Главная / Илм / Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас дар Канзи Шифо (Китоб)

Мухаллас (лотинӣ: Dianthus tetralepis), (русӣ: гвоздика четырёхгранная ) —  Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, баландиаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад.  Аз ҳар  гиреҳи поя барг мебарорад чун сари барги гандуми майса ба дарозї то 2-3 сантиметр.  Дар сари ҳар соқ яктої кӯсак дорад ба тӯлонии якуним-ду сантиметр ва ғафсии он ба андозаи ҷуволдӯз аст. Дар нӯги ҳар як кӯсак гул мекунад: сепарра, рангаш сафед ва пуштї. Ҳамин кӯсак ғилофаки тухмҳояш мебошад.

dianthus-pavoniusИн растаниро дар маҳалҳои гуногун тоҷикон мухаллиса, махлас ва махласкаҳ низ меноманд. Тоҷикони шимол «чинигул» мегӯяндаш. Дар заминҳои шӯранадоштаи доманаҳои кӯҳсор, дар ҷоҳои хокдори кӯҳҳо, адирҳо ва инчунин дар ҳамвориҳои намнок мерӯяд. Ин гиёҳи бисёрсола мебошад, ҳар сол аз решааш месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад. Ин намудҳои гуногун дорад. Ҳангоми гул карданаш қисми рӯйизаминии онро даравида мегиранду дар соя хушк мекунанд.

Мувофиқи даъвои муаллифони як қатор китобҳои тибби қадим, мизоҷаш дар аввали дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Вале мо мегӯем, ки дар дараҷаи дувум сард аст. Зеро ки ягон давои гарммизоҷ фишори баланди хунро паст намекунад, балки баръакс, баланд мегардонад. Аммо мухаллас фишори баланди хунро паст мегардонад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро як ҳафта ё камтар аз он ба ҷойи чой дам карда ё дар об ҷӯшонида биёшоманд (бояд ки гармогарм бинӯшанд), фишори баланди хунро паст мекунад. Илова бар ин рагҳои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислоҳ мебахшад; инчунин қулинҷҳои шадидро, ки варам ва дард кардани рӯдаҳои ғафс мебошанд, дафъ мекунад; дар ҳар як ҷойи бадан: дар ҷигар, рӯдаҳо, мағзи сар ва ғайра манфазҳо, ахлоти часпак, ки касалиҳои бисёрро ба амал меоваранд, ҷой гирифта бошанд, онҳоро ба таҳлил дода хориҷ месозанд; агар меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳо суст гашта бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавї мегардонад ва ба дараҷае солим месозанд; ки одам бидуни ёрии ягон даво нони қоқро ҳам бе чою об хоида хӯрдан мегирад, нисён (фаромӯшхотрї)-ро сиҳат мекунад; мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бошанд, инро истеъмол намоянд, фарзанд меёбанд; қуввати мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; дар натиҷаи корҳои фикрї асабҳо суст гашта бошанд, аз нав қувват мебахшад; касро ҳушёр ва зеҳнро тез мекунад, пуртоқат мегардонад ва ҳофизаро қувват мебахшад.

Зимнан як чизро хотиррасон намоем, ки ҳашароти гаҳвораҷунбон дар вақти тухм бастани мухаллас аз куҷое пайдо мешаваду ғилофи тухми ин гиёҳро сӯрох намуда, тухмашро мехӯрад. Дар хусуси ҷасорат, ҳушёрї ва пуртоқатии ин ҷонвар худи табиатдӯстон ба драҷаи аъло медонанд.

Инчунин ин гиёҳро чой карда нӯшида гарданд, дар натиҷаи иллати асабҳо ва вайрон шудани низоми ивазшавии моддаҳо мӯйи сар пеш аз вақт сафед гашта бошад, аз нав сиёҳ мегардонад (бо худи ман ин ҳодиса рӯй дода буд); дар ҳар як ҷойи аъзо, пайвандҳо (буғумҳо), по ва ғайра дард пайдо шавад, бартараф месозад, инчунин дарди пушт, дарди шона, дарди ронҳо ва дигар дардҳои пайдошударо дафъ мекунад. Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ месозад, ҳатто омадани ҳайзро ҳам дар занҳо бозмедорад.

Агар аз 3,5 то 7 грамми онро кӯфта ё чой барин дам карда бихӯранд, чи навъе ки ба онҳо заҳр расида бошад; хоҳ аз мори шохдор (ин қаттолтарин морҳост), хоҳ аз каждум, хоҳ аз ғунда ва ғайра бошад, қувват ва таъсири заҳрро аз бадан дафъ мекунад, ҳатто агар заҳр дода бошанд ҳам, аз он наҷот медиҳад, хоҳ пеш аз заҳр расидан (ё хӯрдан) ва ё баъд аз он бошад, монеъи таъсир мешавад ва дафъи зарари он мекунад. Инчунин хилти сафроро, ки дар бадан ҷамъ шуда, азият расонида бошад, меронад ва дарунро нарм мекунад, рӯдаҳоро пурқувват мегардонад. Агар дар рӯзҳои аввали дароиши моҳи ҳамал то се рӯз муттасил 4,5 граммї тухмашро кӯфта бихӯранд, дар ҳамон сол, чи навъе ки заҳр бирасад ва ё бихӯранд, таъсир намекунад ба истеъмолкунандааш.

Агар мавсими чидани ин гиёҳ гузашта бошад; решаашро шуста, ҷӯшонида, он обро истеъмол фармоянд ҳам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки қавитар аз он аст.

Бояд қайд кард, ки чойи ин гиёҳ ҳангоми аввалин бор нӯшидан пиёлаи якумаш як андоза бӯйи алаф, ҳатто бӯйи мушро медиҳад, вале дар вақти нӯшидани пиёлаи дувумаш ва минбаъд ба табъ чунон мефорад ва мегуворад, ки чї миқдор бисёр нӯшида гардад, ҳамон қадар зиёда баҳри дилро мекушояд, ҳамон қадар ҳаловатбахш аст ва ҳамон қадар табиат онро мекашад. Инак, агар инро ҳар чї қадар бисёр истеъмол кунанд ҳам, зарар намерасонад. Ҳамаи ин хислатҳояш дар амал озмуда шудаанд.

Аз гиёҳи мухаллас ба воситаи асбоби анбиқ арақ ҳам мекашанд. Вале арақи ин чун дигар шаробҳо масткунанда нест. Нӯшидани ин арақ узвҳои дағалгаштаи дохилиро нарм мегардонад, модда ва ахлоти бегонаи дар бадан ғализшударо таҳлил медиҳад; мағзи сар, меъда, ҷигар ва ғадудҳои мардиро пурзӯр мекунад, қулинҷи  шадидтаринро мекушояд. Агар ин растанї зироат карда шавад, барои тандурустии одамият манфиатҳои бисёре меоварад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …