Главная / Маданият ва санъат / Беҳтарин дуо барои муҳофизати молу ҷон аз шарри шайтон

Беҳтарин дуо барои муҳофизати молу ҷон аз шарри шайтон

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) мефармояд, ки Расулуллоҳ (с) ба ман масъулияти нигаҳбонии садақаҳои фитрияи Рамазонро супорида буд (чунончи машғули нигаҳбонӣ аз садақот будам), ки ногаҳон дар як шаб шахсеро дидам, ки бо ҳарду дасташ машғули гирифтани гандум аст. Ҳарду дасташро гирифтам ва нагузоштам, ки аз он гандумҳо бардорад.

shaytonВа ба ӯ гуфтам:

  • Ҳатман туро ба назди Расулуллоҳ (с) хоҳам бурд.

Аммо вай шуруъ намуд ба фарёду гиряву зорӣ ва изҳори тангдастӣ намуд. Чунончи бар ин ҳоли зораш раҳмам омад ва ӯро раҳо намудам. Субҳи рӯзи дигар вақте ба назди Расулуллоҳ (с) рафтам, Он Ҳазрат (с) фармуд:

  • Эй Абӯҳурайра (раз), асири дишабаат чӣ кор кард?

Арз кардам:

– Ё Расулаллоҳ (с), вай бисёр изҳори фақру тангдастӣ намуд, ба ҳамин хотир бар вай раҳмам омад ва ӯро раҳо намудам.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Ба хубӣ бохабару огоҳ бош, ки вай дар назди ту дурӯғ гуфтааст ва имшаб ҳам ба суроғат хоҳад омад.

Бинобар ин иршоди Расулуллоҳ (с) яқини комил намудам, ки вай дубора хоҳад омад. Ба ҳамин хотир дар шаби дуввум дар интизори омаданаш нишастам. Чунончи вай дубора омад ва машғули гирифтани гандум гардид. Бори дигар дастҳояшро гирифтам ва нагузоштам, ки гандумро бардорад, аммо мисли шаби гузашта шуруъ ба гиряву зорӣ ва оҳу фиғон намуд. Ва ба андозае илтиҷову зорӣ намуд, ки дилам ба ҳолаш сӯхт ва ӯро раҳо намудам. Субҳи рӯзи баъд Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Эй Абӯҳурайра, асири дишаба чӣ кор кард?

Арз намудам:

  • Нисбат ба фақру тангдастиаш ба шиддат илтиҷову зорӣ намуд, ки бар асари он дилам ба ҳолаш сӯхт ва ӯро раҳо намудам.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Ба хубӣ огоҳ бош, ки вай дар пеши ту дурӯғ гуфтааст ва ӯ дубора хоҳад омад.

Бо ин иршоди Расулуллоҳ (с) яқини комил намудам, ки вай дубора хоҳад омад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Чунончи шаби саввум ҳам омад ва ҳамчун шабҳои гузашта машғули гирифтани гандум гардид, аммо дастҳояшро гирифтаму гуфтам:

  • Ин дафъа ҳатман туро ба назди Расулуллоҳ (с) хоҳам бурд. Охир ин дафъаи саввум аст ва ҳар дафъа мегӯӣ, ки дубора намеоям, аммо боз ҳам меоӣ.

Ӯ гуфт:

  • Нигоҳ кун, маро раҳо кун. Ба ту калимотеро ёд медиҳам, ки ба хотири онҳо Худованд ба ту фоида хоҳад расонид. Ҳар гоҳ қасди дар шаб хобиданро намудӣ, «Ояту-л- Курсӣ»-ро бихон, ки ба баракати он Худованд бар ту нигаҳбониро муқаррар менамояд ва то субҳ туро муҳофизат мекунад ва ба хотири он шайтон наметавонад ба ту наздикӣ намояд.

Субҳи рӯзи дигар Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Асири дишаба чӣ кор кард?

Ман ҳодисаи пешомадаро нақл намудам. Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Огоҳ бош, ба таваҷҷуҳ ба ин ки дурӯғгӯ мебошад, аммо дар ин ҷо вай сухани ростеро ба ту гуфтааст. Оё медонӣ, ки вай чӣ касе буд? Ва то се шаб бо вай гуфтугӯ доштаӣ?

Арз намудам:

  • Не, ё Расулаллоҳ (с).

Расулуллоҳ (с) фармуд:

– Вай шайтони мардуд будааст, ки дар ин чанд шаб бо ту гуфтугӯ доштааст.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

mazhab

РАВИЯ ВА ФИРҚАҲО ДАР ИСЛОМ

Баъд аз паҳншавии ислом дар кишварҳои дигар ва бархўрди он бо тамаддунҳои мухталиф, тағйироти муаяйне …