Главная / Илм / МОШИНИ АНАЛИТИКИИ БЕББИҶ

МОШИНИ АНАЛИТИКИИ БЕББИҶ

Қадами хеле муҳими навбатӣ дар пешбурди техникаи ҳисоббарор ба асри XIX рост омад. Дар ин аср ихтирооти бемисл анҷом дода шуданд. Барои сохтани насли нави мошинҳои ҳисоббарорӣ олимон дар асоси назарияи нав ғояҳои кўҳнаро ба кормебурданд.

Яке аз олимони намоёнтарини ин аср, математики англис Чарлз Беббиҷ (1792-1871) ба шумор меравад. Маҳз Беббиҷро асосгузори компютерҳои муосирмеҳисобанд. Вале фарқи тадқиқотҳои Беббиҷ аз Паскал ва Лейбнитс дар он аст, ки ў назар ба тадбиқи амалии ғояҳояш қисми бештари вақти худро ба лоиҳакашии мошинҳои ҳисоббарор бахшидааст. Ихтирои аввалин мошини ҳисоббарории дар асоси программа коркунанда низ ба Беббиҷ тааллуқ дорад. Гарчанде ғояи сохтани чунин мошин мавҷуд буд ва лоиҳаи он соли 1830 пурра ба охир расид, вале худи мошин ҳамчун техникаи ҳисоббарор амалан то баохир дар ҳаёт тадбиқ нашуда монд. Сатҳи онрўзаи технологияи сохтани деталҳои зарурӣ хеле паст буд. Ҳамаи ин камбудҳо ва дараҷаи техникаи мавҷудаи онрўза ба Беббиҷ имконият надоданд, ки ў мошини худро ба пуррагӣ сохта тавонад.

÷èñëîâàÿ ìàøèíà Áýááèäæà - ïåðâàÿ “ÝÂ̔
÷èñëîâàÿ ìàøèíà Áýááèäæà – ïåðâàÿ “ÝÂ̔

Кашфиёти худро Ч. Беббиҷ «Мошини аналитикӣ» номид. Мувофиқи лоиҳа мошини ў бояд бо ёрии қувваи буғ ба кор медаромад. Дар ин маврид мошин командаҳоро қабул, ҳисоббарориҳоро иҷро ва натиҷаҳои заруриро бояд дар коғаз чоп менамуд. Программаҳо бояд кодгузорӣ шуда ба перфокартаҳо (перфокарта – картаи картонии махсуси бо ёрии сўрохчаҳо кодгузорӣ кардашуда) гузаронида мешуданд.

Ғояи ба воситаи перфокартаҳо ба мошин дохилкунии программаро Беббиҷ аз ихтирокори франсавӣ Жозеф Жаккар гирифтааст. Жаккар перфокартаҳоро барои идоракунии амалиёти гуногун дар дастгоҳҳои бофандагӣ истифода мебурд. Ба воситаи комбинатсияҳои сершумори перфокартаҳои сўрохдор ў ҳангоми бофтани матоъ нақшу нигорҳои ҳархела ҳосил менамуд. Жаккар ҳатто фикр ҳам карда наметавонист, ки рўзе ғояи ў барои коркарди информатсия дар мошинҳои ҳисоббарор истифода бурда хоҳадшуд.

Ҳамин тариқ, мошини аналитикии Беббиҷ мувофиқи лоиҳа ҳамаи қисмҳои асосии компютери ҳозиразамонро дошт. Масалан, мошини ў хотира (ба ибораи Беббиҷ – анбор), қисми арифметикӣ (осиёб) ва қисмҳои идоракунӣ, дохилкунӣ ва хориҷкуниро дошт. Бояд он амалҳои ҷамъу тарҳро дар як сония ва зарбу тақсимро тақрибан дар як дақиқа иҷро менамуд. Мошини Беббиҷ аз рўи лоиҳа универсалӣ, яъне ҳамакора буда, ба воситаи он масъалаҳои ҳисоббарории дилхоҳро ҳал кардан мумкин буд. Вале бояд қайд намуд, ки ин мошин низ ба монанди мошинҳои арифметикии (арифмометрҳо) дар ҳамон давр амалкунанда, ҳамчун таҷҳизоти механикӣ фикр карда баромада шуда буд.

Беббиҷ фикри бениҳоят муҳимро пешниҳод кард, ки мувофиқи он вобаста аз натиҷаҳои мобайнӣ имконияти тағйирдиҳии самти ҳисоббарорӣ пайдо шуд. Ин хосият имконият фароҳам овард, ки мошин дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор истифода бурда шавад. Ин фикри Беббиҷ пеш аз ҳама ба математики соҳибистеъдод Огаста Ада Лавлейс (1815-1852) хуш омад. Ада Лавлейс, ки духтари шоири бузурги англис лорд Ҷон Байрон аст, муҳим будани усулҳои аналитикиро хеле хуб дарк карда буд. Маҳз Ада барои мошини Беббиҷ программаҳои аввалинро сохтааст ва ўро бешубҳа программасози аввалини ҷаҳон ном бурдан мумкин аст.

Беббиҷро Ада бовар кунонид, ки дар ихтирооташ ба ҷоисистемаи ҳисобкунии даҳӣ системаи дуиро истифода барад. Ҳамкории Ада ва Беббиҷ, ки оғози ғоя ва назарияҳои нав буд, имрўз ҳам дар самти программасозӣ ва ҳам инкишофи техникаи компютерӣ меваҳои худро дода истодааст.

Саволҳо:

  1. Чаро Ч. Беббиҷро асосгузори компютерҳои муосир меноманд?
  2. Фарқи фаъолияти тадқиқотии Беббиҷ аз Паскал ва Лейбнитс дар чист?
  3. Мошини аналитикии Беббиҷ аз кадом қисмҳо иборат буд?
  4. Ғояи ба воситаи перфокартаҳо дохил намудани программаҳоро Беббиҷ аз кӣ гирифтааст?
  5. Ада Лавлейс кӣ буд ва ў ба Беббиҷ чӣ таъсир расонидааст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Доир ба фаъолияти Беббиҷ ва мошини аналитикии ў фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …