Главная / Гуногун / МУКОФОТИ АМАЛ ( Ҳикоя)

МУКОФОТИ АМАЛ ( Ҳикоя)

Устод Ато Ҳамдам аз боғи баҳори панҷоҳумини худ гул чида истодааст. Дар ин айёми муборак чун яке аз онҳое, ки  аз фазилати неки инсонии ў баҳра бардоштаам, дар борааш сухане нагуфтанам норавост.

Ман аз тақдиру толеи худ бисёр розиву  қаноатманд ҳастам, ки дар зиндагӣ маро бо ин инсони нек рў ба рў кард. Ин воқеа соли 1974 ба вуқўъ пайваста буд. Ҳамон рўз ман ба рўзномаи «Тоҷикистони Советӣ» омадам, то ки дўстам Мўсо Мавлавиро бубинам. Ба бинои рўзнома наздик шуда будам, ки худи ў баромад. Ҳамроҳи ў як ҷавонмарди батанутўш, чеҳракушоди хандонрў буд. Ман ўро намешинохтам. Вале ў гўё маро солҳои зиёде мешинохта бошад, мисли як дўсти қадрдон зиёрат кард. Пас аз салому алек ва ҳолпурсӣ Мўсо Мавлавӣ гуфт:

– Рафтем! Хўроки пешин хўрда меоем.

Ман ин таклифро бо ҷону дил қабул кардам. Ва мо оҳиста-оҳиста ба тарафи боғи марказии ба номи В. И. Ленин рафтем. Вақте ки паси миз менишастем, аз даҳони Мўсо Мавлавӣ фаҳмидам, ки ҷавонмарди ба ман ношинос Ато Ҳамдам будааст.

– Ато Ҳамдам? О, ман кайҳо орзўи бо ин кас шинос шуданро доштам!

Дар лабони Мўсо Мавлавӣ табассуми базебе пайдо  шуда гуфт:

– Ин тавр бошад, чоя каш-е!

То ин дам ман Ато Ҳамдамро шахсан намешинохтам. Вале дар васфашон аз рафиқон ҳикояҳо шунида, чандин очеркҳояшонро хонда будам. Хондани онҳо ба ман  шавқи беандоза бахшида, нисбат ба ин муаллифи бароям ношинос ғоибона дар дилам як эҳтиром, як муҳаббати шогирдона бедор гашта буд. Ҳоло бошад, ана бо ҳамин одам паси як миз нишаста хўрок мехўрдам. Аҷаб бомазза буд он рўз таом. Ва сўҳбат шавқовару ҳаловатбахш. Бо вуҷуди мухтасарии сўҳбат рўшании фикр, фарохии назар ва паҳноии ҷаҳонбинии ў баръало намоён буд. Аз лаҳзаҳои нахустин ў ба ман маъқул шуд. Барои чӣ? Охир, ў ҳанўз ба ман ягон ёрие надодааст, ваъдае ҳам накардааст. Не, «кўҳи баландро паст накуну чорта сухани ширин гўй» – гуфтаанд. Вай ҳам аз қабили онҳое буд, ки бо гапи нағз дили касро кўҳ барин мебардошт, ба дили ҳар кас роҳ ёфта метавонист. Дил намехост, ки хўроки пешин тамом шаваду риштаи сўҳбат бурида гардад. Вале ҳайҳот, ки ҳама чиз охир дорад. Ва мо ҳам рў ба қафо ниҳодем. Ва акнун намехостам, ки роҳ хотима ёбад.

– Инсон як бор ба дунё меояд, – ҳар як суханашро гўё баркашида мегуфт ў. – Бинобар ин умрро ғанимат донистан лозим. Онро бо хобу хўр сарф кардан гуноҳ аст. Умри худро бо эҷоду бунёдкорӣ бояд бахшид. Одам бо осори худ, бо эҷоди худ асрҳо дар ёди мардум мемонад. Ҳақиқат ҳамин аст.

Ман даҳонамро баста гўшҳоямро во карда  будам.

– Ё ба суханҳои ман розӣ нестӣ?

– Ҳақ, – ҷиддӣ гуфтам, ман, зеро ҳис кардам, ки суханаҳои ў рўякӣ набуда, садоқат ва муҳаббати бепоёни ў нисбат ба касб ва одамон аст.

Мо тез ба бинои рўзнома расидем. Ў дастамро бародарвор фишурда табассумкунон гуфт:

– Ба назди мо ҳам биё, лекин дасти холӣ не…

Ва инак аз он рўз бисту се сол сипарӣ гашт. Ва тўли ҳамаи ин солҳо мо ба якдигар – ў ҳамчун устоду ман шогирд  содиқ мондем. Ва боз ин солҳо собит намуданд, ки ў саропо дил аст ва ин дил лабрези шафқат, муҳаббат, ғамхорӣ нисбат ба инсон аст. Ва ў воқеан ҳам барои ман як равзане, як дарича, як пайроҳаи наве ба сўи шоҳроҳи инсониву одамгарӣ буд.

Даме бекор надидаам ўро. Доим дар такопў. Барои ў мафҳумҳои «рўзи истироҳат» ё «охири рўзи корӣ» ва ё «дами беғам» вуҷуд надорад. «Не» – ро намедонад. Қаламро ҳам ҳеҷ гоҳ аз даст раҳо намекунад.

– Ин яроқи ман аст. Агара он кор накунад, занг мезанад.

Беягон муболиға гуфта метавонам, ки ин шоҳбайти шоири шаҳир Эраҷ Мирзо шиори ўст:

Рўзе, ки дар он накардаӣ кор,

Он рўз зи умри хеш машмор!

Вай дар мавзўъҳои «баланд» сўҳбат карданро намеписандад. Чизҳои оддӣ, ҳақиқӣ, самимиро дўст медорад.

Борҳо шунидаам, ки ў боифтихор «Ман журналист!» гуфтааст. Бале, ў журналистикаро дўст медорад ва аз ҳама муқаддас медонад.

– Медонӣ, ки имрўз ба кишвари мо журналистони ҳақиқатпараст чӣ андоза заруранд! Бе ҳақиқат давлат ба мисли биное, ки аз хишти пурнуқсон сохта шуда бошад, вайрон шуда меравад!

Ва андўҳи сахте ба чашмонаш соя мепартояд. Ба андеша меравад. Пасон лаб ба сухан во намуда, бо алам мегўяд:

– Журналист як пули сиёҳ қадр надорад, мефаҳмӣ?! Як пули сиёҳ! Бенаво аст ў, бенаво! Медонӣ, ҳар вақте ки бо журналисте рў ба рў мешавам, дар назди ў худро ноҳинҷор ҳис мекунам, гумон мекунам, ки ба ин бенавоии ў ман ҳам айбдорам ҳастам.

Ў хомўш мегардад, чашмонаш намнок мешаванд.

Ва боз ўро савори саманди андўҳ мебинам.

– Муҳити адабӣ танг. Ва адибон худ ба худ печидаанд. Гўё дар миёни кўҳҳо садо мекунанду ба ҷуз садои хеш садое намешунаванд. Ин муҳит қалами адибро ё кунд мекунад ё  мешиканад. Ба қадри қалам намерасем.

Ў худ қадршинос аст. Ба қадри нону намак, ба қадри одам мерасад.

Вай дар 28–солагӣ сарвари коллективи рўзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ –  «Комсомолии Тоҷикистон» гашт. Дар ҷамъомади нахустин гуфт:

– Рўзномаро оинаи ҳаёт мегўянд…

Касе луқма партофт, ки:

– Э, ҳамин қадар гуфтаанд, ки!

– Бале! –  гуфт ў, –  ба дараҷае гуфтаанд, ки ин мафҳум забонзада шудааст. Вале ин ҳақиқати бебаҳс аст. Ин оина зиндагии моро ҳамон тавре, ки дар асл ҳаст, бояд инъикос намояд. На каму на беш. Агар аз ўҳдаи ҳамин кор бароем, сухани рўзномаамон қадру қимате пайдо мекунад.

Ва ў тавонист, ки қадру қимати рўзномаи «Комсомолии Тоҷикистон»– ро ба осмони ҳафтум барорад.

Дида ва шунидаам, ки бисёриҳо «гапи калон гап» мегўянд. Агар аз «боло» ишораа шавад, даст ба сари сина монда «хуб» мегўянд. Як шиноси бебок доштам. Чӣ шуду чӣ монд, ки ба қатори «хуб» –  гўякон даромада монд. Ба як дўстам таклиф кардам, ки биё ўро аз ин варта раҳонем. Вай оҳи сард кашида гуфт, ки:

– Дигар аз вай  бебок сохтан корест мушкил.

– Барои чӣ?

– Чашмаш сахт тарсидааст.

Вале чашми Ато Ҳамдам, ҳарчанд, ки ўро таҳдид карданду азият доданд, натарсид. Ў гапи худро дошт ва дорад. Ва ин гап ҳақиқат  аст. Ва беихтиёр суханони Арасту ба хотир меояд, ки гуфта: «Афлотун дўсти ман аст, вале ҳақиқат гиромитар».

Дар муддати ин бисту се сол ягон бор нашунидаам, ки ў касеро ғайбат карда бошад.

– Ба ғайбат вақт надорам, –  мегўяд ў бо табассум.

Бале, вақт надорад. Мехонад. Меомўзад. Менависад. Ёрӣ мерасонад. Некӣ мекунад. Оиларо сарпарастӣ, фарзандонро тарбия мекунад.

Агар дар ҳузураш касеро маломат кунед, вай зуд тарафи он касро мегирад:

– Ин хел нагўед. Вай ҷавон аст. Ҷавонӣ бе саҳвҳо, бе хатоҳо, бе афтоданду хестанҳо намешавад.

Вай дар давоми фаъолияти меҳнатиаш вазифаҳои бисёр масъулу калонро дар ўҳда дошт, вале доим дар сурати аслии хеш монд. Вақте ки ў вазири маданият шуда кор мекард, аз Саиди Сиддиқ мепурсидам, ки:

– Ато читу?

Ў фавран посух медод, ки:

– ­­Ҳамон Ато.

Вақте ки ў вазир буд, ба хонаи Аслӣ Бурҳонов меравад. Ҳунарвари нобино чун ўро мешиносад, худро зери пояш андохта ба гиря медарояд ва мегўяд:

– Наход вазир ба аёдати ман омад?…

Бо ташвиқу ҳидояти Ато Ҳамдам ман ба Роғун сафар кардам ва як силсила очеркҳо навиштам, ки ҳамаи онҳо дар рўзномаи «Комсомолии Тоҷикистон»  ба табъ расиданд. Очерки «Кўҳнавард» бошад, лауреати рўзнома гашт.

– Дидӣ, –  гуфт ў, –  ҷабри ман чӣ ҳосил овард. Барои ин ана як пиёла чой ба ту.

– Чӣ хубе як қадаҳ мешуд.

– То зиндаам, ба ту қадаҳ нахоҳам дод!

Ана ҳамин хел гарму ҷўшон, ҷиддӣ, аз симими дил гап зад ва ногоҳ хандид. Ва аз ин ханда ҳис кардам, ки ў қадри сухан, қадри умеду орзуро нағз медонад. Ва аз он ханда боз як назокати меҳрубононае ҳувайдо буд.

Соли 1985 маҷмўаи очеркҳоям «Боғи падар» ба чоп тавсия шуд. Ва ман болу пар бароварда ба  нашриёти «Ирфон» рафтам. Вале дар он ҷо болу парамро шикастанд.

– Сарсухан лозим. Бе сарсухан чоп намекунем. Вақт кам. То охири ҳафта набиёрӣ, тамом.

Ҳўш аз сарам парид. О, ин қадар меҳнату заҳматам як пул мешавад–ку.

– Ки бояд нависад?

– Очеркист.

– Ато Ҳамдам мешавад?

– Мешавад.

Чаро Ато Ҳамдам ба ёд омад? Шояд аз он ки дил боварӣ дошт, ки ў не намегўяд. Ва хато накард.

– Ман нанависам, ки менависад, – гуфт ў ва ба серкориаш нигоҳ накарда, дар як рўз навишта дод.

Онро пурра меорам: «Дар хотир дорам. Ба кор мерафтем. Радио хулосаи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ»–ро медод. «… Дар саҳифаи ду лавҳаи Шералӣ Мўсоев «Навҷў» ба табъ расидааст»…

– Ин қадар сермаҳсул аст ин бача. Ҳар рўз як чиз чоп мекунад, – гуфт ронанда. – Ғайр аз навиштан дигар кор надошта бошад.

– Кор дорад, кораш бисёр. Вай инженерии дипломдор, парторги заводи калон аст, –  гуфтам ман.

– Инженер? – ронанда бо таҳаюр ҷониби ман рўй гардонд.

Бале, Шералӣ Мўсоев инженер аст. Ў солҳои студенти институти политехники Тоҷикистон буданаш ҳаваси навиштан дошт. Фелетону ҳикояҳояш дар рўзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп мешуданд. Соли 1973 пас аз хатми институт ўро ба заводи «Тоҷикгидроагрегат» роҳхат доданд. Корро аз устои оддӣ сар карда, то ба котиби комитети партиявии завод расид. Кор дар завод ба ў  имконият дод, ки ба ҳаёти коргарон аз наздик шинос шуда, дар навиштаҳояш аз кору бори онҳо ҳикоят намояд. Тавассути рўзномаҳои «Тоҷикистони советӣ» ва «Комсомолии Тоҷикистон» мақола, лавҳа ва очеркҳояш пешкаши хонандагон гардидааст.

Хело хуб аст, ки Шералӣ Мўсоев мавзўи шинос ва ба дил наздик интихоб кардааст. Ва ба он содиқ аст. Мавзўи асосии очеркҳояш ҷаҳони маънавии коргар аст. Қаҳрамонҳояш барои ёфтани мавқеъ  ва ҷои худ дар зиндагӣ такопу мекунанд. Дар ин ҷустуҷўйҳо вай баъзан пешпо мехўрад, вале ноумед намешавад. Боварӣ аз худ ўро қувва ва умед мебахшад.

Меҳнат мазмун ва маънии ҳаёти онҳост. Аз ин рў соҳиби обурўву эҳтиром гардида, намунаи дигаронанд. Ҷуръати муаллифро дар бобати реалистона тасвир намудани ҳаёти  коргари имрўза метавон табрик кард.

Бисёр очеркҳои Шералӣ Мўсоев дар маҷмўаҳои коллективона чоп шудаанд. Соли 1983 бошад китобаш «Асоси ғалабаҳои меҳнатӣ» ба табъ расид, ки дар он аз кору бори гулҳои меҳнатӣ заводи «Тоҷикгидроагрегат» нақл карда мешавад.

Соли 1984 барои очерки «Кўҳнавард» ба гирифтани лауреати рўзномаи «Комсомолии Тоҷикистон» ноил  гардид. Шералӣ ҷавон аст. Меҳнати босуботаш бо ордени «Нишони фахрӣ» ва нишони КМ ВЛКСМ «Барои кори фаъолона дар комсомол» қадр карда шудааст.

Шералӣ Мўсоев, ки ба кори душвор камар бастааст, саъй дорад, ба дили хонандагони худ роҳ ёбад. Вай худкор ва худомўз аст. Аз ин рў очеркҳояш аз нўқсон  холӣ нестанд. Аминем, ки баҳри бартараф кардани он ғайрат мекунад. Охир «кори некў кардан аз пур кардан аст» гуфтаанд.

Дар равнақи жанри очерк, барори кор Шералӣ!»

Соли 1991 аввалин тавсияномаро ҳам ба аъзогии Иттифоқи нависандагон ба ман Ато Ҳамдам дод.

– Аз мардум некиҳои бисёре дидаам, –  борҳо шунидаем аз забони ў.

Ў худ, ки нек аст, некӣ мебинад. Ба садҳо кас некӣ кардааст. Аммо ҳеҷ гоҳ  ва дар ҳеҷ куҷо лоф назадааст. Ва ў ин панди Соиби бузургворро маромнома қарор додааст:

Гар сухан кайфияте дорад, сироят мекунад,

Ҳеҷ айб аҳли маъниро бадтар аз лоф нест.

Боре як ҳикояи Адаш Истадро, ки «Лўхтаки зинда»  ном дошт маҷаллаи «Садои Шарқ» ба сабаби шубҳаи идеологӣ чоп кардан нахост. Инро ба ёд  оварда Адаш Истад чунин менависад: «Ман аз дари Иттифоқи нависандагон баромада, рост ба назди муҳаррири «Комсомолии Тоҷикистон» Ато Ҳамдам рафтам, ки дар чопи ҳикояҳои кадучадори ман бим надошт ва ў боз як ҷавонмардӣ нишон дода, ҳикояро дарзамон «ба номер» ҷой кард.

Шогирди Ато Ҳамдам Абдуфаттоҳ Воҳидов дар мусоҳиба ба шореҳи «Чароғи рўз» Саиди Сиддиқ чунин гуфт: «Аз Ато Ҳамдам ҷўяндагӣ омўхтаам».

Худи Саиди Сиддиқ чунин мегўяд:

– Олим шудан осон, вале одам шудан мушкил. Ато Ҳамдам одам аст.

Шогирди дигари Ато Ҳамдам Ҳакималӣ Назаралӣ мегўяд, ки:

– Ў оши ҳалол мехўрад.

Бисёр рўзноманигорону адибон ўро «Устод» мегўянд. Ана ин аст мукофоти арзандаи амал! Ана ин аст мукофоте, ки кас ба ҳикмати «Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ, бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ, мардӣ набувад фитодаро пой задан, гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!» сахт амал мекунад. Дар соядасти китобаш «Роҳи дилҳо», ки ба ман тўҳфа кардааст чунин суханон ҳаст: «Зиҳӣ Дўстӣ! Зиҳӣ Дўстон!»

Ва ман мегўям, ки:

– Зиҳӣ марди нек!

26 феврали соли 1998

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …