Главная / Илм / МУОЛИҶАИ БОҶАДАЛ

МУОЛИҶАИ БОҶАДАЛ

bochadalМУОЛИҶАИ БОҶАДАЛ, як тарзи табобати махсуси беморон ва ҷабрдидагоне, ки дар онҳо бинобар вазнин будани беморӣ, осеб, ҷарроҳӣ ё заҳролудӣ ноҷӯриҳои барои ҳаёт хавфнок ба амал омадаанд ё мумкин аст ба амал оянд.
М. б. аксар вақт ҳангоми сактаи мушаки дил, хунравии фаровон ва бемориҳои илтиҳобии вазнини шуш, осеби устухонҳои косахонаи сар, кос ва қабурғаҳо, бемориҳои шадид ва музмини гурда ва заҳролудӣ кор фармуда мешавад. М. б.-ро дар шӯъбаҳои анестезиология ва реаниматсия ё шӯъбаҳои махсуси пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои тиббӣ (кардиологӣ, нефрологӣ, токсикологӣ ва ғ.) ба амал мебароранд.
Мушоҳидаи боҷадал (интенсивӣ) назорати доимӣ аз болои ҳолати бемор, ақлу ҳуш, фишори артерия ва вена, набз, ЭКГ, адади нафасгирӣ ва ғ.-ро дарбар мегирад. Ҳамаи маълумот ба корти махсуси мушоҳида ва табобати бемор ворид карда мешавад. Мушоҳидаи боҷадал хусусан дар мавриди истифодаи мониторҳо, ки параметрҳои фаъолияти ҳаётии беморро қайд мекунанд, нисбатан босамар аст.
М. б. истифодаи маҷмуи тадбирҳои табобатиро дар назар дорад: тазриқи дохиливаридӣ, вентилятсияи сунъии бардавоми шуш, интубатсия, оксигеншифоӣ, гурдаи сунъӣ, гемосорбсия, кардиостимулятсия, тағзияи сунъӣ ва ғ.
М. б. бидуни иштироки кормандони миёнаи тиббӣ ғайриимкон аст. Кормандони миёнаи тиббӣ бояд масҳи дил, нафасдиҳии сунъӣ, кушодани роҳи нафасро донанд, тамоми асбобҳоро шиносанд, тарзи кор бо мониторҳо, респираторҳо, ингаляторҳо, дефибрилляторҳоро аз худ кунанд. Корманди миёнаи тиббӣ бояд тамоми таъиноти духтуронро аниқ иҷро намояд, вақт ва тартиби протседураҳоро риоя намояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …