Главная / Гуногун / Муборизаи Абӯиброҳими Мунтасир барои барқарор намудани ҳокимияти Сомониён

Муборизаи Абӯиброҳими Мунтасир барои барқарор намудани ҳокимияти Сомониён

Дар солҳои аввали асри ХI, пас аз забт кардани Мовароуннаҳр ба Қарохониҳо лозим омад ба муқобили амалиёти бародари Абдулмалик Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳ, ки дар муҳорибаҳои зидди Қарохониён бо номи Мунтасир (фотеҳ) маъруф гардида буд, мубориза баранд. Мунтасир аз Ўзген, ки дар он ҷо маҳбуси Қарохониҳо буд, ба Хоразм фирор намуд ва аз тарафдорони хонадони сомонӣ лашкаре фароҳам оварда, ба сӯи Бухоро ҳаракат кард ва ҳокими Қарохониро ронда, шаҳрро соҳиб шуд. Боқимондаи лашкари шикастхӯрдаи Қарохониҳо ба Самарқанд паноҳ бурданд.

Ҷаъфартегин ном бародари хони қарохонӣ, ки дар ин вақт ҳукумати Самарқандро ба дасти худ нигоҳ медошт, наздик расидани лашкари Мунтасирро шунида, бо қувваи муттаҳидаи Самарқанд ва Бухоро ба муқобили ӯ равон шуд, вале ба шикасти сахт дучор гардида, худ бо бисёр саркардагонаш ба дасти душман асир афтод. Мунтасир баъд аз ин ғалаба ба Бухоро баргашта, ба сари ҳукумат қарор гирифт.

Лекин вақте ки хони қарохонӣ Насри Илокхон қувваҳои асосии худро бар зидди ӯ равона намуд, Мунтасир ба онҳо муқобилат карда натавонист ва бе ҳеҷ муҳориба Бухороро ба дасти душман гузошта, ба тарафи Хуросон ҳаракат кард. Дар он ҷо Абулқосими Симҷурӣ ба вай ҳамроҳ шуд ва ҳар ду бар зидди Маҳмуди Ғазнавӣ мубориза сар карданд, вале сарфи назар аз баъзе комёбиҳои ҷузъӣ, ин мубориза бемуваффақиятона анҷом ёфт.

Дар соли 1003 Мунтасир ба Мовароуннаҳр баргашта, бо ёрии ғузҳо дубора бар зидди Қарохониҳо сар бардошт.

Дар Осиёи Миёна ғузҳо қабилаҳои туркзабони аксаран бодиянишин буданд. Дар асри Х манзили ғузҳо дар дашту саҳроҳои паҳновар – аз маҳалҳои ҷанубии назди Балхаш то поёноби Волга парешон гардида, фақат дар наздикиҳои Каспӣ, Сирдарё ва атрофи Арал иқоматгоҳҳои сернуфуси онҳо ба вуҷуд омаданд[1]. Қисми камтару нисбатан камбағали ғузҳо дар ин вақт ба шаҳру деҳот ҷойгир шуда, ба корҳои зироат машғул гардиданд. Дар охири асри IХ ва аввали асри Х дар наздикиҳои баҳри Арал давлати ғузҳо таъсис ёфт. Марказ ва қароргоҳи зимистонии онҳо шаҳри Янгикент (воқеъ дар поёноби дарёи Сир) буд. Ашрофи феодалии ғузҳо кӯчманчиён ва зироаткорони қаториро беш аз пеш истисмор мекарданд. Авҷ гирифтани зиддиятҳои синфӣ дар муҳити ғузҳо сабабгори дар ҳудуди асрҳои Х–ХI аз по афтодани давлати сирдарёии ғузҳо гардид.

arab-abumuslim

Ҷангҳои пайдарпай бо мардуми муқимии ҳамсоя манбаи доимии афзоиши сарвати ашрофи қавму қабилавии ғузҳо буд. Барои дафъи ҳуҷуми онҳо дар гирдогирди воҳаҳо истеҳкомоти зиёде месохтанд. Аз тарафи дигар, эҳтиёҷ ба ғалла, мубодилаи озуқаворӣ дар байни хоҷагиҳои муқимӣ ва кӯчманчӣ ғузҳоро водор менамуд, ки бо аҳолии зироаткори воҳаҳо робита барқарор кунанд.

Дар аввал амалиёти Мунтасир хеле муваффақиятнок давом намуд. Вай қувваҳои аскарии Насри Илокхонро торумор карда, 18 нафар сарлашкарони қарохониро асир гирифт. Лекин ба зудӣ дар байни Мунтасир ва саркардаҳои ӯ дар бобати тақсими ғаниматҳои ҳарбӣ муноқиша ва носозиҳо сар шуд. Мунтасир, ки дар миёни аҳолии Мовароуннаҳр такягоҳе надошт, аз тарси он ки рӯзе саркардаҳояш бо Қарохониҳо созиш намуда, ба ӯ хиёнат накунанд, ба ҷустуҷӯи иттифоқчиёни дигар қарор дод. Ӯ дар охирҳои тирамоҳи соли 1003 бо 700 нафар аскари савора ва пиёда аз дарёи Аму гузашта, хост мавқеи худро дар Абевард ва Нисо (дар қарибии Ашқободи ҳозира) мустаҳкам кунад, лекин дар ин ҷо ба дастаи ҳарбии Хоразмшоҳ дучор омада, шикасти сахт хӯрд ва пас аз ин бо аскарони боқимондаи худ боз аз нав ба Мовароуннаҳр рӯ овард.

Дар муборизаи минбаъдаи зидди Қарохониҳо Мунтасир қувваи ҳарбии дар Бухоро гузоштаи Насрро шикаст дод. Дар натиҷаи ин муваффақияти Мунтасир дар як қатор маҳалҳои Мовароуннаҳр ҳаракати аз нав барқароркунии ҳокимияти Сомониён сар шуд. Сардори дастаи ғозиҳои Самарқанд ҳорис, ки бо лақаби Ибни Аламдор машҳур гардида буд, бо қувваи сеҳазорнафараи худ ба Мунтасир пайваст. Ғайр аз ин, шайхҳои шаҳр садҳо ғуломонро мусаллаҳ намуданд. Ниҳоят, ғузҳо низ дубора омада ба Мунтасир ҳамроҳ шуданд. Ба ҳамин тариқ, Мунтасир лашкари худро пурқувват кард ва дар ҷанги назди Бурнамад ғалабаи калоне ба даст оварда, қувваи асосии Насри Илокхонро торумор намуд.

Бо вуҷуди ин, муваффақияти ҳарбӣ Мунтасир мавқеи худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам карда натавонист, зеро Илокхон фавран қувваҳои тоза ҷамъ намуда, дар чӯли байни Ҷиззах ва Хавос ба ӯ ҳуҷум овард. Ғузҳо, ки дар ҷанги назди Бурнамад ғанимати зиёд ба даст дароварда буданд, дар ин муҳориба иштирок кардан нахоста, ба маҳалли бодиянишинии худ ақиб гаштанд. Илова бар ин, дар вақти нозукии кор яке аз сарлашкарони бузурги Мунтасир ба ӯ хиёнат намуда, бо 4 ҳазор аскар ба тарафи Илокхон гузашт. Ин буд, ки Мунтасир фишори Қарохониҳоро бартараф карда натавониста, маҷбур шуд, ки ба тарафи Хуросон рӯ ба гурез ниҳад.

Лекин ҳатто пас аз ин ҳам Мунтасир аз фикри дубора таъсис намудани давлати сомонӣ даст накашид. Ў ба зудӣ аскар ҷамъ намуда, дафъаи чорум ба Мовароуннаҳр ҳаракат кард. Вале ин дафъа ҳам дар натиҷаи хиёнати сарлашкаронаш мағлуб гардид ва ниҳоят дар сари соли 1005 ба дасти яке аз роҳбарони қабилаҳои бодиянишин кушта шуд.

Мунтасир ягона намояндаи сулолаи Сомониён буд, ки барои дубора барқарор намудани ҳокимияти ин хонадон дар Мовароуннаҳр беоромона мубориза бурдааст. Вале азбаски Сомониён аз заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ маҳрум гардида, аз тарафи гурӯҳҳои асосии аҳолӣ пуштибонӣ намедиданд, кӯшиш ва фаъолияти шахсии Мунтасир ҳеҷ як натиҷае набахшид.

Пас аз марги Мунтасир мубориза барои тақсими мероси давлати сомонӣ фақат дар байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Қарохониён давом мекунад.

[1] Доир ба таҳлили муфассали ҳамаи мадракҳои паҳншавии рӯзҳо ниг.: Оuоҷонов С. Г., 1969, с. 49–85

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …