Главная / Биология / МУБОДИЛАИ МОДДДАҲО –АСОСИ ҲАСТИИ ОРГАНИЗМҲОИ ЗИНДА

МУБОДИЛАИ МОДДДАҲО –АСОСИ ҲАСТИИ ОРГАНИЗМҲОИ ЗИНДА

Дар ҳуҷайра мутассил равандҳои синтези биологӣ мегузаранд. Бо ёрии ферментҳо аз моддаҳои соддаи хурдмолекула пайвастагиҳои мураккаби калонмолекула синтез мешаванд: аз аминокислотаҳо сафеда, аз моносахаридҳо ангиштобҳои мураккаб, аз асосҳои нитрогенӣ ва қандҳо нуклеотидҳо, аз онҳо кислотаҳои нуклеинӣ.

mubodilai-moda

Маҷмўи реаксияҳои синтези биологӣ мубодилаи пластикӣ ё ассимилятсия номида мешавад. Равандҳои муқобили синтез диссимилятсия номида шудааст, ки он маҷмўи реаксияҳои таҷзияшавӣ (парахашавӣ) мебошад. Дар вақти таҷзияи пайвастагиҳои калонмолекула энергия хориҷ мешавад, ки он барои реаксияҳои синтези биологӣ зарур аст.

Реаксияҳои синтези биологӣ бо хусусияти ҷинсӣ ва фардӣ фарқ мекунанд. Структураи синтези молекулаҳои органики калон бо пайдарҳамии нуклеотидҳо дар КДН, яъне генотип муайян мегардад. Равандҳои мубодила бо муҳити дохилии

организм – гомеостаз – дар мутассил тағйирёбии шароити ҳастӣ таъмин мешавад. Ба ин равандҳо, ҳамчунин равандҳои синтез – мубодилаи пластикӣ ва реаксияи таҷзия, ки дар натиҷаи онҳо энергия ҷудо шуда, дар бандҳои макроэнергии

АТФ захира мегардад, тобеъ мебошанд. Моддаҳои синтезшуда дар ҷараёни сабзиш барои бунёди ҳуҷайраҳо ва органоидҳои онҳо, инчунин, барои иваз гардидани молекулаҳои сарфгашта ё вайроншуда истифода мешаванд. Тамоми реак сияҳои синтез бо фурў бурда шудани энергия мегузаранд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …