тарёқ мебошад.

Табибони Ҳиндустон мегӯянд, ки чун шахси моргазида мурчро бихояду агар тезии онро эҳсос намояд, маълум мешавад, ки заҳр дар бадани вай чандон таъсир накардааст, вале агар тезии онро ҳис накунад, равшан аст, ки заҳр дар бадани вай таъсир кардааст — ин имтиҳони қавӣ мебошад аз барои халос хӯрдан аз заҳр ё барои донистани ҳолати таъсири он.

Хӯрдани мурч одамони гарммизоҷро дарди сар медиҳад, узвҳои даруни сина ва ҳалқро дағал мегардонад, ба ҷигар ва гурдаи гарммизоҷ ҳам зарар дорад, инчунин ба касоне, ки баданашон камхун аст, низ ва ба касоне, ки дар ботин ва роҳҳои пешобашон ҷароҳат дошта бошад, зиён мекунад, дар фасли гармо маниро хушк мегардонад, ба ҷавонони гарммизоҷ ва ҳангоми мавҷуд будани бемориҳои гарммизоҷ ва иллатҳои тунд хӯрданаш ҷойиз нест. Барои ислоҳи ҳамаи ин гуна зарарҳояш равғанҳои сардмизоҷ бояд бихӯранд, вале агар ба касони сардмизоҷ зарар расонад, асали соф истеъмол намоянд, кифоя аст.

Миқдори хӯрдан дар як рӯз аз мурч то 4,5 грамм аст. Ба ҷойи мурч занҷабил истифода намоянд, равост. Истеъмоли мурчи сафед барои меъда, сипурз ва заҳра беҳтар аз навъи сиёҳи он аст. Ба ҷойи мурчи сиёҳ якуним вазни он мурчи сафед истеъмол карда мешавад.

Аз мурч равған ҳам тайер мекунанд ба ин тариқ. Ҳар қадар ки хоҳанд, мурчро гирифта, ҷавкӯб намуда, ба ҳар як 300 грамми он 25 грамм намак дохил карда, шаш баробари вазни мурч оби гарм аз болояш бирезанду муддате дар ҷойи гарм бигузоранд, ё дар саргини асп дафн кунанд, то ки ба ҷӯш ояд, яъне маст шавад. Баъд дар анбиқ муқаттар намоянд ва равғанро аз рӯйи он оби муқаттаргашта бардоранд — ин равғани мурч ҳисоб меёбад. Инро дар шиша нигоҳ доранд ва дар вақти ҳоҷат ба кор баранд.

Равғани мурч ҳамчун даво ҳамаи хислат ва қувватҳои мурчро дорад, балки аз он қавитар аст, аммо дар ин равған тезии мурч нест. Хӯрдани ин равған ҳамаи бемориҳои сардмизоҷро шифо мебахшад. Миқдори як бор ошомидан аз равғани мурч дар як рӯз аз як то се қатра аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …