Главная / Илм / МУБОДИЛАИ МИНЕРАЛҲО

МУБОДИЛАИ МИНЕРАЛҲО

mineralМУБОДИЛАИ МИНЕРАЛҲО, маҷмӯи равандҳои ҷаббиш, ҳазм, табдил ва ихроҷи моддаҳое, ки дар организм дар шакли пайвастҳои ғайриорганикӣ (минералӣ) вуҷуд доранд. Моддаҳои минералӣ баҳри нигоҳ доштани мувозанати кислотаю ишқорҳо ва фишори осмосии моеъи ҳуҷайра аҳамияти калон доранд, дар кашиши мушакҳо, реаксияҳои сершумори ферментӣ иштирок мекунанд. Ихтилоли М. м. муҷиби пайдоиши бемориҳои гуногун – остеопороз, остеомалятсия, фосфатдиабет, рахит, ангезиши асаби мушакҳо мешавад. Консентратсияи моддаҳои минералӣ дар хун ва пешоб барои ташхиси баъзе бемориҳо муҳим аст.
Дар организм қисми асосии моддаҳои минералиро хлоридҳо, фосфатҳо ва карбонатҳои калий, калсий, натрий, магний ташкил медиҳанд. Дар М. м. хоса аҳамияти хлор, фосфор ва микроэлементҳо калон аст.
Моддаҳои минералӣ дар роҳи меъдаю рӯда ҷаббиш ёфта ба хун мегузаранд. Дар он ҷо қисми зиёди онҳо бо сафедаҳои ноқил (мас., трансферринҳо, албуминҳо ва ғ.) пайваст гашта, ба ҷойҳои мубодилаи фаъол ё захирагоҳ бурда мешаванд. Моддаҳои минералие, ки дар об ҳал шудаанд, аз организм ба тавассути пешоб ва арақ, моддаҳое, ки ҳал нагаштаанд, ба воситаи пасафканд ихроҷ мегарданд.
Ҳар як моддаи минералӣ ё гурӯҳи онҳо дар организм вазифаи махсус дорад.
Ниг. низ ба мақолаҳои ҷудогона оид ба моддаҳои минералӣ.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …