Главная / Илм / МУОЛИҶАИ УЛТРАСАДОӣ

МУОЛИҶАИ УЛТРАСАДОӣ

ultrasadoМУОЛИҶАИ УЛТРАСАДОӣ, бо мақсади табобат кор фармудани мавҷҳои ултрасадои басомадашон муайян. Басомади мавҷҳои ултрасадое, ки барои муолиҷа истифода мешаванд, 0,8 ва 3,0 Мгс, инчунин 22 ва 44 кГс аст. Умқи ба бофтаҳо даромадани ултрасадо ҳангоми М. у. 20 – 50 мм мебошад; дар ин гуна маврид он таъсири механикӣ, ҳароратӣ, физикию химиявӣ мерасонад, мубодилаи моддаҳо ва вокуниши иммунитетро метезонад. Ултрасадое, ки дар аснои табобат кор мефармоянд, таъсири возеҳи бедардгардонӣ, рафъи ташаннуҷ, зиддиилтиҳобӣ, зиддиаллергӣ дошта, гардиши хуну лимфаро ба низом медарорад, тағзияи бофтаҳоро беҳтар месозад. Бинобар ин, М. у.-ро дар клиникаи бемориҳои дохилӣ, артрология, дерматология, оториноларингология ва ғ. фаровон истифода мекунанд.
Кор фармудани М. у. ҳангоми мавҷудияти омосҳо, бемориҳои сироятии шадид, заҳролудӣ, бемориҳои хун, ишемияи дил, стенокардия, тромбофлебит, гипотензияи артериявӣ, амрози силсилаи асабҳои марказӣ, ҳомилагӣ ва ғ. ҷоиз нест.
Одатан, мавҷи ултрасадои камшиддат (0,05 – 0,4 Вт/см2), баъзан миёнашиддат (0,5 – 0,8 Вт/см2)-ро истифода мебаранд. М. у.-ро метавон аз рӯи низом (режим)-и бефосила ва бофосила (импулсӣ) гузаронд. Бисёр вақт низоми бефосила корбаст мешавад.
Аз сабаби он ки мавҷҳои ултрасадоӣ ҳатто аз қабатҳои ниҳоят тунуки ҳаво инъикос мешаванд, ба тани одам онҳоро ба воситаи муҳити тамосии беҳаво – равғани вазелин ё растанӣ, марҳамҳои давоӣ, об ва ғ. мегузаронанд. Ҳангоми М. у. сараки мавҷбарорро ба пӯст зер карда ҳаракат (1 – 2 см/сон.) медиҳанд. Дар ҷойҳое, ки нуқтаҳои дард рӯшан эҳсос мешаванд, сараки мавҷбарорро метавон 5 – 10 сон. нигоҳ дошт. Муддати протседура 1 – 5 дақ. аст. Дар як даври муолиҷа 10 – 12 протседура таъйин мекунанд. М. у.-ро баъди 3 – 6 моҳ метавон такрор кард. М. у. пас аз 1 – 2 соати истеъмоли ғизо ба амал бароварда мешавад. Онро бо тадқиқи рентгенологӣ ва масҳ дар як рӯз иҷро кардан мумкин нест. Дар давраи табобат бемор бояд аз истеъмоли шароб ва доруҳои хобовар худдорӣ намояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …