Главная / Илм / МУҲАММАДИЕВА Саодатхон Мансуровна

МУҲАММАДИЕВА Саодатхон Мансуровна

nophotoМУҲАММАДИЕВА Саодатхон Мансуровна (тав. 1956, ш. Ваҳдат), акушер-гинеколог, доктори илми тиб (2002), проф. (2006). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979). Духтури амбулаторияи тиббии ноҳ. Кофарниҳон (1979 – 82), аспиранти Ин-ти тадқиқоти илмии акушерӣ ва гинекологияи ба номи Отта (ш. Санкт-Петербург; 1982 – 85), ходими калон ва ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва педиатрияи Тоҷикистон (1985 – 2007) ва ҳамзамон директори Маркази ҷумҳуриявии насловарии солим (1994 – 97), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1998 – 2000), ҷонишини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва педиатрия (2000 – 02) ва аз янв. 2007 мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Муаллифи 130 китобу мақолаҳои илмист.
Ос.: Тарзи ҳаёти солим, Д., 2002; Принципы профилактики инфекций в учреждениях репродуктивного здоровья, Д., 2005; Современные принципы диагностики и лечения предраковых заболеваний шейки матки, Д., 2005; Эклампсия: диагностика, лечение, профилактика, Д., 2006; Многоплодная беременность: диагностика, тактика ведения беременности и родов, Д., 2007; Диагностика и лечение заболеваний молочных желез, Д., 2007.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …