Главная / Гуногун / Муборизаи давдатҳои империалистии Европа барои забти Ҳабашистон

Муборизаи давдатҳои империалистии Европа барои забти Ҳабашистон

Баҳори соли 1884 ҳукумати Англия бо мақсади нерӯҳои маҳдичиёни Судонро ба Ҳабашистон ҷалб намудан ва артиши англисии дар муҳосираи шӯришгарон бударо халос кардан чораҳои зарурӣ андешид. Англия намояндагони худро ба назди Иоҳаннеси IV район мекунад. Дар ин ҷо англисҳо созишномаеро ба имзо расониданд, ки мувофиқи он Иоҳаннеси IV ӯҳдадор шуда, ки барои дифои истеҳкомҳои дар қад-қади сарҳадҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Ҳабашистон будаи англисҳо дасти ёрӣ дароз мекунад. Лашкари Ҳабашистон маҳдичиёнро аз ин истеҳкомҳо зада гардонида, гарнизонҳои Англияро озод карданд. Ана, ҳамин тавр Ҳабашистон ба чанги нолозими зидди маҳдичиёни Судон кашида шуд.

images

Дар айни замон англисҳо розӣ шуданд, ки бандари ягонаи баҳрии Ҳабашистон – Массауа ба Италия супорида шавад. Баъди ин италиявиҳо ба дарунтари мамлакат даромада, аз шимол ба мулкҳои негус Иоҳаннеси IV таҳдид менамуданд. Италиявиҳо дар мубориза бар зидди Иоҳаннеси IV пинҳонӣ бо Менелик забон як карданд. Мулкҳои Иоҳаннес дар муҳосира монданд: аз шимол Италия ҳуҷум кард, аз ғарб – маҳдичиён, аз тарафи ҷанубу тароӣ қабилаҳои данакил, ки онҳоро италиявиҳо ба ин ҳуҷум рӯҳбаланд мекарданд, Лашкари Менелик бошад, дар наздикии сарҳадҳои ҷанубии мамлакат мустақар буд. Маҳдичиён ба дарунтари Ҳабашистон даромада, соли 1887 Гондарро ишғол намуда, қисми зиёди музофоти Дамбейяро хароб карданд. Соли оянда онҳо ҳуҷуми худро аз нав такрор карданд, лекин ин дафъа аз тарафи ҳокимони маҳаллӣ Микаэл, Мангаши ва Алула торумор карда шуданд. Дар яке аз муҳорибаҳо Иоҳаннеси IV захми марговар бардошт. Дар чунин шароити мушкил дар байни ҳокимони Ҳабашистон ягонагию ваҳдат вуҷуд надошт.

Аввали соли 1887 италиявиҳо аз нав ба Ҳабашистон ҳуҷум карданд, вале дар муҳорибаи назди Догалӣ шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ба ҷониби бандари Массауа ақибнишинӣ кунанд. Баъди ин шикаст италиявиҳо артиши худро ба Эритрея равон карданд. Акнун артиши Италия бо ҳамроҳии гарнизони пешакӣ дар сарҳадҳои ҳамонҷоии Ҳабашистон ҷойдошта ба 25 ҳазор нафар расид. Дар баробари ин ҳукумати Италия соли 1888 намояндаи худ Литонеллиро ба назди ҳокими Шоа – Менелик равон карда, иброз дошт, ки ӯро ҳамчун негуси Ҳабашистон эътироф мекунад ва тайёр аст, ки ба ӯ барои мубориза бар зидди Иоҳаннеси IV ёрии ҳарбию пули фиристонад. Ба ивази ин ёрӣ Менелнки II бояд мулкҳои Асмара ва Керенаро вогузор мекард. Менелик таклифи италиявиҳоро қабул кард, вале ба муқобили Иоҳаннеси IV барнахост. Аз ҷониби Иоҳаннеси IV ҳам бар зидди Италия чанг накард. Яъне мавқеи бетарафиро ихтиёр кард.

Соли 1889 Менелики II бо Италия дар бораи дустӣ ва тиҷорат шартнома баст. Мувофиқи ин санад ӯ аз тарафи англисҳо истило карда шудани Эритреяро эътироф намуд. Барои гузашткунии Эритрея Ҳабашистон аз Англия 38 ҳазор милтиқ ва 20 тӯпхона тӯҳфа гирифт ва мувофиқи қарордоди иловагӣ Англия ба Менелики II ба маблағи 4 млн. ф.-ст. вомбарг дод.

Баъди соли 1889 дар ҷанги зидди маҳдичиён ҳалок гардидани Иоҳаннеси IV ба тахту тоҷи негуси негестии Ҳабашистон Менелики II соҳиб шуд. Ба ӯ муяссар гардид, ки муттаҳидкунни Ҳабашистонро, ки Фёдори II оғоз карда буд, давом дода, қаламрави зери итоати худро боз ҳам васеътар кунад. Оҳиста-оҳиста аксарияти вилоятҳо ва қабилаҳои Ҳабашистон ҳокимияти Менелики II-ро эътироф карданд. Вале солҳои 90-ум Италия ба муқобили Ҳабашистон аз нав ҳуҷуми густурдаи худро оғоз намуда, ба ин раванд халал расонид. Дар муҳорибаҳои  сершумори ин ҷанг гоҳ як тараф ва гоҳ тарафи дигар дастболо мешуд ва ниҳоят соли 1896 дар Адуа артиши Ҳабашистон сипоҳи Италияро торумор кард. Худи ҳамон сол ҳайати вакилони Италия ба пойтахти нави Ҳабашистон ш. Аддис-Абеба (он соли 1887 асос ёфтааст) омада, ба Созишномаи сулҳ имзо гузошг. Аз рӯи ин созишнома Ҳабашистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф карда шуд. Сарҳади Ҳабашистон муваққатан (то муанянкунии ниҳоии он) аз тариқи хати демаркатсионӣ қад-қади дарёи Мареб муқаррар карда шуд. Аз Ҳабашистон шикаст хӯрдан барои Италия вазнин афтод. Он маҷбур шуд, ки ба ин давлаг 10 млн. лир товони ҷанг ҳам бидиҳад.

Дар мубориза бар зидди Италия Ҳабашистон пинҳонӣ аз Фаронса ёрӣ мегирифт. Ба ивази ин некӣ соли 1894 Фаронса аз Менелики II барои сохтмони роҳи оҳан иҷозатнома гирифт. Додани ин иҷозатнома маънои онро дошт, ки дар сиёсати хориҷии худ Ҳабашистон бештар ба суд Фаронса майл мекунад.

Баъди шикаст хӯрдани Италия муттаҳидкунии Ҳабашистон ба охир расид.

Дар баробари ба Ҳабашистон cap даровардани сармояи Фаронса Менелики II барои пасттар карда ин мавқеи он ба Англия низ гузашт мекард. Барои ҳамин ӯ аз сохтани иншооти гидротехникии Фаронса дар кӯли Тана даст кашид. Мувофиқи Созишномаи байни Ҳабашистон ва Судон аз 15 майи соли 1902 чунин иншоотҳоро минбаъд танҳо бо розигии генерал-губернатори Судон сохтан мумкин буд. Ин созишнома сарҳади байни Ҳабашистон ва Судонро низ муайяи намуд. Ҳабашистон ба англисҳо иҷозат дод, ки дар мамлакат роҳи оҳани Судонро бо Уганда пайвасткунанда созанд. Фишори минбаъдаи англисҳо ба он оварда расонд, ки моҳи апрели соли 1905 Менелики II иҷозатномаи сохтмони роҳи оҳани ширкати фаронсавиро бекор кард.

То оғози Ҷанги Якуми ҷаҳонӣ Ҳабашистон объекти талоши Англия, Фаронса, Италия ва Германия мешавад. Дар ин мамлакат давлатҳои империалистии Европа минтақаи муайянеро ба даст медароварданд. Инчунин барои дар Ҳабашистон мавқеи бештар пайдо намудан дар байни худ рақобат ҳам мекарданд. Аз соли 1908 cap карда муносибатҳои Ҳабашистон бо Фаронса нисбат ба давлатҳои дигари номбурда беҳтар мешавад. Маҳз барои ҳамин Ҳабашистон барои сохтмони роҳи оҳан ба ин давлат иҷозатнома медиҳад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …