Главная / Биология / Анаконда ва Питон – Морҳои қалбакипой

Анаконда ва Питон – Морҳои қалбакипой

Морҳои қалбакипой – 60 намуд дошта, аксаран калонҷусса мебошанд. Намудҳои хурдтарини онҳо то 1 м мешавад. Яке аз морҳои қалбакипой мори печон аст, ки сари калон дорад. Дар наздикии мақъадаш ду барҷастагие ҳаст, ки он нишонаи пойҳои ақиб мебошад. Ин нишон медиҳад, ки аҷдоди морон пойҳои чуфт доштаанд. Ранги аксарияташон ало мебошад. Аксарияти онҳо дар қисмхои шарқу ғарби тропика вомехӯранд ва баъзеашон дар минтақаҳои субтропикию дашту бнёбонҳои Осиёи Миёна ва Кавказ зиндагӣ мекунанд. Мори печон дар ҷойҳои ҷангали ғулию намноки дарёю кӯли тропика, инчунин дар буттазору ботлоқзор бисёранд.

Мори Анаконда
Мори Анаконда

Барои доштани тӯьмаи худ аввал оҳиста ҳаракат карда, пас зуд ҷаҳида тӯъмаашро медорад ва халкапечон хафакуш мекунад. Намуди аз ҳама калонтарини морҳои қалбаклпой анаконда (аз зоти морҳои обӣ) аст, ки дар Америкаи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Вай то 10-15 м дарозӣ дошта, дар сохилҳои ботлокии Амазонка нутрия, паррандаҳои обию ботлоқӣ ва моҳиёнро шикор мекунад. Вай барои шикор аз об мебярояд ва ҳатто ба болои дарахт ҳам мебарояд

Яке аз намудҳои дигари морҳои калбакипой питони тӯрдор (мори тӯрбадан) аст, ки 5-10 м дарозӣ дошта, дар ҷанубии Осиё ва Архипелаги Ҳинду-Малай паҳн шудааст. Намуди дигараш мори оддӣ бошад, 5-10 м дарозӣ ва то 100 кг вазн дорад. Ин мор дар ҷанубии Америка зиндагӣ мекунад. Дар даштҳои Осиёи Миёна ва Кавказ мори печони хурд вомехӯрад, ки дарозиаш то 1 м мебошад. Вай мори шабгард буда, хазандаю хояндаҳои хурдро шикор мекунад.

Морҳои обӣ қариб 1000 намуд дорад. Аз онҳо баъзеаш заҳрнок аст. Яке аз намуди морҳои обӣ уж (мор)-и оддӣ аст, ки безаҳр буда, ранги сиёҳ ва дар ду тарафи сараш ду доғи зарди норинҷӣ ё сафед дорад. Қисми шикамаш зард аст. Он бештар дар қисми аврупоӣ, Сибир ва дар Забайкалею Осиёи Миёна паҳн шудааст, ки бештар дар сохилҳои ботлоқзору дарё ва каналу ҷӯйборҳо қурбоққа, калтакалос, ҷонварони хоянда. моҳӣ ҳашаротро шикор карда, бо дандонҳои тези ба ақиб ҳамидааш допгга, фурӯ мебарад. Тобистон дар қабатҳои пӯсидаю намноки растанӣ, ахлоту пору то 20 дона тухм мегузорад. Дарозии баданаш то 1 м мешавад. Вай дар рӯйи замин печутоб хӯрда, тез ҳаракат мекунад, дар об мавҷвор ва нағз шино менамояд. Тӯъмаи калон фурӯбурдааш ба меъда даромада, дар он ҷо муддати дароз истода ҳазм мешавад. Барои ҳамин ҳам ба чунин мори гӯшаи зинда одатан моҳе ду маротиба хӯрок медиҳанд.

Барои эҳсоси муҳит ва хӯрокёбӣ забони дарози нӯгаш чоки мори обӣ аҳамияти калон дорад. Мори обӣ дар вақти хазидан забонашро бароварда, ба воситаи он ҷисмҳои гирду атрофашро ламс (ҳис) мекунад.

Чашмони мори обиро пилкхои шаффофи васлшуда муҳофизат мекунанд. Мори обӣ дар зимистон ба хоби табиӣ меравад.

Мори ало аз ҷумлаи морони заҳрдор аст, ки ранги он хокистарӣ, ҷигарӣ, сиёҳтоб мешавад ва дар рӯйи тахтапушташ рахи сиёҳи каҷу килеб дорад, ки давоми он то ба cap рафта, нақши харфи «Х»-ро пайдо мекунад.

Рӯзона мори ало одатан дар офтоби гарм аз пайи шикори мушон ва дигар ҳайвоноти хурд мешавад. Ӯ ба тӯъмаи доштааш заҳр зада, ӯро ба ҳалокат мерасонад. Ғадуди дандони заҳр дар ду пахлӯи сараш ҷой гирифтааст. Дандонҳои тези заҳрдори он дар ҳолати оромӣ ба дарун ҳамида, ба ком часпидаанд ва ҳангоми кушодани даҳон ин дандонҳо уфуқӣ рост мешаванд. Агар ӯ ба ғазаб ояд ба ҳайвоноти калон ё одам низ заҳр мезанад. Чи қадаре ки чойи заҳрзада ба cap наздик бошад, ҳамон кадар хатарнок асг. Бо газидани ҳама гуна мор фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Дар духтурхонаҳо ба муқобили газидани морҳои заҳрдор зардоби махсус ба кор мебаранд. Вале тавассути чок карда бо хун якҷоя заҳрро фишор дода баровардан, ҷойи газидаро бо маҳлули 1-фоизаи маргансовка (перманганати калий) шустан ва ғайра ёрии аввалин расондан зарур мебошад.

Мори ало тухме мегузорад, ки дар вай ҷанин аллакай инкишоф ёфтааст. Бинобар ин ба тезӣ аз тухм морбачахои серҳаракат мебароянд. Аз ин чиҳат вайро мори нимзиндазой меноманд. Ин аломат имконият медиҳад, ки морони ало дар минтақаҳои сернами тобистонаш кӯтоҳ низ зиндагӣ карда тавонанд.

Дар Тоҷикистон морҳо дар водиҳо ва дар теппаҳои наздикӯҳӣ вомехӯранд, ки дар байни онҳо Намудҳои заҳрнок ва безаҳр ҳастанд. Масалан, мори ало дар нишебиҳои фарози гилин нағз хазида меравад. ба лонаҳои паррандагон даромада. тухм ва худи онҳоро мехӯрад. Баъзан мори алоро дар болои дарахтони тут. себ дидан мумкин аст, ки паррандагони хурдро таъқиб мекунад. Вай дар саҳрою чарогоҳҳо хояндаҳои майдаро дошта тӯъмаи худ мекунад.

Мори печони тропикиро баҳору тобистон ва тирамох лар нишебихои кӯҳӣ дидан мумкин аст, ки хаҷман хурду калтадум буда, ранги пӯсгаш хокистарранги равшан аст ва дар тахтапушташ як қатор доғҳои сиёхдорад. Хӯроки вай ҳашароти калони заҳрнок, хояндагон ва калтакалосҳо мебошанд. Вай муш ё калтакалосро дошта, ба гирди он мепечаду устухонҳояшро шикаста, баъд фурӯ мебарад.

Аз морҳои заҳрноке, ки газиданашон барои одаму ҳайвонот хеле хавфнок аст, дар Точикистон мори афъӣ, мори айнакдор, кавчамор, тирмор зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо мори айнакдор калон аст. Дарозии он ба 175 см мерасад. Ранги вай аксаран сиёҳтоб ё сиёҳи баланд буда, шикамаш сафедтоб аст.

Мори айнакдор дар вақти ба ҳайвоноти калон ё бо одам вохӯрдан сарашро боло карда, ҷинҳои гарданашро таранг мекунад, ки аз ин сабаб гарданаш ба назар ғафси паҳн менамояд. Вай фишшосзанон хатарро ҳис мекунад. Агар одам тасодуфан ба мори айнакдори ором расад, вай ҳатман заҳр мезанад. Газидан ва заҳр задани онҳо аломати худмудофиавӣ ва силоҳи ҷангиашон мебошад. Заҳри мори айнакдор ба марказҳои нафаскашӣ, дил, асаб тез таъсир карда, тез аз кор мебарорад.

Кавчамор ранги хокистарӣ ё қаҳвагии баланд допгга, то 150 см дароз аст. Аз ҳар ду паҳлӯяш тасмаи сиёҳ мегузарад. Кавчамор дар водию нишебии кӯҳҳо то баландии 2500 метр дучор мешавад. Вай дар ғори ҳайвоноти хоянда, дар зери тарқишу харсанг, дар зери решаю ковокии дарахт, дар қамишзор дучор мешавад. Баъзан ба болои дарахтон ҳам хазида мебарояд. Вай моҳи апрел аз хоб бедор шуда, моҳи декабр ба хоби зимистона меравад. Хӯроки кавчамор ҳайвоноти хоянда, тухму чӯҷахои кабк, гунҷишк ва паррандагони дигар аст.

Вай тӯьмаашро дошта, захр мезанад ва то ба ҳалокат расидан дар даҳонаш нигоҳ медорад, пас фурӯ мебарад. Заҳри кавчамор ҳам барои одам хатарнок буда, ҷойи газидааш аввал варам карда, пас кабуд мешавад. Он ҷой ба захм табдил ёфта, бо осонӣ сиҳат намешавад.

Мори афъӣ (Афи)- 50-80 см дарозӣ дорад. Ранги зарди хокистарии регмонанд дорад. Дар болои сараш нақши салиб ё «Т» дида мешавад. Он дар байни регҳои водии дарёхои Панҷ, Вахш, Кофарнихон ва Зарафшон дучор мешавад. Баъзан хазида ба тарқиши девор ё манзили одамон медарояд. У одатан бегоҳӣ ё шабона серҳаракат шуда, рӯзона аз гармй пинҳон мешавад. Хӯрокаш ҳашароти калон, хояндаҳо, калтакалос ва паррандаҳо мебошад.

Мори Афъи - афи
Сурати Мори Афъи

Тирмор мори рӯзгард буда, шабона дар лонаи хояндагон, ба тарқишҳои хок ё зери санг даромада, пинҳон мешавад. Баданаш борики хокистарранг ва хеле серҳаракат буда, дарозиаш ба 90 см мерасад. Вай тирвор ҳаракат мекунад ва аз ин сабаб онро тирмор номидаанд. Инчунин ҳамҷун тираки хамиртунуккунӣ (тираки ош) дарозию ғафсӣ дорад. У дар соя ё дар болои буттаи шӯра истода, тӯъмааш (калтакалос)-ро шикор мекунад. Заҳри он ба калтакалос марговар буда, баъди 56 сония таъсир мекунад. Дандонҳои ҷӯякдори заҳри тирмор дар қисми ақиби ҷоғаш ҷой гирифтаанд. Бинобар ин вай одамро бо дандонҳои захрнокаш газида наметавонад. Тирмор 2-6 тухми дарозрӯяи борик мегузорад, ки аз он моҳҳои июл-август тирморчаҳо мебароянд.

Дар омӯхтани морҳои Тоҷикистон профессорон С.А. Чернов ва С.А.Саид-Алиев хиссаи калон гузоштаанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …