Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ MS DOS

СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ MS DOS

Маълумотҳои умумӣ. MS DOS абревиатураи калимаҳои англисии Micқosoft Disk Opeқating System буда, ба забони тоҷикӣ – системаи оператсионии дискии Майкрософт тарҷума карда мешавад. Аввалин версияи ин система соли 1981 аз тарафи фирмаи амрикоии Майкрософт сохта шудааст, ки он барои идора кардани компютерҳои IBM PC пешбинӣ карда шуда буд.

Дар аксарият компютерҳое, ки солҳои охир истеҳсол карда шудаанд, версияи 6.22-юми системаи MS DOS истифода бурда мешавад. Ин версия соли 1994 сохта шуда, дар он якумин маротиба истифодабарии ҳарфҳои алифбои русӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар таркиби системаи Windows 95 ҳамчун зерсистема версияи 7.0-уми системаи MS DOS истифода бурда мешавад, ки он соли 1995 сохта шудааст.

ms-dos

Тавре ки мо медонем, СО бо оғози кори компютер кори худро сар мекунад ва барои ҷобаҷогузории информатсия дар диск, ташкили диалоги байни одаму МЭҲ, ба кор даровардани дигар программаҳо ва идоракунии кори онҳо пешбинӣ карда шудааст. MS DOS барои IBM PC СО аз ҳама кўҳнатарин ба ҳисоб меравад ва аслан ин система бо ин компютер дар як вақт сохта шудааст. Дар қатори MS DOS, дар бозори таъминоти программавӣ, ҳамчунин системаҳои оператсионии фирмаҳои дигар низ пешкаши компютерҳои IBM PC гардидаанд. Масалан, PC DOS – модели фирмаи IBM, DR DOS – фирмаи Digital Research (ҳоло Nowell DOS – фирмаи Novell) ва ғайраҳо аз қабили чунин СО ба ҳисоб мераванд, ки аз MS DOS кам фарқ доранд.

Ҳангоми дар идоракунии кори компютер истифодабарии СО MS DOS, бояд командаҳои матнии ба забони англисӣ навишташуда аз клавиатура дохил карда шаванд. Истифодабарандаи компютер ин командаҳоро бояд ё аз ёд донад ва ё онҳоро аз маълумотномаҳо истифода бурда тавонад. Албатта чунин тарзи кор душвор ва хеле ноқулай аст. Бинобар барои осонии кор бо MS DOS одатан аз қабати програмавии Norton Commander(Нортон Коман-дер) истифода мебаранд. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ба ҷои MS DOS якбора омўзишро аз Norton Commanderсар кунанд. Аммо на бояд фаромўш кард, ки Norton Commander танҳо яке аз программаҳои хидматӣ барои MS

DOS аст ва ҳамаи функсияҳои он дар асоси функсияҳои ин СО сохта шудаанд. Тасаввур кунед, ки дар компютери шумо қабати программавии Norton Commanderумуман нест ё бо ягон сабабе, масалан, бо таъсири вирусҳо, аз кор баромада аст. Агар шумо дар ин маврид командаҳои MS DOS-ро надонед, пас хулоса бароред, ки ин охирин кори  устақилонаи шумо дар компютер аст. Бе донистани командаҳои DOS шумо на Noқton Commander-ро ба компютератон гузошта метавонеду на онро ба кор омода сохтан. Барои бовирусҳои компютерӣ мубориза бурдан, бозиҳои компютериро танзим намудан, программаҳои ҳаҷман калонро хурд намуда аз як компютер ба дигар компютер кўчонидан ва ғайра, донистани командаҳои MS DOS ҳатмист.

Албатта, шумо гуфта метавонед, ки компютерҳои ҳозиразамон дар асоси CO Windows кор мекунанд-ку? Пас омўзиши MS DOS чӣ зарурат дорад? Вале ҳамин ки дар кори компютератон проблемае пайдо шуд, он гоҳ ба хубӣ дарк менамоед, ки донистани MS DOS чӣ қадар ба шумо кўмак расонидааст.

Ҳамин тариқ, омўзиши командаҳои аз ҳама асосии MS DOS ба шумо имконият медиҳад, ки ҳангоми истифодабарии IBM PC аз вазъиятҳои душвортарин бароед ва ҳатто ба чунин вазъиятҳо роҳ ҳам надиҳед. MS DOS ба шумо тарзи танзимкунии компютерро омўхта, сатҳи дониши компютериатонро ба сатҳи истифодабарандаи касбӣ наздик мегардонад.

Саволҳо:

  1. Мафҳуми MS DOS-ро чӣ хел мефаҳмед?
  2. Дар компютерҳои IBM PC ба ғайр аз системаи оператсионии MS DOS боз кадом системаҳоро истифода мебаранд?
  3. Командаҳои MS DOS-ро дар ҳалли кадом масъалаҳо истифода мебаранд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …