Главная / Маданият ва санъат / Муноҷоти бузургон

Муноҷоти бузургон

Ё Раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,
Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо.
Мустағниям аз дар ду ҷаҳон кун ба карам,
Ҷуз ёди Ту ҳар чи ҳаст бар аз дили мо.
* * *
Ё Раб, макун аз лутф парешон моро,
Ҳарчанд, ки ҳаст ҷурму исён моро.
Зоти Ту Ғанӣ будаву мо муҳтоҷем,
Муҳтоҷ ба ғайри Худ магардон моро.
* * *
Ё Раб, Ту замонаро далеле бифирист,
Намрудонро пашша чу пиле бифирист.
Фиръавнсифатон ҳама забардаст шуданд,
Мӯсову асову рӯди Ниле бифирист.
* * *
Ё Раб, чӣ шавад, агар маро гирӣ даст,
К-аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст.
Гар дар амалам он чи туро бошад, нест,
Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
* * *
Ё Раб, бинамо маро раҳе сӯйи наҷот,
Муҳтоҷи Туам чи дар ҳаёту чи мамот.
Аз ҷурму гуноҳи ман саросар бигӯзар,
Шарманда макун маро ба рӯзӣ арасот.
* * *
Ё Раб, ту Каримиву каримӣ карам аст,
Осӣ зи чӣ рӯ бурун зи боғи Ирам аст.
Бо тоатам ар афв кунӣ, нест карам,
Бо маъсиятам, агар бибахшӣ, карам аст.
* * *
Эй Холиқи халқ, раҳнамое бифирист,
Бар бандаи бенаво навое бифирист.
Кори мани бечора гиреҳ дар гиреҳ аст,
Раҳме бикуну гиреҳкушое бифирист.
* * *
Ё Раб, бираҳониям зи ҳиҷрон, чӣ шавад?
Роҳе диҳиям ба кӯйи ирфон, чӣ шавад?
Бас габр, ки аз карам мусалмон кардӣ,
Як габри дигар кунӣ мусалмон, чӣ шавад?
* * *
Ҷамъе ба дарат гиряву оҳ оварданд,
Ҷамъе ҳама дидаву нигоҳ оварданд.
Ҷамъе диданд хоҳиши афви Туро,
Рафтанду ҷаҳон-ҷаҳон гуноҳ оварданд.
* * *
Ё Раб, ба ду нури дидаи Пайғамбар,
Яъне ба ду шамъи дудмони Ҳайдар.
Бар ҳоли ман аз айни иноят бинигар,
Дорам назари он, ки наяфтам зи назар.
* * *
Ё Раб, ба дилам ғайри Худат ҷо магзор,
Дар дидаи ман гарди таманно магзор.
Гуфтам, гуфтам, зи ман намеояд ҳеҷ,
Раҳме, раҳме, маро ба ман во магзор.
* * *
Ё Раб, бикушо гиреҳ зи кори мани зор,
Раҳме, ки зи ақл оҷизам дар ҳама кор.
Ҷуз даргаҳи Ту кай бувадам даргоҳе,
Маҳрум аз ин дарам макун, ё Ғаффор.
* * *
Ё Раб, ба карам бар мани дарвеш нигар,
Бар холи мани ҳастаи дилреш нигар.
Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши Ту,
Дар ман манигар, дар карами Хеш нигар.
* * *
Аллоҳ, ба фарёди мани бекас рас,
Фазлу карамат ёри мани бекас бас.
Ҳар кас ба касе ба ҳазрате менозад,
Ҷуз Ҳазрати Ту надорад ин бекас кас
* * *
Эй ҷумлаи бекасони оламро кас,
Як ҷав карамат тамоми оламро бас.
Ман бекасаму Ту бекасонро ёрӣ,
Ё Раб, Ту ба фарёди мани бекас рас.
* * *
Худовандо, ба фарёди дилам рас,
Каси бекас Туӣ, ман монда бекас.
Ҳама гӯянд: «Тоҳир кас надорад».
Худо ёри ман аст, чӣ ҳоҷати кас.
* * *
Эй воқифи асрори замири ҳама кас,
Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас.
Ё Раб, Ту маро тавба деҳу узр пазир,
Эй тавбадеҳу узрпазири ҳама кас.
* * *
Ё Раб, ба каримии каримонам бахш,
Бар оби ду дидаи ятимонам бахш.
Сад бор ба лутфу карамат бахшидӣ,
Ин бор ба Султони Хуросонам бахш.
* * *
Ё Раб, ман агарчи осиву гумроҳам,
В-аз бадкорӣ фитода дар афвоҳам.
Уммед ба раҳмати Ту дорам аз он-к
Гӯяндаи «Ло илоҳа иллаллоҳам».
* * *
Ё Раб, чу бихониям, «атаъно» гӯям,
Фармонатро ба ҷон «самеъно» гӯям.
Бар ман Ту ба фазл агар «ғафарно» гуйӣ,
Ман ояму «Раббно заламно» гӯям.
* * *
Ё Раб, ман агар гуноҳи беҳад кардам,
Донам ба яқин, ки бар тани худ кардам.
Аз ҳар чи мухолифи ризои Ту бувад,
Баргаштаму тавба кардаму бад кардам.
* * *
Ё Раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам,
Имон ба ту Оламофарин медорам.
Дорам лаби хушку дидаи тар, бипазир,
К-аз хушку тари ҷаҳон ҳамин медорам.
* * *
Ё Раб, зи гуноҳи зишти худ мунфаилам,
В-аз қавли баду феъли бади худ хиҷилам.
Файзе ба дилам зи олами қудс расон,
То маҳв шавад хаёли ботил зи дилам.
* * *
Ё Раб, Ту чунон кун, ки парешон нашавам,
Муҳтоҷи бародарону хешон нашавам.
Бе миннати халқ Худ маро рӯзӣ деҳ
То аз дари Ту бар дари эшон нашавам.
* * *
Ё Раб, ба афуват ба паноҳ омадаам,
Сар то ба қадам ғарқи гуноҳ омадаам.
Чашме ба карам бибахш, к-аз ғояти шавқ,
Бе дида ба уммеди нигоҳ омадаам.
* * *
Ё Раб, Ҷаму Кай зи аҳли ҳад мебинам,
В-оҳанги ҳасудон ба лаҳад мебинам.
3-ин омадану рафтани туфон, хайрат,
Дарёи муҳит ҷуз рамад мебинам.
* * *
Ё Раб, нафасе деҳ, ки сано пардозам,
В-ин нағма ба оҳанги сазо пардозам.
Дебочаи илми Хеш дар пешам неҳ
К-аз ҳамди Ту нақши ошно пардозам.
* * *
Илоҳо, оташи ишқам ба ҷон зан,
Шарар з-он шуълаам бар устухон зан.
Чу шамъам барфурӯз аз оташи ишқ,
Бар он оташ дилам парвонасон зан.
* * *
Ё Раб, зи қаноатам тавонгар гардон,
В-аз нури яқин дилам мунаввар гардон.
Рӯзии мани сӯхтаи саргардон,
Бе миннати махлуқ муяссар гардон.
* * *
Ё Раб, зи ду кавн бениёзам гардон,
В-аз афсари фақр сарфарозам гардон.
Дар роҳи талаб маҳрами розам гардон,
3-он paҳ, ки на сӯйи Туст бозам гардон.
* * *
Ё Раб, зи камоли лутф хосам гардон,
Воқиф ба ҳақоиқи ҳавосам гардон.
Аз ақли ҷафокор дилафгор шудам,
Девонаи Худ куну халосам гардон.
* * *
Ё Раб, Ту ба фазл мушкилам осон кун,
Аз фазлу карам дарди маро дармон кун.
Бар ман манигар, ки бекасу беҳунарам,
Ҳар чиз, ки лоиқи Ту бошад, он кун.
* * *
Ё Раб, назаре бар мани саргардон кун,
Лутфе ба мани дилшудаи ҳайрон кун.
Бо ман макун он чи ман сазои онам,
Он-чи аз караму лутфи Ту зебад, он кун.
* * *
Ё Раб, ба рисолати Расули сақалайн,
Ё Раб, ба ғазокунандаи Бадру Ҳунайн.
Исёни маро ду ҳисса кун дар арасот,
Ниме ба Ҳасан бибахшу ниме ба Ҳусайн.
* * *
Ё Раб, ба дили асири ман раҳмат кун,
Бар синаи ғампазири ман раҳмат кун.
Бар пойи хароботрави ман бахшой,
Бар дасти пиёлагири ман раҳмат кун.
* * *

Эй лутфи Ту аз камол болои ҳама
В-эй зоти Ту аз улум донои ҳама.
Бинӣ баду нек ҷумла пайдову ниҳон,
Чун дидаи сунъи Туст бинои ҳама.
* * *
Эй дар сифати зоти Ту ҳайрон кеҳу меҳ
В-аз ҳар ду ҷаҳон хидмати даргоҳи Ту беҳ.
Иллат Ту ситониву шифо ҳам Ту диҳӣ,
Ё Раб, Ту ба фазли Хеш бистону бидеҳ.
* * *
Эй Холиқи Зулҷалолу в-эй бор Худой,
То чанд равам дар ба дару ҷой ба ҷой.
Ё хонаи уммеди маро дар дарбанд,
Ё қуфли муҳиммоти маро дар бикушой.
* * *
Ё Раб, ё Раб, Каримиву Ғаффорӣ,
Раҳмону Раҳиму Роҳиму Сатторӣ.
Хоҳам, ки ба раҳмати Худовандии Хеш
Ин бандаи шарманда фурӯ нагзорӣ.
* * *
Ё Раб, дари халқ такягоҳам накунӣ,
Муҳтоҷи гадову подшоҳам накунӣ.
Мӯйи сияҳам сафед кардӣ ба карам,
Бо мӯйи сафед рӯсиёҳам накунӣ.
* * *
Покиву муназзаҳиву беҳамтоӣ,
Касро нарасад мулк бад-ин зебоӣ.
Халқ он ҳама хуфтаанду дарҳо баста,
Ё Раб, Ту дари лутф ба мо бикшоӣ.
* * *
Ё Раб, бикушоӣ бар ман аз ризқ даре,
Бе миннати ин хасон расон моҳазаре.
Аз бода чунон маст нигаҳ дор маро,
К-аз бехабарӣ набошадам дарди cape.
* * *
Аллоҳ Туӣ в-аз дилам огоҳ Туӣ,
Дармонда манам, далели ҳар роҳ Туӣ.
Гар мӯрчае дам занад андар таги чоҳ
Огаҳ зи дами мӯрча дар чоҳ Туӣ.
* * *
Онӣ Ту, ки ҳоли дили нолон донӣ,
Аҳволи дили шикастаболон донӣ!
Гар хонамат аз синаи сӯзон, шунавӣ,
В-ар дам назанам, забони лолон донӣ!
* * *
Эй, он ки ба мулки хеш поянда Туӣ,
Дар зулмати шаб субҳнамоянда Туӣ!
Дарҳои умед бар рухам баста шудаст,
Бикшой Худоё, ки кушоянда Туӣ!
* * *
Ё Раб, зи қазо барҳазарам медорӣ,
В-аз ҳодисаҳо бехабарам медорӣ.
Ҳарчанд зи ман беш бадӣ мебинӣ,
Ҳар дам зи карам накӯтарам медорӣ.
* * *
Эй лутфи Ту дастгири ҳар худрое
В-эй афви Ту пардапӯши ҳар расвое.
Бахшой бар он банда, ки андар ҳама умр
Ҷуз даргаҳи Ту ҳеҷ надорад ҷое.
* * *
Илоҳо, бепаноҳонро паноҳӣ,
Ба сӯйи ин гадоён кун нигоҳе.
Чӣ кам гардад зи султон гар кунад ӯ,
Ба ҳоли мустамандон як нигоҳе.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …