Главная / Илм / МУРЧ

МУРЧ

murchМУРЧ (Piper nigrum), фулфул, филфил, буттаест, ки пояи борики печанда дорад (дарозиаш то 12 м). Баргаш байзашакли думчадор, хӯшагулаш саракмонанд (дарозиаш 5 – 10 см), гулаш майдаи сафед ё зардтоб; аз вазиши бод гардолуд мешавад. Мевааш доначаи яктухма (диаметраш 3 – 5 мм), тунди сабз, баъди пухтан сурх мешавад. М.-ро дар нимхомӣ меғундоранд; баъди хушконидан ранги сиёҳ мегирад. М. аз тухм ё кӯчат зиёд карда мешавад. Ниҳоли М. баъди 3 – 4 соли кишт ва баъди 5 – 6 моҳи кӯчат гул мекунад. Мевааш баъди 8 – 10 моҳ мепазад. Аз ҳар бех растанӣ 0,6 – 1,5 кг ҳосил меғундоранд. Тундии мурч ба миқдори пиперин (5 – 9%), бӯяш ба равғани эфир (0,9 – 2,5%) вобаста аст. Он инчунин 1 – 2% зифт, 6 – 12% равған ва оҳар дорад. М.-ро замонҳои пеш ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон меоварданд.
М. дар тиб ҳамчун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим истифода мешавад. Он ҷузъи таркибии баъзе доруҳо низ мебошад. Табибон М.-ро давои ангина, сурфа, бронхит, сусткамарӣ, баъзе бемориҳои пӯст, санги гурда, радикулит, остеохондроз, дарди буғумҳо, аденома, рехтани мӯй ва ғ. меҳисобанд. Агар як қошуқ М.-ро дар як истакон асал омехта, рӯзе 3 – 4 маротиба якчумчагӣ биошоманд, ба ангина ва сулфаи тар даво мебахшидааст. Агар як қошуқ М.-и кӯфта ва як қошуқ шакарро омехта карда, 0,5 қошуқчаи онро ба як истакон шир андохта биёшоманд, боҳро тақвият мебахшидааст. М.-ро бихӯранд, балғамро меканад, меъда, ҷигар ва аъзои ҳозимаро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад, оруғи туршро дафъ мекунад. М.-и куфтаро бо чарбии мурғ ва орди боқилою нахӯд сиришта гузошта банданд, бемории барас (песӣ)-ро даво месозад. Агар ба як истакон равғани зайтун як қошуқ М.-и кӯфта андохта, дар оташи паст 5 – 10 дақиқа ҷӯшонанд ва баъди хунук шудану полондан онро ба узви дардманд моланд, бемории радикулит, остеохондроз, сӯзиши банду буғумҳо, неврити асаби рӯй ва фалаҷро нафъ мекардааст. Истеъмоли М. одамони гарммизоҷро дарди сар медиҳад. Дар мавриди камхунӣ, бемориҳои аллергӣ, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифодаи М. зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …