Главная / Биология / Мубодилаи модда дар организмҳо

Мубодилаи модда дар организмҳо

Ҳамаи организмҳои зинда қобилияти мубодилаи моддаҳоро бо муҳити беруна доранд. Онҳо моддаҳои барои ғизо зарурро гирифта, маҳсули фаъолияти ҳаёти хешро хориҷ мекунанд.

obmen_vДар табиати ғайризинда низ мубодилаи моддаҳо вуҷуд дорад. Вале дар гардиши ғайрибиологии модда онҳо аз як ҷо ба ҷои дигар бурда мешаванд (масалан, ҳодисаи эрозияи хок ё бодхўрдашавӣ, обшўйшавии замин) ё ҳолати агрегатиашон тағийр меёбад (масалан, табдилёбии об ба буғ ё ях).

Мубодилаи моддаҳо дар табиати зинда аз табиати ғайризинда фарқ мекунад. Дар гардиши моддаҳои органикӣ ҷои муҳимро раванди табдилёбии модда – ҷараёни синтез ва таҷзия ишғол менамояд.

Организмҳои зинда аз муҳити беруна моддаҳои ғизоиро фурў мебаранд. Дар натиҷаи табдилёбиҳои мураккаби химиявӣ онҳо ба моддаҳои организми зинда монанд хоҳанд шуд. Чунин раванд ассимилатсия ном дорад.

Ҷониби дигари мубодилаи моддаҳо раванди диссимилятсия мебошад. Дар натиҷаи диссимилятсия моддаҳои мураккаби органикӣ ба моддаҳои содда табдил ёфта, шабоҳати онҳо ба моддаҳои организм аз байн меравад ва энергияе хориҷ мегардад, ки барои реаксияи биосинтез зарур аст. Аз ҳамин сабаб, диссимилятсияро мубодилаи энергетикӣ низ меноманд.

Мубодилаи моддаҳо гомеостази организмро таъмин месозад. Онҳо омили тағйирнопазирии сохтори химиявӣ ва ҳама қисматҳои организм мебошанд. Мубодилаи моддаҳо дар шароити беист тағйирёбандаи муҳити беруна қобилияти ҳаётӣ ва фаъолияти организмҳоро таъмин мекунад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …