Мубодилаи об ва намакҳои минералӣ. Об қариб аз се ду ҳиссаи вазни баданро ташкил медиҳад. Дар ситоплазма аз ядрои ҳуҷайра назар ба моддаҳои дигар об бисёртар аст. Тағйироти сершумори кимиёвии моддаҳои ҳуҷайра танҳо дар маҳлули об ба вуҷуд меояд.
Об дар таркиби хун, лимфа ва шираҳои ҳозима хеле бисёр аст. Организм мунтазам обро талаф медиҳад. Об аз бадани одам бо пешоб, арақи бадан, наҷосат ва буғи нафас берун меравад. Бинобар ин миқдори оби организми одам бояд ҳамеша пурра бошад. Одам бе об ҳамагӣ якчанд шабонарўз зиндагӣ карда метавонад.
Ба организм инчунин намакҳои минералӣ заруранд. Таркиби доимии муҳити дохилӣ ба туфайли онҳо нигоҳ дошта мешавад. Иштироки намакҳои калсий барои лахта шудани хун ҳатмист.
Қисми зиёди моддаи байни ҳуҷайраҳои бофтаи устухон аз намакҳои минералӣ иборатанд. Қариб ҳамаи намакҳои минералии барои организм зарур буда, дар таркиби хўроки муқаррарӣ ба миқдори кофӣ мавҷуданд. Дар он фақат намаки хлориди натрий камӣ мекунад. Бинобар ин ба хўрок намаки ошӣ илова мекунанд.
Вазифаи ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ дар танзими мубодилаи моддаҳо. Ҳамаи ғадудҳои тарашшўҳи дохилӣ мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд. Ҳормонҳои ғадуди сипаршакл равандҳои оксидкунандаро танзим карда, ҳамчунин ба афзоиш ва нашъунамои организм таъсир мерасонанд. Суст шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл ё гирифта партофтани он боиси хеле вайроншавии мубодилаи моддаҳо (микседема) мегардад.
Дар бофтаҳои беморони микседема равандҳои оксидкунанда суст шуда, ҳарорати баданашон паст, набзашон суст ва худ фарбеҳ мешаванд, ва ангезиши системаи асабашон кам мегардад.
Агар беморон мувофиқи фармоиши духтур ҳар рўз доруҳои ҳормониеро, ки аз ғадудҳои сипаршакли ҳайвонот тайёр карда мешаванд, истеъмол кунанд, беморӣ табобат меёбад. Чунин муолиҷаро бе таваққуф тамоми умр давом додан лозим аст. Паст шудани фаъолияти ғадудҳои сипаршакл сабзиш ва инкишофи кўдаконро суст мегардонад.
Ҳангоми афзоиши фаъолияти ғадудҳои сипаршакл суръати равандҳои мубодила меафзояд. Дар ин ҳол дил тез-тез кашиш хўрда, фишори хун баланд мешавад ва ҳаяҷонпазирии системаи асаб меафзояд. Одам асабонӣ гардида, зуд монда мешавад. Ин
нишонаҳои дарди Базедов аст. Беморони дарди Базедов доимо гурусна мемонанд, бисёр хўрок мехўранд ва дар баробари ин хеле лоғар мешаванд. Ғадуди сипаршакли ин қабил одамон калон буда, чашмонашон аз косахонааш мебарояд.
Барои табобати дарди Базедов доруҳоеро қабул мекунанд, ки ба ҷудошавии ҳормонҳо монеъ мешавад. Баъзан бо роҳи ҷарроҳӣ қисми ғадудҳои сипаршаклро гирифта партофтан рост меояд.
Ғадудҳои болои гурда якчанд ҳормонҳо ҳосил мекунанд. Онҳо мубодилаи карбогидрат, чарб, сафедаро назорат карда, боиси ба карбогидрат табдил ёфтани сафедаҳо мешаванд ва мубодилаи намаку обро танзим мекунанд.
Вайрон шудани танзими мубодилаи моддаҳо боиси пайдоиши бемориҳои гуногун, ба монанди пайдошавии санг дар талхадон мегардад.
Саволҳо:
- Об, намакҳои минералӣ дар организм чӣ нақш мебозанд?
- Ғадуди сипаршакл дар мубодилаи моддаҳо чӣ нақш мебозад?
- Танзими кадом намуди мубодилаҳо аз ғадудҳои болои гурда вобаста аст?