Главная / Маданият ва санъат / Муноҷотҳои Иброҳими Наққош

Муноҷотҳои Иброҳими Наққош

Ё Раб, аз лутфи амимат, ки гунаҳ бахшӣ маро,
Ҳаққи Раҳмону Раҳимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Гаштаам саргашта чун сайде ба доми зиндагӣ,
Ҳаққи асмои Азимат, ки гунаҳ бахшӣ маро,
Ташнаам, аз соғари раҳмат маро сероб кун,
Ҳаққи он Зоти қадимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Вақти назъи ҷон, ки ояд ҷони нофармон ба лаб,
Ҳаққи Тавроти Калимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Гоҳи мурдан з-ин ҷаҳон бегавҳари имон мабар,
Ҳаққи он номи Каримат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Дар даруни гури тангам мунисам лутфи Ту бас,
Ҳаққи бахшишҳову бимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Рӯзи маҳшар кун шафеи ман Расули инсу ҷон,
Бар Сироталмустақимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Рӯзии Наққош кун ҳам ҷаннату дидори Хеш,
Ҳаққи Олову наъимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
* * *
Маро аз аҳли имон кун, Худоё,
Ба дини худ мусалмон кун, Худоё.
Бидеҳ тавфиқи роҳи ҷустани шаръ,
Анисам дарси Қуръон кун, Худоё.
Забонро, к-ӯ калиди қуфли мадҳ аст,
Ба тавҳид гуфтан осон кун, Худоё.
Дилам, к-у махзани ганҷинаи Туст,
Ҳақоиқ ҷумла эҳсон кун, Худоё.
Гаҳи рафтан аз ин дунёи фонӣ,
Раҳо аз макри шайтон кун, Худоё.
Даруни хонаи андӯҳу ваҳшат,
Азоби қабр осон кун, Худоё,
Зи ҷаннат равзае бикшо ба рӯям,
Ҳама неъмат фаровон кун, Худоё.
Чу рӯзи растахез ояд падидор,
Маро дар хайли покон кун, Худоё.
Ба раҳмат афв кун исёни Наққош,
Набиро аз шафеон кун, Худоё.
Ба ҷаннат бар, намо дидор рӯзӣ,
Анисам ҳуру ғилмон кун, Худоё
* * *
Дил аз нурат мунаввар кун, Худоё,
Забонам шукрпарвар кун, Худоё.
Зи бӯйи ғунчаи гулзори маънӣ,
Димоғамро муаттар кун, Худоё.
Сухан гӯям, агар дар васфи зотат,
Каломам шаҳду шаккар кун, Худоё.
Ба кохи синаам оҳи шаб афрӯз,
Ба субҳам дидаи тар кун, Худоё.
Ба лафзам гоҳи рафтан з-ин харобот,
Дур(р)и «Аллоҳу акбар» кун, Худоё.
Кафан созӣ маро аз гарди хиҷлат,
Зи имонам Ту зевар кун, Худоё.
Муҳаммад Мустафо бо ҷамъи ёрон,
Шафеи рӯзи маҳшар кун, Худоё.
Миёни боғи хулди бемисолат,
Ҳама неъмат мукаррар кун, Худоё.
Ба ҷаннат ғунчаи лабҳои Наққош,
Гуворо з-оби Кавсар кун, Худоё.
Ба қалбам меҳри худ ҷо кун, Худоё,
Раҳо аз ҷумла ғамҳо кун, Худоё.
Ба зикри номи покат ҳар замоне
Лабонам шаккаросо кун, Худоё.
Дари ганҷинаи ирфону ҳикмат
Ба рӯям хамчу гул во кун, Худоё.
Макун муҳтоҷ бар шахсе Ту имрӯз,
Муродам ҷумла эҳё кун, Худоё.
Ҳам аз ганҷинаҳои олами ғайб
Маро рӯзӣ муҳайё кун, Худоё.
Ба имон қабз кун арвоҳи моро,
Муқими боғи аъло кун, Худоё.
Зи тоби оташи гармои маҳшар,
Ба зери Арш маъво кун, Худоё.
Зи ҳавзи Кавсарам сероб гардон,
Ба дидорат Ту бино кун, Худоё.
Зи лутфат ҷисми Наққоши ҳазинро,
Зи ҷурму ғам мубарро кун, Худоё.
* * *
Ё Илоҳо, қалби моро гавҳари асрор бахш
Аз шароби лоязолӣ соғари саршор бахш.
Мо намегӯем аз фирдавсу аз нозу наим,
Дар паноҳи раҳматат аз дузахи пурнор бахш.
Гарчи аз тооту вирди нимашаб осудаем,
Қалби моро субҳгоҳон завод истиғфор бахш.
Ноаён ояд ба поён олами нопойдор,
Умри кутаҳро замони хушдилӣ бисёр бахш.
Ронда гаштем аз дари аҳли замон чун нокасон,
Ё илоҳалоламин, бар остонат бор бахш.
Аз ту мехоҳем тавфиқи амал дар зиндагӣ,
Ҳам зи ихлосу ниёзу оҷизӣ осор бахш.
Ҷурму исёнро ба даргоҳат мукаррар кардаем,
Ҳам зи лутфу марҳамат такрор бар такрор бахш.
Бишнавад гӯши кари Наққош сури ирҷиъӣ ,
Рӯҳи ӯро ҷой андар манзили аброр бахш.
* * *
Худовандо, мани бечора инъоми Ту мехоҳам,
Залилам гарчи пеши халқ, икроми Ту мехоҳам.
Накардам тоате бар даргаҳат ғайри риё холис,
Умеди мағфират аз раҳмати оми Ту мехоҳам.
Надорам тоати шабҳо, муноҷоти саҳаргоҳӣ,
Ба қалбам ноби ирфон аз маю ҷоми Ту мехоҳам.
Ту гуфтӣ: «Кун дуо бо кулли асмоям барои худ»,
Кунун афви гуноҳи хеш бо номи Ту мехоҳам.
Шароби нафс масту бехудам аз роҳи тоат кард,
Сурӯши роҳи огоҳӣ зи пайғоми Ту мехоҳам.
Намедонам, чӣ созам бо сияҳрӯии рӯзи ҳашр ,
Мисоли сайди ваҳшӣ хешро роми Ту мехоҳам.
Намебошад муаммои ҷаҳон, Наққош, беҳикмат
Тафаккур муниси шабҳову айёми ту мехоҳам.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …