Главная / Илм / МУОИНАИ ТИББӣ

МУОИНАИ ТИББӣ

muoinai-tibbiМУОИНАИ ТИББӣ, яке аз тарзҳои асосии муоинаи тандурустии аҳолӣ. М. т. ҷиҳати ҳатмии фаъолияти духтурони марказҳои саломатӣ, амбулаторияҳо, диспансерҳо, қисмҳои тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва баъзе дигар муассисаҳои табобатию профилактикӣ аст. М. т. аз рӯи вазифа ва хусусият ба муоинаи пешакӣ, даврӣ ва мақсаднок ҷудо мешавад.
М. т. аз муоинаи тан ва пурсиши бемор, ченакҳои антропометрӣ (қад, вазн ва ғ.), тадқиқоти лабораторӣ иборат аст. Ҳангоми М. т.-и мақсаднок ва гумонбар шудан ба касалӣ духтур беморро ба назди дигар мутахассисон мефиристад.
Муассисаҳое мавҷуданд, ки хусусияти кори онҳо кормандони билкул солимро талаб мекунад ва пеш аз ба кор қабул шудан, коргарон бояд аз М. т.-и қаблӣ гузаранд (бо ибораи дигар, қобилияти ба ин ё он кор машғул шуда тавонистани одамон санҷида мешавад). Ин пеш аз ҳама ба заводҳо, фабрикаҳо, сехҳо, муассисаҳое дахл дорад, ки кори онҳо зарари касбӣ меорад (корхонаҳои химиявӣ, сехҳои истеҳсоли аккомулятор ва ғ.). Аз М. т.-и қаблӣ касоне мегузаранд, ки касби онҳо боқувватӣ, зиракӣ, зудбинӣ, зудшунавоӣ ва ғ. (моҳигирон, ронандаҳо, лётчикҳо ва ғ.)-ро талаб мекунад. Наврасон пеш аз ба кор омадан, сарфи назар аз хусусияти корхона, аз М. т.-и қаблӣ мегузаранд.
М. т.-и қаблӣ барои одамоне низ ҳатмист, ки ба муассисаҳои саноати хӯрокворӣ, хӯроки ҷамъиятӣ ва савдои молҳои хӯрокӣ, ба ҳаммомҳо, сартарошхонаҳо, иншооти қабури об, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва бачагона ба кор мераванд. Дар ин ҳолат мақсади муоина ба муассисаҳои номбурда роҳ надодани шахсони гирифтори бемориҳои сироятӣ, яраҳои римнок ва гелминтозҳо аст. Одатан, ҳангоми муоина ҳомилиангезандаҳои бемориҳои сироятӣ будан ё набудани одамро низ месанҷанд.
М. т.-и қаблӣ ҳамчунин барои шахсоне ҳатмист, ки ба донишкадаю коллеҷҳо дохил мешаванд. Ҷавононе, ки ба сафи Артиши Тоҷикистон даъват мешаванд, аз М. т.-и қаблӣ мегузаранд. Натиҷаи муоина ба хизмати ҳарбӣ лоиқ будани онҳоро муайян месозад. Ин ҳангоми тақсимот ба навъҳои қӯшун ба назар гирифта мешавад.
Коргарон, хизматчиён, хонандагоне, ки баъди гузаштан аз М. т.-и қаблӣ ба кор қабул шудаанд, баъди муддати муайян, одатан, баъди чанд моҳ (вале на аз ду сол зиёд) ҳар сари чанд вақт аз М. с. мегузаранд.
М. т.-и даврӣ бо мақсади пешгирии бемориҳо аст. Он барои мушоҳидаи вазъи саломатӣ, ошкор намудани аломатҳои бармаҳали беморӣ, аз ҷумла бемориҳои касбӣ ва саривақт табобат кардани онҳо гузаронида мешавад.
Усули асосии М. т.-и даврӣ муоинаи то диспансеронӣ мебошад. Бинобар тадриҷан ҷорӣ намудани диспансеронии аҳолӣ аҳамияти М. т.-и диспансерӣ барои пешгирии касалиҳо, ошкор кардани одамони ба ягон беморӣ, аз ҷумла амрози ирсӣ моил ва ташхиси саривақтии беморӣ афзун мегардад. Муносибати бошуурона ба муоина, риояи фармоиш ва маслиҳатҳои духтур самараи М. т.-ро меафзояд, ба нигаҳдорӣ ва пойдории саломатии аҳолӣ ёрӣ мерасонад.
Ҳангоми ошкор намудани ягон нишондоди пешомадаш номатлуб М. т.-и оммавӣ амиқтар гашта, ба он мутахассисони зарурӣ ҷалб карда мешаванд, аз тадқиқоти лаборатории мақсаднок истифода менамоянд.
Натиҷаи М. т.-и давриро таҳқиқ ва бо натиҷаи М. т.-и қаблӣ қиёс мекунанд. Дар сурати ошкор гаштани ягон беморӣ ба хусусиятҳои истеҳсолот вобастагӣ доштан ё надоштани он муқаррар карда мешавад. Коргарони дорои аломатҳои амрози касбиро зери назорати тиббӣ мегиранд, дар истеҳсолот бошад, чораҳои дахлдори санитарию гигиенӣ ва пешгирии ин бемориҳоро меандешанд.
М. т.-и қаблӣ ва давриро кормандони қисмҳои тиббию санитарӣ, марказҳои саломатӣ, амбулаторияҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва диг. муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ба корхонаҳои муайян хизмат мерасонанд, мегузаронанд.
М. т.-и даврии кӯдакон аз рӯзи таваллуди онҳо сар мешавад. Кӯдакони синнашон то яксоларо моҳе камаш як бор, то дусоларо камаш дар се моҳ як бор, то сесоларо камаш дар 6 моҳ як бор ва минбаъд соле як маротиба аз М. т. гузарондан лозим аст. Мактаббачагон бошанд, дар мактабҳо ҳар сол баъди таътили тобистона бояд аз М. т.-и ҳаматарафа, санҷиши биноӣ ва шунавоӣ гузаранд.
М. т.-и мақсаднок то андозае муҳим аст. Вазифаи он сари вақт ошкор кардани бемориҳои сил, омосҳои хавфнок, касалиҳои дилу раг, гинекологӣ ва ғ. мебошад. Ба ин гуна муоина шахсони синну сол ва касбашон гуногун, баъзан касоне ҷалб мешаванд, ки ба духтур бо дигар сабаб муроҷиат кардаанд. М. т. имкон медиҳад, ки беморӣ ҳанӯз дар ибтидои пайдоиш ошкор гардад.
Муоинаи профилактикии занон бо мақсади муайян кардани бонувони ба табобат мӯҳтоҷ гузаронда мешавад. Баъзе амрози гинекологӣ, чунончи миома ва газаки музмини зоидҳои бачадон (ниг. Аднексит) дар аввали инкишофи худ ноаён давом карда, ба ҳолати умумии занҳо таъсир намерасонанд. Бармаҳал ошкор намудани онҳо имкон медиҳад, ки муолиҷа сари вақт сурат гирад. Мутаассифона, баъзе занон аҳамияти М. т.-ро нафаҳмида ба саломатии худ бепарвоёна муносибат мекунанд, гоҳо бинобар серкорӣ ва шармгинӣ аз М. т. сар мекашанд, бемориро аз вақташ мегузаронанд. Ҳар як зан, сарфи назар аз синну сол, ҳарчанд худро комилан сиҳат шуморад ҳам, бояд соле ду маротиба ба қабули духтури занона равад.
М. т.-и занонро духтурони мушоварагоҳи занона бевосита дар он ҷо ё дар кабинетҳои махсусе, ки дар ҷои кор мавҷуд аст, мегузаронанд. Дар назди марказҳои саломатии ноҳияҳо ва қисмҳои тиббии заводу фабрикаҳо кабинетҳои муоина амал мекунанд, ки ба занон, сарфи назар аз шакли беморӣ, кумак мерасонанд. Дар деҳот занон дар касалхонаҳои маҳалла, амбулаторияҳо, бунгоҳҳои фелдшерию акушерӣ муоина карда мешаванд.
У. Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …