Главная / Гуногун / Муолиҷаи муносиби бехобӣ (Дуо)

Муолиҷаи муносиби бехобӣ (Дуо)

Дар «Табаронӣ» аз Ҳазрати Зайд ибни Собит (раз) ривоят шудааст, ки: Шабҳо хобам мепарид ва маро асло хоб намеомад. Ба ҳамин хотир мушкиламро ба Расулуллоҳ, (с) зикр намудам, то роҳи ҳаллеро барои он пайдо намояд. Баъдан Расулуллоҳ (с) фармуд:

bexobi

Ин дуоро бихон:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма ғорати-н-нуҷуму ва ҳадаати-л-уюну ва Анта Ҳайюн Қайюмун ло таъхузука синату-в-ва ло навмун, ё Ҳайю ё Қайюму аҳдӣ лайли ва аним айнӣ.

Тарҷума: Парвардгоро, ситораҳо ғуруб карданд ва чашмҳо ба хоб рафтанд ва Ту Зиндаву Пойдорӣ. Туро чурту хоб дарнамегирад, эй Зиндаи Пойдор. Шабро барои ман оромиш қарор бидеҳ ва чашми маро неьмати хоб ато бахш.

Вақте ин дуоро хондам, бинобар фазли Худовандӣ бемории бехобиям бартараф гардид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …