Главная / Илм / МУМИ ЗАНБӯРИ АСАЛ

МУМИ ЗАНБӯРИ АСАЛ

zanburi-asalМУМИ ЗАНБӯРИ АСАЛ, моддаи равғанмонандест, ки дар ғадуди махсуси занбӯри асал ҳосил мешавад. Аз омехтаи эфирҳои мураккаб (то 75%), кислотаҳои хоси карбон, карбогидридҳои ҳаднок иборат буда, ба миқдори зиёд витамини А дорад. Массаи хосаш 0,956 – 0,969; дар 62 – 72°С об мешавад. М. дар эфир, хлороформ, бензол, бензин, равған, скипидар нағз ҳал гашта, дар об ва глитсерин ҳал намешавад. Занбӯри асал шони худро аз мум месозад. Барои ҳосил кардани 1 кг мум занбӯр бояд 3,6 кг асал, 4,7 кг қанд ва андаке гарди гулро истифода кунад. Ранги М. сафед, зард бо тобишҳои гуногун ё хокистарӣ аст. Муми табиӣ ва хушсифат ба дандон намечаспад.
Хоидани М. таби хасбедавиро даво мебахшад. Табибон М.-ро барои дармони бемориҳои илтиҳобии бинӣ, зиқи нафас, парадонтоз, колит, эндартериит, бодхӯрда (сили пӯст) ва ғ. тавсия мекунанд. М. ҳамчунин барои таҳия намудани пластирҳо, марҳамҳо, балзамҳо кор фармуда мешавад. Марҳами мумдор ҳолати пӯстро беҳтар карда, захмро зуд ба ҳам меорад. Ба таркиби шамъакҳое, ки аз равғани какао тайёр менамоянд, бисёр вақт М. низ ҳамроҳ карда мешавад. М.-ро ба таркиби конфетҳо илова месозанд. Хоидани чунин конфет оби даҳон ва шираи меъдаро афзуда, боиси зуд ҳазм шудани ғизо мегардад.
Ба ақидаи табибони халқӣ М. таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғафс дар бадан, пазонандаи моддаҳои нодаркор, мулоимкунандаи асабҳо мебошад. Агар 2 г онро ба андозаи донаи гандум реза карда дар равғани кунҷид ҳал намуда бинӯшанд, захмҳои дарун, хароши рӯдаҳо ва исҳоли куҳнаро шифо мебахшад, дарди даруни узвҳои сина, сурфа ва силро даво мебошад, дарди гулӯро ба ибро меоварад, овозро соф мекунад. М.-ро варақ сохта ба пистони занҳо гузошта банданд, шах шудани ширро дар он манъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …