Главная / Гуногун / Мулуки Аҷам

Мулуки Аҷам

Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул ба моли раъият дароз карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷое ки халқ аз макоиди феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раият кам шуд, иртифои вилоят нуқсон пазируфт ва хизона тиҳӣ монд ва душманон зўр оварданд.

Ҳар кӣ фарёдраси рўзи мусибат хоҳад,
Гў, дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кўш.
Баланди ҳалқабагўш ар нанавозӣ, биравад.
Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагўш.

Боре ба маҷлиси ў китоби «Шоҳнома» мехонанд дар заволи мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаредун. Вазир маликро пурсид:
– ҳеҷ тавон донистан, ки Фаредун, ки ганҷу мулку ҳишам надошт, чӣ гуна бар ў мамлакат муқаррар шуд?
shoir-shohГуфт:
– Ончунон ки шунидӣ, халқе бар ў ба таасуб гирд омаданд ва тақвият карданд, то подшоҳи ёфт.
Вазир гуфт:
– Эй малик, чун гирд омадани халқе муҷиби подшоҳияст, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?

Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ,
Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ.

Малик гуфт:
– Мўҷиби гирд омадани сипоҳу раият чӣ бошад?
– Гуфт:
– Подшоҳро карам бояд, то бар ў гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду асло дар ҷибиллат нест:

Накунад ҷаврпеша султонӣ,
Ки наёяд зи гург чўпонӣ.
Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,
Пойдевори мулк хеш биканд.

Маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рўй аз ин сухан дар ҳам кашиду ба зиндонаш фиристод.
Басе барнаёмад, ки банӣ аъмоми султон ба мунозаат хостанд ва мулки падар хостанд. Қавме, ки аз дасти татовули ў ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.

Подшоҳе, к-ў раво дорад ситам бар зердаст,
Дўстдораш рўзи сахтӣ душмани зўровар аст.
Бо раият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,
З-он ки шоҳаншоҳи одилро раият лашкар аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …