Главная / Илм / МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович

МУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович

nophotoМУҲИДДИНОВ Бадриддин Наҷмиддинович (тав. 16. 12. 1924, ш. Бухоро), рентгенолог, доктори илми тиб (1968), проф. (1970), Аълочии тандурустии ИҶШС. Баъди хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино то с. 1947 мудири шӯъбаи тандурустии ноҳ. Ғарм буд. Сардухтури курорти Обигарм (1948 – 50), мудири шӯъбаи тандурустии вил. Ғарм (1951 – 55), корманди Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷ. (1956 – 57), аспирант, ассистент, дотсент (1958 – 69), мудири кафедраи рентгенология ва радиологияи ДДТТ (1970 – 88). Аз с. 1988 нафақагир. Таълифоти М. асосан ба балнеология ва масъалаҳои истифодаи изотопҳои радиоактив дар ташхиси бемориҳо бахшида шудаанд. Таъсири оби маъдании осоишгоҳи Хоҷаобигармро ба рӯда ва талхадон омӯхт; имкониятҳои истифодаи фосфори радиоактив (32Р)-ро барои ташхиси бармаҳали бемории ғадудҳо ва рӯдаи рост муайян кард; оид ба масъалаҳои комплексии ташхиси рентгению радиологии варами саратон тадқиқот гузаронд. М. муаллифи қариб 70 мақолаҳои илмӣ ва монография мебошад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Радиационная диагностика заболеваний предстательной железы и прямой кишки, Д., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …