Главная / Биология / Мубодилаи модаҳои органикӣ

Мубодилаи модаҳои органикӣ

Тавсифи умумӣ ва аҳамияти мубодилаи моддаҳо. Дар байни организму муҳити мунтазам мубодилаи моддаҳо ва нерў ба амал меояд. Аз лаҳзаи ба организм дохил шудани об ва моддаҳои ғизоӣ мубодилаи моддаҳою муҳити берунӣ сар мешавад, як қисми моддаҳо дар нойи ҳозима то ҳадди оддитарин таҷзия шуда, ба муҳити дохили организм – ба хун ба ҳуҷайраҳо дохил мешаванд. Дар ҳуҷайраҳо раванди дигаргуниҳои кимиёвии онҳо – биосинтези сафедаю чарбҳо ва карбогидрадҳои ба организм хос, инчунин таҷзияи пайвастагиҳои мураккаби органикӣ ба амал меояд. Дигаргуншавии моддаҳо дар натиҷаи таъсири ферментҳо ба вуҷуд омада, бо роҳи асабӣ – ҳуморалӣ танзим мешавад.

mubodilai-moda

Маҳсули охирини мубодилаи моддаҳо бо пешоб, наҷосат, арақ ва бо роҳи нафас берун бароварда мешавад.

Силсилаи мураккаби табаддулоти моддаҳоро дар организм мубодилаи моддаҳо меноманд, ки он аз лаҳзаи ба организм дохил шудани онҳо то пурра хориҷ шудани маҳсули таҷзияро дар бар мегирад. Дар раванди мубодилаи моддаҳо организм барои бунёди ҳуҷайраҳо модда ва барои раванди ҳаётгузаронӣ нерў мегиранд.

Мубодилаи сафедаҳо. Сафедаҳо чун масолеҳи асосии таркиби ҳуҷайравӣ хизмат мекунанд. Бисёр корҳои муҳим, ба монанди паҳншавии оксиген кашишхўрии мушакҳо ба сафеда вобастаанд.

Дар ҳуҷайра ҳамаи реаксияҳои химиявӣ тавассути ферментҳо – сафедаҳо тезонда шуда, аз сафедаҳо тамоми органоидҳои ҳуҷайраҳо ба вуҷуд меояд.

Сафедаҳо хеле гуногунанд. Гуногунии сафедаҳо дар он зоҳир мегардад, ки аз 20 навъи аминокислотаҳои бо якдигар пайваст шуда, молекулаҳои гуногунсохти сафеда ташкил меёбанд.

Маҳсулоти наботот ва ҳайвонот сафеда доранд. Дар роҳи ҳозима сафедаҳои хўрок то ба аминокислотаҳо таҷзия шуда, ба хун медароянд. Дар ҳуҷайраҳо аз аминокислотаҳо сафедаи ба организм хос синтез мешавад. Дар як вақт сафедаҳои ҳуҷайраҳо ва як қисми аминокислота то ҳадди – гази карбонат, об ва ғайра таҷзия мешаванд. Маҳсулоти таҷзия ва оби зиёдатӣ аз организм ба воситаи гурда, шуш ва пўст бароварда мешавад.

Мубодилаи карбогидрадҳо. Карбогидрадҳо барои ҳуҷайраҳоимағзи сар, мушакҳо манбаи нерў буда, то ба моддаҳои оддитарин – глюкоза таҷзия шуда ба хун ҷаббида мешаванд. Дар хун глюкоза доиман як хел (0,10-0,12%) буда, онро ҳормони ғадуди зери меъда – инсулин танзим мекунад. Ба туфайли ин ҳормон зиёдатии қанд дар ҷигар ва мушакҳо мемонад. Дигар ҳормони ғадуди зери меъда ҳангоми дар хун нарасидани глюкоза боиси ба глюкоза табдил ёфтани гликоген шуда, баръакс амал мекунанд. Дар сурати норасогии инсулин одам ба бемории вазнин гирифтор мешавад, ки дар он миқдори глюкозаи хун зиёд мегардад. Як қисми он мунтазам ба воситаи пешоб берун мешавад. Аз ҳамин сабаб ин бемориро диабети қанд меноманд.

То ба таври сунъӣ ҳосил кардани инсулин ин беморӣ марговар буд. Ҳоло ба беморон мунтазам ҳормони инсулин гузаронда, ба онҳо хўрокҳоеро, ки карбогидрат надоранд, тавсия медиҳанд.

Мубодилаи чарбҳо. Чарбҳо дар пардаҳои мансуби бофтаи пайвандӣ захира гашта, ба беҷоншавӣ ва осеби механикии узвҳо монеъ мешавад. Чарби зери пўст гармиро дуруст намегузаронад ва ин боиси нигоҳ доштани ҳарорати доимии бадан мегардад.

Нисбат ба таҷзияи 1г сафеда ё карбогидрат ҳангоми таҷзияи 1г чарб 2 баробар зиёд нерў сарф мешавад. Чарби хўрок дар узвҳои ҳозима то ба глисерин ва кислота равған таҷзия шуда, аввал ба лимфа ва баъд ба хун дохил мегардад. Бо хўрок ҳам равғани ҳайвонот ва ҳам равғани набототро истеъмол кардан зарур аст.

Қисми зиёди чарб захира мешавад. Захираи чарбҳо ҳангоми дар организм нарасидани ғизо ва сарфи нерў истифода мешаванд. Тағйирёбии пайвастагиҳои узвӣ дар организм. Дар хўрок нарасидани баъзе пайвастагиҳои органикӣ аз ҳисоби фаровонии дигар пайвастагиҳои узвӣ баробар мешавад. Ин равандҳо дар ҷигар бо таъсири ферментҳои махсус мегузаранд. Сафедаҳо, чарб ба карбогидратҳо, баъзе карбогидратҳо бошанд, ба чарб табдил ёфта метавонанд. Мумкин аст чарбҳо ба карбогидрат табдил ёбанд.

Бо нарасидани сафедаҳо хўрокро рафъ кардан мумкин нест, зеро онҳо фақат аз аминокислотаҳо ба вуҷуд меоянд ва аминокислотаҳо на аз чарб ва на аз карбогидратҳо ҳосил шуда метавонанд. Нарасидани сафеда хусусан барои организми инкишофёбанда хатарнок аст.

Ба одамон ҳам хўроки аз ҳайвонот ва ҳам хўроки аз наботот гирифташуда зарур аст. Сафедаҳои таркиби наботот ҳама гуна аминокислотаҳои ба одам зарур ва барои ҳосил шудани сафедаҳои ба ў хосро надоранд. Таркиби аминокислотаҳои маҳсулоти аз ҳайвонот гирифташуда – гўшт, тухм, шир бошад, ба талаботи организм мувофиқат мекунанд.

Саволҳо:

  1. Чаро мубодилаи моддаҳо мегўянд?
  2. Сафеда дар организм кадом нақшро мебозад?
  3. Мубодилаи сафедаҳо чӣ тавр ба амал меояд?
  4. Мубодилаи карбогидрат чӣ хел ба амал меояд?
  5. Доимияти глюкозаи хун чӣ хел танзим карда мешавад?
  6. Чарбҳо дар организм кадом нақшро иҷро мекунанд?
  7. Чаро ба одамон хўроки ҳам аз ҳайвонот ва ҳам аз наботот гирифташуда зарур аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …