Главная / Гуногун / Муноҷот ба даргоҳи Қозию-л-ҳоҷот

Муноҷот ба даргоҳи Қозию-л-ҳоҷот

Эй Худои Аҳад, Кариму Самад,
Холиқи осмон биғайри амад.
Эй мукаффил ба рӯзии ҳар ҷинс,
Эй такаллуматокунандаи ҳар инс.
Эй нигорандаи замину замон,
Дор имони мо зи нуқс амон.
Эй тараҳҳумкунанда зери лаҳад,
Раҳмататро на интиҳосту на ҳад.
Эй намояндаи фурӯъу асл,
Эй хатобахши банда явмулфасл.
Малак ояд ба амри бурдани ҷон,
Қасди имони мо кунад шайтон.
Ӯ расад бо ҳазор фитнаву рев,
Ту амон деҳ зи чангали он дев.
Ҳомии ҳоли банда Худ бошӣ,
Чист ҳоли лаинаки лошӣ?
3-ин ҷаҳони фано шавад ғайбат,
Манзили мост гӯри боҳайбат.
Ҷисму ҷонҳо ҷудо ба ҳол оянд,
Ду фаришта бари савол оянд.
Гар кунанд заҳри чашм он ду пок,
Синаҳои ҷибол гардад чок.
Гар набошӣ Ту дастгир он ҷой,
Вой бар ҳоли шармсорон, вой!
Рӯзи охир, ки осмони дуруст,
Шавад аз ҳайбати қиёмат суст.
Пора-пора фурӯ раванд аз хашм,
Кӯҳҳои замин ҳамчун пашм.
Инчунин гардад осмону замин,
Вой бар ҷони осии мискин.
Халқи олам шаванд як ҷо гирд,
Шавад эҳзори ҷумла гирдо-гирд.
Дар ҳисобу китобу вазну савол,
Ақлҳо зоилу забонҳо лол.
Дафъи ҷарҳу маҷоли гуфтан не,
Аз ту як заррае нуҳуфтан не.
Хасмҳо ояд аз ҷавону пир,
Ояд он дам нидои гиро-гир.
Малакони азоб омода,
Вой бар ҳоли одамизода.
Чун бигирад ҷаҳим ғурридан,
Пардаҳои уюб дарридан.
Он чаҳим аз шаби сияҳ торик,
Ҳаст ӯро пуле зи мӯ борик.
Ҳам зи шамшери тез бурротар,
Ғайр аз ин роҳ нест роҳи дигар.
Гӯянд он ҷо муаккалон: «По неҳ».
Надиҳандаш кунанд деҳо-деҳ.
Гар Ту осон насозӣ он мушкил,
Вой бар ҷони бандаи ғофил.
Аз ҳама сахту аз ҳама душвор,
Тарсу шарми Ту Воҳиду-л-Қаҳҳор.
Гарчи ҳастам ба ҷурму исён ғарқ,
Ту макун рӯзи фарқ муҷиби ҳарқ.
Ё Илоҳо, кушоӣ дидаи мо,
Ба дурустӣ бибар ақидаи мо.
Аҳли ҳақро ба лутф ёрам кун,
Лавҳи тавфиқ дар канорам кун.
Пайрави Ҳазрати Набӣ гардон,
Дур кун аз сулуки номардон.
Қоматамро либоси тақво деҳ
Ҳар чӣ талбам, аз онам ақво деҳ.
Дили мо кун зи аҳли бидъат сард,
Гарчи даъвои қутбу ғавсӣ кард.
Косаамро манеҳ шароби тамаъ,
Заҳр кун дар даҳонам оби тамаъ.
Аз таоми қаноатам кун сер,
Раъси миннат ба пойи ҳиммат зер.
Дур гардон зи худфурӯшиву кибр,
Ба маноҳӣ қарин макун як шибр.
Аз умури шариати акрам,
Кори моро макун зиёдаву кам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …