Главная / Илм / МУМИЁ

МУМИЁ

mumiyoМУМИЁ, маҳсулоти муммонанди табиӣ, ки дар баъзе ғорҳо аз тарқишҳои санг таровида мебарояд. М. зиёда аз 4000 сол ин ҷониб дар тибби халқӣ чун даво маъмул аст. Олимон ва табибони машҳури форсу тоҷик Абӯали ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯбакр Рабеъи Бухороӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ ва диг. М.-ро барои табобати дарду шикастагии устухон, иллати пайванду мушак, захми меъдаю рӯдаҳо ва пӯст, дарди гулӯ, баъзе бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ҷигар, камхунӣ, инчунин ҳангоми газидани мор ва диг. ҷонварон чун позаҳр истифода мебурданд. Дар «Муҳити Аъзам» омада, ки «Мумиё калимаи юнонист… ва ба қавли Дисқуридус онро ба юнонӣ тасфатос гӯянд, ба арабӣ арақу-л-ҷибол ва ба форсӣ мумиёӣ ва обдору номанд… Умуман, беҳтарини мумиёӣ – маъданӣ, доробӣ, сиёҳи софи барроқи нарми он аст, ки бо андак бӯи нафтият бошад. Имтиҳони осони хубии мумиё он аст, ки чун онро ба даст гиранд (аз гармии даст), мисли муми холис ба зудӣ нарм мегардад… Табиати мумиёӣ ба қавли Шайх (Ибни Сино) гарм дар охири (дараҷаи) дуюм ва хушк дар (дараҷаи) аввал аст… Ва Арастотолис гуфта, ки чаконидани маҳлули он бо пеҳи (чарбуи) хуки ғайри намаксуд (намак назада) ҷиҳати карии гӯш нофеъ. Ва молидани он бар забон ба асал ҷиҳати лакнати (тутилагии) забон ва вазнинии он нофеъ… Ва хӯрдани он бо ашёи мувофиқ, монанди оби боқило ва ё зардаи тухми мурғ, ду-се адад барои илоҷи дардҳои мафосил ва халъи (аз ҷо баромадани) узв ва кӯфтагии аъзо ва асаб ва ҷудо шудан ва ё пора шудани он ва шикастани устухон … беадил (беназир) аст…». М. дар Ҳимолой (Непал ва ғ.), кӯҳистони Арабистону Эрон, Муғулистон, Бирма, Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои диг. ёфт мешавад.
М.-и Тоҷикистон аз ҷиҳати тозагӣ ба се гурӯҳ тақсим мешавад: асил (М.-е, ки ба замин начакида, дар ҷои баромадааш ҷамъ мешавад), начандон тоза (М.-е, ки ба замин чакида ба сангу хок, боқимондаи гиёҳҳо ва наҷосати баъзе ҷонварон омехта мегардад) ва ифлос (М.-е, ки аз лонаи кабӯтару зоғ ва паррандаҳои диг., инчунин хонаи мушу калламуш ва ҳайвоноти дигаре, ки онро мехӯранд, дарёфт карда мешавад). Таъсир ва қобилияти шифобахшии М. ба макроэлементҳо ва микроэлементҳои таркиби он вобастааст.
Таҳқиқи химиявӣ ва спектрии М. исбот намудаанд, ки дар таркиби он микроэлементҳо (хусусан силитсий, алюминий, оҳан, калтсий, манган, кобалт, магний, сурб, титан, никел), инчунин аминокислотаҳо ва кислотаҳои равғанӣ бисёр мебошанд. Баъзе олимон ақида доранд, ки М.-ро оруҳои ваҳшӣ ҳосил мекунанд. Бино ба маълумоти олимони дигар М. маҳсули геологӣ буда, дар тарқиши шахҳои кӯҳҳо пайдо мешавад. Феълан, бисёр олимон ҷонибдори ақидаеанд, ки М. моддаи органикӣ буда, онро ҷонварон ҳосил менамоянд.
Вояи истифодаи мумиё вобаста ба вазни бадан

Вазни одам, кг
Вояи якбора, грамм
Вояи рӯзона, грамм Воя барои як даври муолиҷа, 28-рӯзӣ, грамм Воя барои се даври муолиҷа, 28-рӯзӣ, грамм Воя барои панҷ даври муолиҷа, 28-рӯзӣ, грамм
то 70
то 80
то 90
зиёда аз 90
Кӯдакони то 1-сола
Кӯдакони 1 – 9-сола
Кӯдакони 9 – 14-сола 0,2
0,3
0,4
0,5
0,01 – 0,02
0,05
0,1 0,6
0,9
1,2
1,5
0,03 – 0,06
0,15
0,3 17
25
34
42
0,64 – 1,68
4,2
8,4 51
75
102
126
2,52 – 5,04
12,6
25,2 85
125
170
210
4,2 – 8,4
21
42

М.-ро субҳи барвақт баъди бедор шудан ё бегоҳ баъди 3 соати ғизои шом истеъмол бояд кард. Пас аз истеъмоли он 30 – 40 дақ. рӯи ҷогаҳ дароз кашидан лозим. Дар мавриди мумиёшифоӣ истеъмоли шароб қатъиян манъ аст. М. барои табобати бемориҳои гуногун, мас., тарбод, шикастану баромадани устухонҳо, сили устухон, радикулит, невралгия, нейродермитҳо, сардард, шақиқа, саръ, фалаҷ, фалиҷи асаби рӯй, тутилагӣ, экзема, сӯхтагӣ, ғалаёни хун, тромбофлебит, пневмония, бронхит, зиқи нафас, сил, хунравии шуш, ангина, ларингит, гепатитҳо, гастрит, бавосир, дарди санги талха, колит, қабзият, глаукома, систит, амрози занона ва ғ. кор фармуда мешавад. Қабл аз мумиёшифоӣ ҳатман ба духтур маслиҳат кардан лозим аст.
Ад.: Нуралиев Ю. Н., Денисенко П. Н., Мумиё и его лечебные свойства, Д., 1976; Ҳикмати асрҳо (мураттибон Р. Ҳошим ва В. Капранов), Д., 1976.

Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …