Главная / Илм / Монитори компютер барои чи лозим аст?

Монитори компютер барои чи лозим аст?

Яке аз блокҳои компютери фардӣ – ин монитор мебошад. Вақте ки амалиётҳо, фармонҳо, рамзҳо ва ғайраҳо ба компютер тавассути клавиатура дохил карда мешаванд, ба воситаи микропротсессор ба монитор равона карда мешаванд ва мо онро бо чашмони худ мебинем.

68a279dc6a79a168520210da4c5306cbГуфтан мумкин аст, ки монитор барои инъикос ёфтани маълумотҳоест, ки Шумо ба компютер ҷой мекунед, хизмат мекунад ва тавассути он ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронед. Агар матн бошад, онро хонда, ислоҳ мекунед, ё ин ки видео-филмҳоро тамошо менамоед.

Расми монитор

Монитор ба монанди телевизор мебошад. Мониторҳо аз рўи ҳаҷм ва андозаашон гуногун мешаванд. Мониторҳои рўимизӣ андозаашон 14­15 дюма мебошанд. Ҳоло  истифодабарандагони компютерҳои фардӣ мониторҳои андозаи 19­21 дюма ро бештар меписанданд. Монитор мустақилона ягон тасвирро намоиш намедиҳад ва он бо қартаи видео дар якҷоягӣ амал мекунад. Барои он ки қартаи видео бо монитор дар якҷоягӣ фаъолият намояд, бояд онҳо якхела ҷўр карда шаванд. Ин ҷўршавиро ба воситаи иҷозат «разрешение» муайян мекунанд. Иҷозат ин андозаи тасвире мебошад, ки он дар экрани монитор инъикос меёбад ва бо пикселҳо чен карда мешаванд. Пиксел нуқтаи ягона дар экран мебошад. Чӣ қадаре, ки иҷозатҳо дар экрани монитор бисёр бошанд, тасвир ҳамон қадар равшан намоиш дода мешавад.

Бузургии иҷозатҳо аз миқдори пикселҳо вобастаги доранд ва     дар экран онҳо амудӣ ва уфуқи ҷойгир карда шудаанд.

Дар монитор ва видеоқартаҳои пештар истеҳсолшуда миқдори пикселҳо ба 640х480 ва 800х600 баробар буд. Ҳоло  миқдори пикселҳои компютерҳои фардии солҳои охир истеҳсолшуда ба 1024х768 ва 1152х864 мерасад.

То имрўз ширкатҳо якчанд намуди мониторро ба истифода қарор доданд. Ба монанди:

  1. Samsung SM 940B (BESQ) Silver …

           Мониторҳои LCD 18″-19″

  1. NEC LCD195WXM, Silver-White …

            Мониторҳои  LCD 18″-19″

  1. NEC 20WGX2-Pro, Silver-Black …

            Мониторҳои LCD 17″

  1. NEC LCD170V, Silver-Black …

            Мониторҳои  LCD 17″

  1. Samsung SM 206BW (SFV) Higle Gloss Black …

            Мониторҳои LCD 20″-21″

  1. NEC LCD2090UXi, White …

            Мониторҳои LCD 20″-21″

  1. Apple Cinema HD Display 30” (Aluminium) (M9179) …

            Мониторҳои LCD 22″

  1. LG L226WT-BF, Black …

            Мониторҳои LCD 22″  ва ғайраҳо

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …