Главная / Илм / МУҲИДДИНОВ Нуриддин Давлаталиевич

МУҲИДДИНОВ Нуриддин Давлаталиевич

nophotoМУҲИДДИНОВ Нуриддин Давлаталиевич (тав. 23. 12. 1970, ноҳ. Данғараи вил. Хатлон), ҷарроҳ, доктори илми тиб (2008), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ (2001). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1994). Ординатори клиникӣ (1994 – 96) ва аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии фак-ти муолиҷавӣ (1996 – 99), ассистент (1999 – 2001) ва докторанти кафедраи ҷарроҳии умумии № 1-и ҳамин донишгоҳ (2001 – 03). Сент. с. 2003 барои идомаи таҳсил дар докторантура ба ДТИКТТ ва с. 2004 ба кафедраи ҷарроҳии ба номи Н. Д. Монастирскийи Академияи такмили ихтисоси кормандони тибби Санкт-Петербург фиристода шуд. Мудири шӯъбаи ҷарроҳии умумии Беморхонаи шаҳрии клиникии № 5 ба номи акад. К. Т. Тоҷиев (аз 2008). Пажӯҳишҳояш ба такмили усулҳои ҷарроҳии эхинококкози ҷигар вобаста ба мавқеи он, ташхису тариқи ҷарроҳӣ ҳангоми осеби мавзеи гепатопанкреатодуоденӣ (мансуб ба ҷигар, рӯдаи дувоздаҳангушта ва ғадуди зери меъда) бахшида шудаанд.
Ос.: Хирургическая тактика при поддиафрагмальной локализации эхинококковых кист печени. «Здравоохранение Таджикистана», 2000, № 4; Динамика изменений ультраструктуры печени больных эхинококкозом после оперативного лечения. «Экспериментальная и клиническая медицина», 2001, № 4; Дренирование остаточной полости после эхинококкэктомии печени. «Здравоохранение Таджикистана», 2002, № 2; Диагностика и хирургическая тактика при торакоабдоминальных ранениях с повреждением печени. «Здравоохранение Таджикистана», 2007, № 1.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …