МУҲАББАТОВ Ҷиёнхон Қурбонович (тав. 12. 08. 1967, деҳаи Гулистони ноҳ. Ҳамадонӣ), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1992). Духтур-интерни кафедраи ҷарроҳии умумии № 1-и ҳамин донишгоҳ (1992 – 1993), ҷарроҳи шӯъбаи колопроктологияи беморхонаи клиникии шаҳрии № 5 ба номи акад. К. Т. Тоҷиев (аз 1993). Ҳамзамон с-ҳои 2002 – 2007 мудири кафедраи ҷарроҳии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ буд. С. 1999 дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Колопроктология» ва с. 2001 аз рӯи ихтисоси «Эндоскопия» маҳорати касбӣ омӯхтааст. Аз с. 2005 ҳамчун ассистент дар кафедраи ҷарроҳии умумии № 1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ фаъолият дорад. Муаллифи 68 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 4 тавсиянома, 14 навоварӣ ва як монография. Доир ба ташхис, пешгирӣ ва ҷарроҳии бавосири оризанок як силсила пажӯҳишҳо анҷом додааст.
Ос.: Ошибки и осложнения в лечении геморроя. «Хирургия», М., 2001, № 3; Органические заболевания прямой кишки после геморроидэктомии. Известия АН РТ, отд. биол. и мед. наук, Д., 2003; № 2 (149); Профилактика сужения прямой кишки после геморроидэктомии. Известия АН РТ, отд. биол. и мед. наук, Д., 2004, № 1 – 2; Состояние защитного слизистого барьера прямой кишки у больных с хроническим геморроем. Известия АН РТ, отд. биол. и мед. наук, 2009, № 3.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …