Главная / Илм / МОНАКОВ Николай Зосимович

МОНАКОВ Николай Зосимович

monakovМОНАКОВ Николай Зосимович (1905 – 1984), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1956), проф. (1956). Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷ., Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷ. С. 1929 Донишкадаи тиббии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст. Духтури санитар ва ординатори Беморхонаи ш. Конибодом (1929 – 35), духтури ҷарроҳи шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи ҷумҳуриявӣ (1935 – 41), иштирок дар набардҳои ҶБВ (1941 – 46). С. 1946 баъди ҷанг боз ба Тоҷикистон баргаштааст. С-ҳои 1956 – 68 мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ буд. М. оид ба чурраи баъди ҷарроҳӣ пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом дода, дар ин бора рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Дар ташкили филиали Ин-ти марказии гематология ва хунгузаронӣ дар ш. Душанбе саҳми арзанда дорад. Бо ташаббуси М. дар назди кафедра шӯъбаҳои осебшиносӣ ва урологӣ таъсис ёфтанд, ки баъдан ба кафедраҳои мустақил табдил дода шуданд. Муаллифи 83 китобу мақолаҳои илмист. Таълифоташ ба масъалаҳои истифодаи аллопластика дар ҷарроҳӣ ва табобати сӯхтагии сурхрӯда бахшида шудаанд. Узви Ҷамъияти ҷарроҳони Тоҷикистон (1946). Бо ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. ва ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …