Главная / Биология / МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ ОБИИ Тоҷикистон

МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ ОБИИ Тоҷикистон

Масъалаҳои муҳофизати табиат об, фазо, ҳайвонот, наботот масъалаҳои ҷиддии рӯз ба шумор мераванд.

Ҳавзҳои об ва моҳиҳои он ҳам сарватҳои табиати ҷумҳурӣ мебошанд. Ҳавзҳои оби ҷумҳурӣ барои ҳосил кардани қувваи арзони барқ, барои обёрӣ кардани заминҳои пахта ва боғу токзорҳо, барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни саноат ва аҳолии шаҳру деҳот истифода бурда мешаванд. Ба ғайр аз ин ҳавзҳои оби ҷумҳурӣ базаи асосии захираи Моҳӣ ва ташкили хоҷагихои моҳидорй мебошанд.

mohi

Обҳои лойкаолуди дарёхои Вахш ва Панҷ, ки доманаҳои кӯҳро шӯста ҷорӣ мешавад, ҳанӯз аз ифлосии онҳо шаходат намедиҳад ва дар айни ҳолоби дарёи Душанберо, ки тақрибан тамоми фасли сол соф ва зулол аст, оби тоза номидан душвор аст. Ҳавзҳои оби ҷумҳурӣ пеш аз ҳама, аз тарафи ҳаргуна муассисахо, корхонаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои чарм, консервабарорӣ, кӯҳу маъдан, табобатхонаҳо ва хоҷагиҳои коммуналӣ, ки обҳои маҳсулоти саноати худро ба дарёю кӯлҳо мепартоянд, ифлос карда мешаванд. Ингуна ҳавзҳоро сарфи назар аз софии оби онҳо тоза намудан мушкил аст.

Чунин муассисаҳо ба паҳн кардани ҳаргуна касалиҳои сироягкунанда. заҳролуд гардониданн ҳавзҳо ва оби нӯшокии ахолӣ низ сабаб мегарданд. Дар ин гуна ҳавзҳо Моҳӣ шароити хуби афзоишкунӣ пайдо карда наметавонад ва оҳиста-охиста нест мешавад.

Муассисаҳои саноатӣ ва коммуналии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз то 100 ҳазор метри мукааб оби ифлоси худро ба дарёи Кофарниҳон бароварда мепартоянд.

Комбинатӣ кӯху маъдани Такоб, лагерҳои истироҳатии бачагон ва дигар муассисаҳои дарахои Варзоб обҳои ифлоси саноатӣ ва хоҷагпи худро бе тозакунии пешакӣ ба дарёи Варзоб мерезанд. Аз ҳамин сабаб гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ, ки то солхои 1955 дар дарёи Душанбе бисёр буд, холо тамоман вуҷуд надорад.

Ҳатто шустани мошинҳо дар лаби ҷӯй ё дарё, партофтани партовҳо ё ҳаргуна зарфҳои консерва, шишаи шароб ва ҳоказо боиси ифлосу вайрон шудани таъми об мегарданд ва об турш шуда, гази карбонат дар он бисёр мешавад. Бидуни сабабхои болои боз ҳодисаҳои табиӣ низ ҳастанд, ки боиси несту нобуд шудани Моҳӣ мегарданд.

Дар ҳавзҳои моҳипарварӣ аз кӯлу обанборҳои пастоб, ки растаниҳои зериобӣ бисёранд, дар фасли зимистон, Вақте ки об ях мекунад, алоқаи об бо гази оксигсни ҳаво канда мешавад ва гази оксигени дар об буда қисман барои нафасгирии ҳайвоногу растаниҳо ва қисман барои тозондани раванди биохимикӣ (пӯсидани организмҳои мурдаи растанию ҳайвоноги обӣ) сарф мешавад, дар натиҷа гази оксиген дар об тамоман намемонад ва моҳиҳо, садафакҳо, якбора диққи нафас шуда мемиранд, ки ин ҳодисаро дар илм «замор» меноманд. Замор на танҳо дар фасли зимистон, балки дар фасли тобистон ҳам рӯй медиҳад, зеро дар ҳавзҳои обаш кам, растаниҳои обй бисёр инкишоф меёбанд ба мемиранд ва дар Вақти набудани шамол оби ҳавз ҳаракат намекунад ва бо гази дар оксигени ҳаво буда омехта намешавад. Хусусан шабона, ки нури офтоб нест ва растаниҳо гази оксиген ҷудо намекунанд. ҳодисаи «замор» («диққи нафас») бештар рӯй медиҳад ва садҳо ҳазор моҳӣ ва дигар организмҳо якбора мемиранд.

Ин гуна ҳодисаҳо зимистони соли 1969 дар Булункӯл ва тобистони соли 1972 дар ҳавзаҳои моҳипарварии ноҳияи Куйбишев мушоҳида карда шуда буданд. Коркунони хочагиҳои моҳипарварӣ барои пешгирӣ кардани ин гуна ҳодисаҳо чорабинихои даркорӣ намегузаронанд.

Баҳорон дар вақти обхезӣ дарё ва кӯлҳо аз об лабрез мешаванд ва ҳаргуна шохобчаҳо ва халиҷу кӯлчаҳо ба вуҷуд меоянд. Дар Тоҷикистон ҳамин давраи обхезӣ бо давраи тухмпартоии моҳиҳо рост меояд. Моҳиҳо ҳазор-ҳазор ба шохобчахою кӯлчаҳо, ба пастобҳо (сохилҳо)-и кӯлу дарёҳо наздик шуда, дар он ҷо ғизо мекунанд ва тухм мепартоянд. Баъди 1-2 ҳафта аз тухм моҳибачаҳо мебароянд ва дар ҳамин ҷойҳои пас ғайб миёбанд. Лекин, Вақте ки обхезӣ ба охир мерасад, ин шохобчаҳо ва кӯлчаҳо аз ҳавзаи асосӣ канда мешаванд ва хушк мешаванд ва дар ин гуна ҷойҳо низ ҳазорхо Моҳӣ ва моҳибачаҳо мемиранд. Дар ин мавридҳо коркунони инспексияи муҳофизати и Моҳӣ бо иштироки васеи мактаббачагон бояд чорабиниҳои зарурӣ гузаронанд.

Дар фасли тобистон дар ҳавзаҳои моҳипарварӣ, ҷойҳои пастоби кӯлҳо, байни қамишзору растаниҳои обӣ кафлесакҳо, морҳои обӣ пайдо мешаванд, ки тухми партофтаи моҳиҳо ва моӣнбачаҳои онҳоро мехӯранд.

Дар қонуни муҳофизати табиат ва моҳиён, дар низомномаи инспексияи муҳофизати и моҳӣ дар бораи кадом фасли сол, дар куҷо ва бо чӣ гуна асбобҳо шикор кардаии Моҳӣ маълумотҳо мавҷуданд. Лекин аксари одамон, ҳатто мактаббачагон, бар хилофи ин қонуну қоида моҳиро бо асбобҳои манъ кардашуда (тӯри моҳигирӣ, сабатхо) дар давраи тухмпартоин онҳо шикор мекунанд. Хатто ҳаргуна моддахои таркандаро истифода бурда, ҳазорон-ҳазор Моҳӣ ва моҳибачаҳоро нобуд мекунанд. Ин гуна одамонро барои вайрои кардани қонуну коидаҳои шикори Моҳӣ ва ба боигарии табиатамон талафоти калон оварданашон ба ҷавобгарй мекашанд.

Дар муҳофизати ҳавзаҳои об ва сарватҳои табиии он мактаббачагон. аъзоёни гурӯҳҳои махсус низ бояд ҳиссаи худро гузоранд. Чунин отрядҳо бояд имрӯз ҳам дар тамоми мактабҳои шаҳру ноҳияхои Тоҷикистон таъсис ёбанд ва амал кунанд.

Барномаи фаъолияти онҳо бояд чунин бошад: муайян намудани ҳавзаҳои обӣ, ки муҳофизати и он зарур аст, дар фасли баҳор аз марг наҷот додани моҳибачаҳо дар кулчаҳо ва ҷойҳои пастоб, тоза нигоҳ доштани кӯлу обанборҳо ва дар ҳавзаҳои об, мубориза ба муқобили вайронкунанда они қоидаҳои моҳидорӣ, дар байни мактаббачагон ва аҳолӣ гузаронидаии корҳои ташфиқотӣ ва ҳоказо.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …