Главная / Илм / МУБОДИЛАИ МОДДАҲО ВА НЕРУ

МУБОДИЛАИ МОДДАҲО ВА НЕРУ

metabolizmМУБОДИЛАИ МОДДАҲО ВА НЕРУ, метаболизм, маҷмӯи ҷараёни тағйироти химиявии моддаҳою неру (энергия) дар организмҳои зинда ва мубодилаи моддаҳою неру байни организму муҳит. М. асоси фаъолияти ҳаётӣ, нишонаи хоси материяи зинда буда, зиндаро аз ғайризинда фарқ мекунад. Ҳар навъи ҳайвонот мубодилаи хосае дорад, ки он ба хусусиятҳои ирсӣ, ҷинс, синну сол, шароити зиндагӣ ва ғ. вобаста аст.
Маҷмӯи табаддулоти химиявии моддаҳои гуногун аз лаҳзаи ба хун ворид шудани онҳо то ҳосил гаштани маҳсули ниҳоии таҷзия мубодилаи мобайнии моддаҳо ва неру ё метаболизми мобайнӣ ном дорад. Мубодилаи мобайнӣ асосан дар дохили ҳуҷайра сурат мегирад, аз ин рӯ истилоҳи мубодилаи «мобайнӣ» ё «дохили ҳуҷайравӣ» ҳаммаъност. Равандҳои ферментии ба ҳам муқобил, вале ба ҳамдигар сахт марбут асоси М.-и мобайниро ташкил медиҳанд. Ин ҳодисаҳо ассимилятсия (анаболизм) ва диссимилятсия (катаболизм) ном доранд. Ассимилятсия аз пайвастҳои соддатарине, ки ҳангоми гувориш (ҳазми хӯрок) ҳосил мешаванд, ҳосил гаштани моддаҳои калонмолекулаи ҳуҷайравӣ аст (кислотаҳои нуклеат, сафедаҳо, чарбу ва моддаҳои ҷарбмонанд). Диссимилятсия таҷзияи ферментии молекулаҳои калон буда (дар организмҳои олӣ, одатан, бо роҳи оксидшавӣ мегузарад), бо ихроҷи энергияи пайвастҳои химиявии моддаҳои органикӣ сурат мегирад. Энергияи озодшуда барои кашиш ёфтани мушакҳо, интиқоли импулсҳои асаб, нигаҳдории ҳарорати бадан, равандҳои гуногуни ҳосилшавӣ, ҷаббиш ва тарашшӯҳ, маҳфуз доштани консентратсияи ионҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ дар дохилу хориҷи ҳуҷайра истифода мегардад. Ба туфайли М. дар организми зинда моддаҳои ғизоӣ ба пайвастҳои махсус табдил ёфта, чун масолеҳи бунёдӣ ё нерубахш истифда мешаванд. М. ба мунтазам нав шудани узву бофтаҳо (бидуни тағйири таркиби химиявии онҳо) мусоидат мекунад. Сафедаҳо, чарбу, карбогидратҳо ва ғ. дар ҷараёни мубодила мавқеи гуногун доранд.
Организм сафедаҳоро асосан ба сифати масолеҳи бунёдӣ (пластикӣ), карбогидратҳо ва чарбуро барои ҷуброни сарфи энергия истифода мебарад. Карбогидратҳо манбаи асосии неруи организм мебошанд, зеро ҳангоми тағйироти онҳо тақрибан нисфи неруи барои организм зарур ҳосил мешавад.
М.-ро шартан ба чунин зинаҳо ҷудо мекунанд: 1) Гувориш – аз таъсири ферментҳои ҳозима (пепсин, трипсин, химотрипсин ва ғ.) дар меъдаю рӯда то пайвастҳои хурдмолекула таҷзия шудани қисмҳои мураккаби таркиби хӯрок, ки барои мубодилаи моддаҳои гуногун умумӣ аст ва организм метавонад онҳоро ҳазм кунад; пайвастҳои хурдмолекула чун чорроҳа самтҳои гуногуни метаболизмро бо ҳам мепайванданд; 2) Маҳсули ҳозимаро ҷаббидани рӯда ва баъди ба хун гузаштан, ба узву бофтаҳо расондани он; 3) Аз моддаҳои дар ҷараёни гувориш пайдошуда ҳосил гаштани пайвастҳои барои ҳамин организм хос. 4) Таҷзияи ин пайвастҳо якҷоя бо ҳосил шудани маҳсули мобайнӣ ва интиҳоии мубодила; 5) Ихроҷи маҳсули интиҳоии мубодила аз организм.
Дар ҳуҷайраҳо ҷараёни биосинтез ва таҷзия ҳамзамон ба амал меояд. Роҳи асосии истифодаи неруии дар ҷараёни М. озодшуда ин дар моддаҳои махсус (ба ном пайвастҳои макроэргӣ), мас., аденозинтрифосфат (АТФ) гирд омадани он аст. Дар байни пайвастҳои макроэргӣ АТФ универсалӣ мебошад. АТФ бо роҳҳои гуногун аз кислотаи аденозиндифосфат (АДФ) ва фосфати ғайриорганикӣ ҳосил мешавад, аммо қимати неруии тариқи ҳосил гаштани он нобаробар аст. Дар сурати таҷзияи АТФ ба АДФ ва фосфати ғайриорганикӣ 8 – 10 ккал энергия хориҷ мешавад. Энергияи АТФ ба энергияи механикӣ, химиявӣ ва гармӣ табдил ёфта, ба диг. пайвастҳо мегузарад, ҳамчунин барои эҳтиёҷи биосинтез сарф мешавад.
Мавқеи витаминҳо, об ва моддаҳои гуногуни минералӣ дар ҷараёни М. хеле калон аст. Натрий, калий, калсий, фосфор, инчунин баъзе микроэлементҳо – магний, манган, руҳ, молибден, фтор, кобалт ва ғ. барои М. ниҳоят муҳим мебошанд. Онҳо дар равандҳои биоэлектрӣ (чун ноқили импулси асаб) ва осмосии ҳуҷайраҳо ширкат варзида, ба таркиби дандон, устухонҳо дохил мешаванд, барои фаъолияти бисёр ферментҳо ва пигментҳои нафаскашӣ (мас., гемоглобин) аҳамияти калон доранд.
Дараҷаи М. дар ҷараёни ҳаёт доимӣ нест. Ба туфайли М. организм ба шароити тағйирёбандаи зиндагӣ мутобиқ мегардад. Ин ҳама дар натиҷаи мувофиқат ва дурустии ҷараёни М. ба даст оварда мешавад. Ҳамин тавр, дараҷаи ба организм хоси М. муайян мегардад, ки он дар рафти инкишофи таърихӣ (филогенез) ташаккул ёфта, бо механизмҳои ирсият (ҳангоми таъсири мутақобилаи организму муҳити зист) танзим мешавад. Дар аснои тағйири шароит механизмҳои танзимгар ба кор даромада, ҷараёни М.-ро ба самти зарурӣ мегардонанд. Мас., дар шароити анаэробӣ (набудани оксиген) ҷараёни фосфоронии оксидӣ бо гликолиз иваз мешавад. Баръакс, дар аснои зиёд шудани миқдори оксиген дар бофтаҳо гликолиз қатъ гашта, ҷараёни фосфоронии оксидӣ меафзояд. М. дар ҳуҷайраю бофтаҳо дар натиҷаи ба таассури ферментӣ, танзими ҳосилшавӣ ва фаъолияти ферментҳо таъсири муайян расондан танзим меёбад. Ҷараёни М. дар ҳуҷайра тавассути алоқаи баръакс худ ба худ ба низом медарояд. Мас., миқдори АТФ-е, ки дар ҳуҷайра ҳангоми фосфоронии оксидӣ ҳосил шудааст, шиддати ин ҷараёнро муайян месозад. Агар дараҷаи ҳосил гаштани АТФ аз истеъмоли он зиёд бошад, он гоҳ ҷараёни фосфоронии оксидӣ қатъ мегардад ва баръакс. Баҳри танзими М. дар ҳуҷайраю бофтаҳо мембранаҳои биологӣ аҳамияти калон доранд. Онҳо суръати ба ҳуҷайра дохил ва хориҷ шудани пайвастҳои гуногунро назорат мекунанд.
Танзими асабию гормонии реаксияҳои ферментӣ, ки асоси метаболизм мебошад, шакли асосии танзими ба ҳам мутобиқи мубодила дар одаму ҳайвонот ба шумор меравад. Мас., дар сурати костани миқдори қанди хун ихроҷи адреналин (ба механизми ферментие, ки таҷзияи гликоген ва ҳосилшавии глюкозаро метезонад таъсир мерасонад) меафзояд. Дар аснои зиёд шудани қанди хун, тарашшӯҳи инсулин афзуда, он таҷзияи гликогенро дар ҷигар қатъ мекунад. Инсулин эҳтиёҷи бофтаҳои канорӣ (мушакҳо, асабияи марказӣ ва ғ.)-ро ба глюкоза зиёд карда, дар натиҷа он ба хун кам ворид мешавад. Силсилаи асабҳои марказӣ ва вегетативӣ танзими ҷараёни М.-ро таъмин менамоянд. Чунин танзим бевосита ё тавассути гормонҳое, ки ғадудҳои усораи дохилӣ ҷудо мекунанд, амалӣ мегардад. Ҳар як бемории одам пайваста бо ихтилоли М. содир мешавад. Ин махсусан зимни ихтилоли кори асабия ва ғадудҳои усораи дохилӣ зоҳир мегардад. М. дар мавриди тағзияи номураттаб халал меёбад.
Дигаргунӣ дар мубодилаи асосӣ бинобар тағйири суръати ҷараёни оксидшавӣ, зуҳуроти ихтилоли умумии М. аст. Мубодилаи асосӣ (мубодилаи моддаҳо ҳангоми фароғат) ин ҳамон миқдор гармиест, ки дар мавриди суст будани суръати ҷараёни мубодилаи моддаҳо (дар одам) дар шароити оромии пурра ҳосил мешавад. Ҳангоми муоина дар клиника аксаран бо ёрии асбоби махсус суръати мубодилаи асоси (дар ҳолати оромии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, пагоҳӣ, ба дили наҳор)-ро муайян мекунанд. Меъёри мубодилаи асосии ҷавонон дар як шаборӯз 1300 – 1600 ккал аст; бузурги мубодилаи асосии занон нисбат ба мардон 10 – 15% кам мебошад. Бо рафти синну сол мубодилаи асосӣ кам мешавад, дар одамоне, ки бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғуланд, он дар як шаборӯз то ба 2000 ккал мерасад.
Мубодилаи асосӣ дар аснои бемориҳое, ки бо афзоиши фаъолияти ғадуди сипаршакл вобастаанд, суръат гирифта, ҳангоми бемориҳои марбут ба сустии кори ин ғадудҳо, инчунин баробари коҳиши фаъолияти гипофиз, ғадудҳои болои гурдаю узви таносул ва гуруснагии умумӣ суст мешавад. Ихтилоли мубодилаи сафеда, ангиштоб, моддаҳои минералӣ ва обу намак гуногун аст. Вале ҳама навъи мубодила бо якдигар алоқаманд мебошанд. Ихтилоли М. дар тағйири таъсири мутақобила ва табдили пайвастҳои гуногун, барзиёд ғун гаштани маҳсули мобайнии метаболизм ва нопурра ё аз ҳад зиёд ҷудо шудани онҳо, ноҷӯрии ҷараёни амалиёти гуногун пайваста бо ҳосил шудани моддаҳои ба организм бегона зуҳур меёбад.
Ташхиси М. ба тадқиқи мубодилаи газ, таносуби миқдори моддаҳои ба организм дохил ва ихроҷшуда, муайян кардани таркиби химиявии хун, пешоб ва ғ. асос ёфтааст. Муолиҷаи ихтилоли мубодила бартараф намудани сабаби он ё табобати бемории асосиеро, ки пайваста бо тағйири М. мегузарад, дарбар мегирад.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …