Главная / Маданият ва санъат / Муҳаббати Аллох таъоло

Муҳаббати Аллох таъоло

Муҳаббати Аллох таъоло

Бидон, ки аввал ӯ туро дӯст доштааст, ки агар ӯ туро дӯст надорад, ту кай метавонӣ, ки ӯро дӯст дорӣ.

Худои таъоло гуфтааст, ки бандан ман маро дӯст дор, ба ҳаққи ман бар ту, ки ман туро дӯст медорам, ҳар касеро, ки Худои таъоло дӯст дорад, ҳаргиз ӯро душман нагирад.

Бидон, ки муҳаббати Ҳақ таъоло бар бандан мӯьмин фариза аст ва ҳар касе Худовандро аз зану фарзанд ва молу чизи худ дӯсттар надорад, ӯ мӯъмини хақиқӣ нест. Агар дар дили худ дӯстии Ҳақ мебинӣ, бидон, ки ба микдори он, ки ту ӯро дӯст медорӣ, ӯ низ туро дӯст медорад.

Агар касе Худои таъолоро дӯст намедорад, ин аломати он аст, ки Ҳақ таъоло низ ӯро дӯст намедорад.

Бародарон ва хоҳарони азиз, суханҳо дар бораи муҳаббати Аллоҳ таъоло ва сифати ошиқони хақиқӣ бисёр аст, аммо фаҳми аксарияти мову шумо ба он намерасад, барои ҳамин мо онро ба қадри фаҳмиши омма баён кардем.

Илоҳо, ба ҳурмати оби дидаи ошиқони хақиқӣ ва ба сӯзи синаи муштоқон ва ба ранги зард ва ба оҳи сарду дили пурдарди муҳибон аз савоби онҳо ба мо низ рӯзӣ гардонӣ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …