Главная / Гуногун / МУДИР, ТОЛКУЧКА ВА ДУЗД

МУДИР, ТОЛКУЧКА ВА ДУЗД

Cолҳои охири ҳукумати Шӯравӣ дар кишвар камбуди шадиди коло ҳукмрон буд. Ба ҳадде, ки фурӯшгоҳҳо комилан холӣ буданд. Рафҳои фурӯшгоҳҳоро барои зеб бо кон- сервҳои касмахар пур нигоҳ медоштанд, зеро чизи дигар надош- танд. Дар фурӯшгоҳҳои сарулибос низ ҳол ҳамин буд. Ҳатто пул ҳам дошта бошӣ, ёфтани сарулибосу пойафзоли муносиб номумкин буд. Фурӯшгоҳҳо ҳама давлатӣ буданд. Боқадртарин инсонҳо мудирони анборҳои давлатӣ ва фурӯшандагон буданд. Ҳама пиру ҷавон, вазиру кабир, раису саис дастнигари инҳо буданд, то либосу палоси дилхоҳро дастрас кунанд. Агар бахти касе механдид ва либоси хуберо ба даст меовард, онро боэҳтиёт солҳои дароз мепӯшид.

Ёд дорам, боре сари соли хониш либоси муносиб надоштам. Ҳамсинфам аз тариқи бародараш, ки мудири анбори корхонаи таъмири мошин буд, ба мудири анборе занг зада хоҳиш кард, ки ба ман як костюму брюки хуб ёфта диҳад. Мо бо ҳамсинфам ба он анбор рафтем. Мудир бе ҳеч салому калом, ҳавобаландона:

  • Додари Акбар туӣ? – гуфта пурсид. Ва як ҷуфт костюму брюки ранги сафедро бароварда дод.
  • Ранги дигар надоред? – пурсидам ман.

Ӯ ба дӯстам, гӯё ман ҳозир набошам, гуфт:

  • Бигӯ, ки ҳамин, дигар нест.

Ман пурсидам, ки мумкин аст, пӯшида андозаашро бинам, ӯ бо рӯи турш сар такон дод. Вақте пӯшидам, ин ҷуфт барои ман каме калон буд. Пурсидем, ки андозаи хурдтар надорад, ӯ ин дафъа ба ман муроҷиат карда, даҳонашро накушода, аз байни дандонҳояш ғиҷирос зад:

  • Хоҳӣ бигир, нахоҳӣ, калларо гаранг накун!

Ман, ки пеш аз ин хеле саъй карда, ҳеч чизи мувофиқ на- ёфта будам, бояд интихоб мекардам, бо либосҳои фарсуда ба донишгоҳ равам ё ин ҷуфтеро, ки на рангаш ва на андозааш муносиб буд, бихарам. Ман як сол бо он либоси ғайриодӣ, ангуштнамо дар донишгоҳ таҳсил кардам.

Дар солҳои донишҷӯии ман дар мағозаҳои Душанбе фақат либосҳои истеҳсоли худи шӯравӣ фурӯхта мешуданд. Ин либосҳо ғайр аз он ки он қадр сифати хуб надоштанд, саб- ки тарроҳияшон низ на ҳамеша дилкаш буд. Аҳёнан дар фу- рӯшгоҳҳо аз кишварҳои сусиёлистӣ, мисли Лаҳистону Чекос- ловакӣ либос пайдо шавад, навбат барпо мешуд ва зуд тамом мешуд. Мудирони фурӯшгоҳҳо қисми либосҳоро пинҳон карда, баъдан бо нархи гарон ба истилоҳи он замон «аз зери миз» мефурӯхтанд.

Аслан, камбуди сарулибос дар Шӯравӣ мавзӯи хосе аст. Ҳамин либосҳои «ҷинс», кафшҳои варзишии брендҳои маъруф аслан дастрас набуданд. Касоне, ки либосу кафши хуштарҳи хориҷӣ дошта бошанд, хушбахт ҳисоб мешуданд ва онро бо ифтихор мепӯшиданд.

Вақте мегуфтанд, ки дар Амрико шалворҳои «ҷинс»-ро ҳамчун либоси кори сиёҳ мепӯшанд, ҳама ҳавас мекарданд, ки як рӯз ҳам бошад дар Амрико коргари кори сиёҳ бошанд. Мардум он қадр муштоқи либоси хориҷӣ буданд, ки вақте як сол ниҳодҳои савдои шӯравӣ аз Покистон либоси рӯй ворид кард, одамон ҳама аз он хариданд. Дар пушти ин болопӯш бо ҳарфҳои калон «TABANI» навишта шуда буд. Душанбе ба тав- ри хандаовар шаҳри «TABANI»-xo шуда буд. Ҳар куҷо нигоҳ кунед, дар пушти одамон бо ҳарфҳои калон ин ном навишта шуда буд. Хурду калон аз ин болопӯш мепӯшиданд.

Дар замони донишҷӯии ман дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе як бозори ғайриқонунӣ бо номи «толкучка» амал ме- кард. Ин ном дар забони русӣ ду маъно дорад, яке ҷои серодам, дигаре бозори колои дасти дувум, ки ҳарду ҳам ба ҳамин бозор дуруст мегирифтанд. Дар ин бозор ҳама гуна либосу кафши хориҷӣ харидуфурӯш мешуд. Касоне, ки барояшон сафари хориҷа муяссар мешуд, аз он ҷо ҷомадонҳои худро аз коло пур карда меоварданд ва баъдан дар ин бозор фурӯхта, пул мекарданд. Он солҳо инчунин дар Душанбе теъдоди зиёди до- нишҷӯёни афғонистонӣ таҳсил мекарданд, ки онҳо низ ба таври қочоқ молу коло меоварданд ва дар ин бозор мефурӯхтанд.

Он солҳо ман дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекардам. Дар байни донишҷӯён ҳамеша дар бораи нарху наво ва молу колои мавҷуди ин бозор суҳбатҳо мешуд. Баъзе аз донишҷӯён дар ин бозор савдо ҳам мекарданд. Ман як-ду бор ба ин бозор рафтаам. Ин бозор дар қисмати «Гипрозем»-и шаҳр, бевосита дар рӯи роҳи мошин баргузор мешуд. Одамони зиёд, он қадр зиёд, ки доим ба ҳам дакка мехӯранд, колои фурӯшӣ дар даст, равуо мекарданд. Яке кафшҳоеро дар даст ба ҳама нишон дода, «Адидас» – гуфта мегашт, дигарӣ шалвор дар китф, ба қиёфаи одамон нигариста, «ҷинси Левис» гуфта, молашро тарғиб ме- кард. Харидорон фурӯшандаҳоро нигоҳ дошта, молашро ме- диданд ва ҳамон ҷо савдо мекарданд. Дар ин бозор ҳеч растае ё дӯконе вуҷуд надошт. Як анбӯҳи одамон ҳама дар ҳоли равуо ба хариду фурӯш машғул буданд.

Амир ном як ҳамкурси ман ҳар ҳафта дар ин бозор либос мефурӯхт. Ӯ аз донишҷӯёни афғонистонии шиносаш ду-се ҷуфт либоси хориҷӣ гирифта, дар тӯли ҳафта пӯшида мегашт ва рӯзи якшанбе онҳоро тозаву дарзмол карда, мисли либоси нав ба фурӯш мебаровард. Агар либосе ба фурӯш биравад, пулашро ба дӯсти афғонистониаш дода, боз ба ҷояш либос гирифта, то рӯзи якшанбеи дигар пӯшида мегашт. Ҳамин тавр, Амир дар байни ҳамдарсон ҳамчун баччаи хушсарулибос маъруф буд.

Вақте мо ба Деҳлӣ расидем, чизи аввалине, ки моро моту мабҳут кард, фаровонии молу коло буд. Ошёнаи аввали тамоми биноҳо фурӯшгоҳ буданд. Ин фурӯшгоҳҳо пур аз анвои мол буданд. Нархи онҳо ҳам барои мо, ки пули хуб мегирифтем, дастрас буд. Дигар мо гоҳ-гоҳ растагардӣ карда, табъи дилу завқ чизҳои лозимиямонро харидорӣ мекардем. Ман, ки дар Ватан ҳеч гоҳ либоси дилхоҳ намеёфтам ва агар ёбам ҳам, тавони харидашро надоштам, барои худам ду-се ҷуфт либосу кафши хуб гирифтам ва либосҳои «шӯрави»-ямро, ки ба худам маъқул набуданд, дур андохтам. Ва аз он пас ҳар чанд ҳафтае либосҳои нав ба нав мехаридаму бо завқ мепӯшидам.

Сӯҳроб, ки ҳамроҳи ман аз Тоҷикистон омада буд, низ маро доим дар растагардӣ ҳамроҳӣ мекард ва либосу кафшҳои нав ба нав мехарид, вале боре ҳам онҳоро намепӯшид ва бо ҳамон либоси аз Ватан пӯшида омадааш мегашт. Бегоҳ он либосҳои кӯҳнаашро мешуст, ки шаб бихушканд ва рӯзи дигар боз онҳоро мепӯшид. Ман ҳайрон шуда, аз ӯ пурсидам, ки чаро он ҳама либоси зеборо, ки мехарад, намепӯшад? Ӯ гуфт, «инҳо барои Ватананд, он ҷо мепӯшам».

Вақти баргаштан, барои худу наздикон боз ҳам либосу сав- ғои зиёд харидем. Агар бағочи ман ду ҷомадон шуда бошад, бағочи Сӯҳроб ду баробари ман буд, зеро ӯ тамоми сол мол андӯхта буд ва ҳанӯз ҳам бо он либосҳои овардааш мегашт.

Пас аз баргаштан, рӯзе дар хиёбон, вақте аз мошин пиёда мешудам, ӯро дидам. Ғамгину маъюс буд. Ҳол пурсидам, бо ҳасрат гуфт:

– Асло напурс, хонаро дузд зад, бетурсук (либоси зер) мон- дем.

Дар танаш ҳамон либосҳои қадимияш буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …